Расонаҳои яманӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба минтақаҳои Санъо ва чанд инфиҷори шадид дар қисматҳои ин шаҳр хабар доданд.
Баъзе аз расонаҳо эълон карданд, ки минтақаи Аттон дар ҷанубу ғарби Санъо мавриди бомбаборон қарор гирифтааст.
Ба иттилои расонаҳои яманӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии таҷовузгари Амрико дар фазои Санъо ба таври густурда парвоз мекунанд.
Бо вуҷуди он ки бархе манобеъ эълон карданд, ки ин ҳамларо режими саҳюнистӣ анҷом додааст, радиои артиши режими саҳюнистӣ иддао кардааст, ки ин ҳамла кори онҳо нест.
То кунун гузорише дар бораи аҳдофи бомбабороншуда ва ҳаҷми хисорот ва талафоти эҳтимолӣ нашр нашудааст.
Қаблан як таҳлилгари низомии шабакаи телевизионии саҳюнистии “Кан” дар изҳороте гуфт, ки бар асоси шунидаҳо, режими Исроил барои як ҳамлаи дигар ба Яман омода мешавад.
Итай Блументал афзуд: режими Исроил ин дафъа ва баръакси дафъаҳои гузашта талош мекунад кишварҳои дигарро низ дар ҳамла ба Яман бо худ ҳамроҳ кунад. https://tajikpress.com/2024/12/22/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d1%8a%d0%be-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев