АНДАРЗ
Эй нафс,агар ба дидаи тахкик
бингари,
Дарвеши ихтиёр куни бар
тавонгари.
Эй подшохи шахр чу вактат
фаро расад,
Ту низ ба гадои махаллат
баробари.
Гар панч навбатат ба дари
каср мезананд,
Навбат ба дигаре бигзорию
бигзари.
Дунё занест ишвагару
дилситон,валек
Бо кас ба сар хаме набарад
ахди шавхари.
Охиста рав,ки бар сари бисёр
мардум аст,
Ин чирми хокро,ки ту имруз
бар сари.
Обистане,ки ин хама фарзанд
зоду кушт,
Дигар ки чашм дорад аз у
мехри модари.
Ин гули руйбастаи
кутахназарфиреб,
Дил мебарад ба голияандуда
чодаре.
Хорутро,ки халки чахон сехр аз
у баранд,
Дар чах фиканда гамзаи хубон
ба сохири.
Марди гумон мабар,ки ба
панчаасту зуру китф,
Бо нафс агар барои,донам,ки
шотири.
Бо шермардият саги иблис
сайд кард,
Эй бехунар, бимир,ки аз гурба
камтари.
Хуш дор, то наяфканадат
пайравии нафс,
Дар вартае,ки суд надорад
шиновари.
Сар дар сари хавою хавас
кардаию боз,
Дар кори охират куни андеша
сарсари.
Дунё ба дин хариданат аз
бебизоатист,
Эй бадмуомалат,ба хама хеч
мехари.
То чони маърифат накунад
зинда шахсро,
Наздики орифон хаявони
мухаккари.
Бас одами, ки дев ба зишти
гуломи уст,
В-ар сураташ намояд зеботар
аз пари.
Гар кадри худ бидони,кадрат
фузун шавад,
Некуниход бош,ки
покизапайкари.
Чандат ниёзу оз давонад ба
барру бахр,
Дарёб вакти хеш,ки дар пои
гавхари.
Пайдост,катраи,ки ба кимат
кучо расад,
Лекин чу парвариш
бувадат,донаи дури.
Гар кимиёи давлати човидат
орзуст,
Бишнос кадри хеш,ки гугирди
ахмари.
Эй мурги пойбаста ба доми
хавои нафс,
Кай бар хавои олами рухониён
пари?
Бози сапеди равзаи унси ,чи
фоида,
К-андар талаб чу болбурида
кабутари.
Чун буми бадхабар мафикан
соя бар хароб,
Дар авчи сидра куш,ки
фархунда тоири.
Он рохи дузах аст,ки иблис
меравад,
Бедор бош,то паи у рох
наспари.
Дар сухбати рафики бадомуз
хамчунон,
К-андар каманди душмани
охехта ханчари..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев