НИШОНАХОИ КИЁМАТ.
Куфр беш аз ҳад зиёд мешавад
Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки Расули.Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Қабл аз расидани фитнаҳое, ки монанди пораҳои шаби торик ҳастанд бар аъмоли солиҳ сабқат бигиред зеро, ки дар вақт ва замон ба вацти субщ муъмин аст ва ба вақти шом кофир ё ба мавқеъи шом муъмин аст ва ба вақйти субх, кофир, дини худро ба як чизи ҳақири аз дунё мефурушад.
Тавзех;: Ҳар вақте, ки фитнаҳо талиб биёянд инсонро дар анҷом додани аъмоли солих, садҳо ҳоил ва мониъ махсус мешавад ва рафтан ба роҳи дин номумкин маълум мегардад, дарчунин вақти ҳассос бақои эмон сахт дар хатар қарор мегирад. Аз ин назар Ҳодии олам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, сабқат карданро ба аъмоли нек машварат доданд,ки қабл аз расидани он мавқеъ, ба аъмоли нек машғул шавед ва эмони худро маҳфуз намоед, ки Худо нахоста дар фитнаҳо мубтало шуда аз аъмоли нек ақиб намонед.ин замони фитнаҳои бузург аст аз ҳар тараф пешвоёни гумроҳ мардумро ба сӯи худ мекашанд камтарин мисоли динфурушӣ ба ивази дунё он аст, ки дар маҳкамаи адолат,пеши қозй қасами дурӯғ хурдан ва ба дурӯғ гувоҳӣ додан, одати бисёре аз мардумон шудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев