Предыдущая публикация
Модар, ту замину осмонам боши.
Аз ҳар нафасат қасри дилам қад бикашад,
Модар ту ҳакими хонадонам боши.
Ёди ту кунам, ёди ҷаҳонам ояд,
Аз дасту дуои ту дилам осояд,
Ҳар ҷо ки равам, дуои некам бидиҳи,
Дунёи ту дунёи маро орояд.
***
Модар, ғами ту ғаби-ғаби ҷонам бошад,
Дур аз бари ту будан, гаронам бошад.
Ҳар бор, ки дур меравам аз назарат,
Он рӯзи баҳор, фасли хазонам бошад.
Модар - Модар, ту шоҳбайти асарам,
Ганҷинаи пурмаъониву тоҷи сарам.
Монанди ту меҳрубон надидам дигаре,
Овозаи ту ба рӯ олам бубарам!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев