Акнун, ки умрам аз шаст боло рафтаву пири ќомати чун алифамро хам карда, ашкҳои ҳасрату надомат биниш ва рўшноии чашмонамро заиф кардааст ва шуна- воии гўшҳоям низ коста гаштааст, дарк намудаам, ки он лаҳзаҳо,ки ҷавони 20-30-сола будам, чи ќадар лаҳзаҳои хушбахтии ман будаанд ва чи ќадар фурсатҳои хуб ва имкониятҳои ба тоату ибодат машѓул шудан, корҳоинек анҷом додан ва ба захираи фаровони савоб ноил гаштан- ро аз даст додаам. Акнун на намозамро ба таври некў ва бо ҳузури ќалбу хотири ҷамъ адо кардаметавонаму на рўза ва дигар амалҳои некро ба таври бояду шояд. Зеро ки пирию камќуввати, машѓулиятҳои зиёду норасои ва нобасомониҳои зиндагифарогирам гашта, ѓайрати ҷаво-ни ва зеҳни закиву ҳушу фаҳми тозаамро аз даст додаам. Эй кош, ҳамон ваќт инро дарк мекардам ва барои худ зиндагиеро ихтиёр мекардам, ки имрўз бўйи хуши айёми ҷавониамро ба машомам мерасонид.Хонандаи азиз! Имрўз, ки ту умри ҷавони, ќуввати бозу,фаҳму ҳуши тоза ва хотири осуда дори, биандеш ва барои худ роҳи дурусти зиндагиро ихтиёр намо, ки шодмон ва хушбахт ҳаёт ба сар бари. Бояд ту бароидигарон намунаи ибрат боши, на мисли ман лаҳзаҳои пурќимати ҳаётатро ба беҳудаги сарф намои ва дар охири умр чун ба пири бираси, бо сад афсўсу надомат ашк бирезию сариангуштон ба дандон гири ва пушти дастбигази, зеро чун гул пажмурдаву хазон гардад, оби поку мусаффо ҳам барояш нафъ надорад...Дар чавони тоати чандон накардам,вой-вой Тоати шоистаи Рахмон накардам,вой- войАмру нахйи Хак таолоро наевардам ба чой Хондаму донистаму фармон накардам,вой-войРахзани имон маро аз рохи Хак гумрох кард Пушт бо феьли бади шайтон накардам,вой-войУмрро барбод додам бе муносиб хайф-хайф Хок бози хамчу он тифлон накардам,вой- вой(( Инамо амволукум авлодакум))-ро хондам Як назар бар ояти Курьон накардам,вой-войДар пайи некон нарафтам чун саги Асхоби Кахф Чанд рузе хидмати мардон накардам,вой-войНа тавофи Каьбаву на хидмати сохибдилон Еди хашру тобеи мизон накардам,вой-войАз киему аз кууду аз рукуьу аз сучуд Як амал муставчиби аркон накардам,вой-войЕ Илохи,чурми Чомиро ба лутфи худ бубахш З-он ки ед аз тавбаву эхсон накардам,вой- вой.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев