МО ДАР ДИГАР МАВЗУХОИ ГУЗАШТА ДАР БОРАИ БЕНАМОЗОН НАВИСОНДА БУДЕМ АММО БОЗ МЕНАВИСЕМ ШОЯД БАЪДИ ХОНДАНИ ИН МАВЗУ ХУДРО ИСЛОХ КУНАНДУ БА НАМОЗХОНИ ШУРУЪ КУНАНД.БОВАР КУНЕД ДАР ЯК НАМОЗИ ЧУМЪА ДАР БАРАМ ЯК МУЙСАФЕД НАМОЗИ 4-РАКАТ СУНАТРО МЕХОНД БО ЯК АЗОБ МЕХЕСТУ МЕНИШАСТ,КИ ХУДАМРО ДАР ЧОИ ОН ТАСАВУР КАРДАМ АШК АЗ ЧАШМОНАМ ЧОРИ ШУД.НАМОЗРО ЧУНОН МЕХОНД,КИ БА ГУШАМ ТАРЗИ КИРОАТАШ РАСИД ДАР БАЪЗЕ РАКАТХО СУРАИ АЛХАМРО МЕХОНДУ ДИГАР СУРА НАМЕХОНД БА РУКУЪ МЕРАФТ,ВА ДАР БАЪЗЕИ ДИГАРАШ АЛХАМРО НАМЕХОНД ВА СУРАЕРО МЕХОНД ТАМОМ.ИН МУЙСАФЕД ТАКРИБАН 6О-7О-СОЛ УМР ДОШТ.БА ХУД ГУФТАМ ЧАРО БАЪЗЕ ЧАВОНОНИ МО ИМРУЗХО ТАНИ СИХАТУ,КУВАИ ЧИСМОНИ ДОРАНДУ БА ХОЛИКИ ХУД САЧДА НАМЕКУНАНД.БАРОДАРОНИ АЗИЗАМ БИЁЕД ВАКТИ КИМАТИ ХУДРО БЕХУДА САРФ НАКУНЕДУ БА НАМОЗХОНИ МАШГУЛ ШАВЕД.БУЗУРГОН ГУФТААНД ЯК НАМОЗИ ДАР ЧАВОНИ ХОНДААТ САВОБАШ ЧАНДИН БАРОБАР АЗ ПИРИЯТ ЗИЁДТАР АСТ,ЗЕРО ДАР ЧАВОНИ АКЛИ РАСО ВА ЧИСМИ СОЛИМ ДОРИ БО КОИДАХО НАМОЗАТРО МЕХОНИ.ДАР ПИРИ БОШАД ДАР НАМОЗ БА БИСЁР ХАТОИХО ДУЧОР МЕШАВИ АММО ИСЛОХ КАРДА НАМЕТАВОНИ ЗЕРО КУВАТИ ЧИМОНИЯТКАМ ШУДА БА РУКУЪУ САЧДА БА МУШКИЛИХО АДО МЕКУНИ.БАРОДАРИ АЗИЗАМ ШУМО МЕДОНЕД КИ ДАР ЯК РУЗ АЗ ЧАНД-КАДАР САВОБ МАХРУМ МЕШАВЕД? БАРОИ МИСОЛ БИЁЕД ТАНХО СУРАИ АЛХАМРО ХИСОБ МЕКУНЕМ,КИ ЧИКАДАР САВОБ ДОРАД.СУРАИ АЛХАМ ДОРОИ 25-КАЛИМА,ВА 130-ХАРФ ДОРАД ВА ДАР ХОНДАНИ ЯК ХАРФИ КУЪОН АЛЛОХИ МЕХРУБОН БА МО ТО 10-САВОБ ВАЪДА КАРДААСТ.АКНУН ХИСОБ МЕКУНЕМ ДАР ПАНЧ ВАКТ НАМОЗ МО СУРАИ АЛХАМРО З2-БОР МЕХОНЕМ ВА ДАР ЯКБОР ХОНДАНАШ СОХИБИ 1300-САВОБ МЕШВЕМ.ПАС ДАР ЯК РУЗ 41600-САВОБ ТАНХО БАРОИ ХОНДАНИ СУРАИ АЛХАМ МЕГИРЕМ АММО ШАХСИ БЕНАМОЗ ХЕЧ САВОБЕ НАМЕГИРАД.КАМЕ БО ХУД АНДЕША КУН БАРОИ ПУЛУ МОЛИ ДУНЁ БА ЧИ КОРХОИ ВАЗНИН КУШИШ МЕКУНЕДУ БАРОИ САВОБЕ,КИ ДАР ОХИРАТ БА ШУМО БИСЁР МУХИМАСТ НЕ 1-РУЗ, 24-СОАТ, 1440-МИНУТ, 1-НАМОЗ, 5-МИНУТ, 5-НАМОЗ, 25-МИНУТ, АЗ 1440-МИНУТ БАРОИ ТУ ВАКТЕ ПАЙДО НАШУД,КИ ИБОДАТИ ХУДО КУНИ. Барои касе махфӣ нест, ки ҷаҳонро холиқ ва офаридгорест.Холиқе, ки ману ту ва тамоми мавҷудоти гетиро офаридааст. Агар ману ту ҳастем, нафас мекашем, аз неъматҳои фаровоне, ки гирду пеши моро печонидааст ва аз ҳама муҳимтар, аз неъмати вуҷуд баҳрамандем, ҳама аз Ӯст. Оё то кунун бо худ андешидӣ, ки чӣ гуна шукри ин ҳама неъматҳоро баҷо оварӣ? Оё то кунун фикр кардӣ, ки чӣ гуна офаридгори меҳрубонро дар баробари ин ҳама неъмат сипос гӯӣ ва чӣ гуна вазифаи бандагии худро анҷом расонӣ? Пас гӯш бидеҳ, ки бароят тавзеҳ диҳам:Намоз беҳтарин василаи ибрози шукру сипос ба даргоҳи илоҳист.Намоз шукри неъматҳои бекарони илоҳӣ ва таваҷҷӯҳ ба қудрати бепоёни Ӯст.Намоз дастури Худои бузург барои инсонҳои пок ва вораста аст.Намоз наздиктарин шеваи робита бо офаридгори якто ва ҷилвае аз бандагии инсон дар пешгоҳи Ӯст.Намоз олитарин зикру ёди Худост, ки сабаби оромиши дилҳо, мояи сафои ботин ва равшании руҳу равон мегардад.Намоз инсон ва ҷомеаро аз корҳои зишт ва нописанд бозмедорад.Худованди Мутаол мефармояд:Ҳамоно намоз бар мӯъминон (фарзи) навишташудаест муқаррар ва ба ҳангом.Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:Панҷто намоз аст, ки Худои Таборак ва Таоло онҳоро бар бандагон муқаррар кардааст. Ҳар кӣ онҳоро баҷо оварад вааз рӯи сабукшумории ҳаққи онҳо, чизе аз онҳоро зойеъ накунад, барои вай дарпешгоҳи Худо чунин паймонест, ки ӯро вориди биҳишт созад. Аммо ҳар кӣ онҳоро баҷо наоварад, дар назди Худо барои ӯ ҳеҷ паймоне нест; агар бихоҳад,азоб медиҳад ва агар бихоҳад мебахшад.Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:Масали намозҳои панҷгона, масали ҷӯйбори ширин ва саршоре назди дари хонаи яке аз шуморо монад, ки ҳар рӯз панҷ бор вориди он шуда ва худро шустушӯ медиҳед. Ва ин амал ҳеҷ олудагӣ ва чиркиние боқӣ нахоҳад гузошт.Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:Ҳамоно намозҳо каффораи он чи аз гуноҳон аст, ки дар замони байни ду намоз воқеъ мешавад, албатта модоме ки аз гуноҳони кабира дурӣ шавад. Ҳар кӣ намозҳои панҷгонаро комилан ва дар вақтҳои худаш гузорад, барои вай равшанӣ ва роҳнамое дар рӯзи қиёмат хоҳад буд. Аммо касе, ки онҳоро зойеъ кунад, ҳамроҳ бо Фиръавну Ҳомон маҳшур хоҳад гардид.Дустони гироми бовари дорам аз насихатхои нависондагиям амал мекунед ва ба дигар бародарони худ мерасонед кушиши мо барои начот ёфтани халки мусалмон аз оташи дузахаст. Бародарон агар мушкил набошад (класс)ро пахш кунед то дигар дустони шумо аз ин насихатхо бо хабар шаванд.барои ман ягон класс-и Шумо даркор нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев