Ибни Муборак гуфт: неъмати ақл.Гуфт: агар набошад пас чӣ?Ибни Муборак гуфт: рафтори нек.Гуфт: агар набошад пас чӣ?Ибни Муборак: бародаре, ки ӯро машварати нек медиҳад.Гуфт: агар набошад пас чӣ?Ибни Муборак гуфт: хомушии дарозмудат.Гуфт: агар набошад чӣ?Гуфт: марги нобаҳангом.Ҳамин гуна аз ҳакиме дар бораи беҳтарини мардон пурсиданд, ки киро метавон беҳтарини мардон номид?Ҳаким гуфт: марде, ки чун бо ӯ сухан мегӯи дар шунидани суханат рафтори ҳакимона дорад.Чун агар дар ғазаб ояд ҳалимсу порсоаст.Чун агар пирӯз шавад ҷавонмарду бо муруват аст.Чун аз ӯ бахшиш бихоҳанд бузургияш бештар ҳувайдост.Чун агар ваъда диҳад дар ваъдааш ба ҳар ҳоле пойдор аст.Чун ба ӯ шикоят баранд нармдилу меҳрубон аст.Ҳамин гуна дар бораи мардони бузург гуфтаанд, ки марди бузург ҳамон аст, ки вақте ба ӯ панд гӯянд пандпазир аст.Ва гуфтаанд касе аст, ки каҷиҳои худро ислоҳ менамояд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯироҳи дуруст аст.Ва гуфтаанд касе аст, ки чун суханашро бигӯяд мекунад ва чун ваъда диҳад вафо мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев