Мо дар оила ду духтару як писар ҳастем. Падарам сардори як ширкати бонуфуз аст, модарам низ маълумоти олӣ дошта, зани коргару пулёб мебошад. Волидонам ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаанд, вале тӯли 12-соли зиндагӣ худованд ба онҳо фарзанд надодааст. Тамоми хешу ақрабо маслиҳат медиҳанд, ки ҷудо шуда оилаҳои нав барпо намоянд, аммо падарам “ман занамро дӯст медорам ва як умр бе фарзанд монем ҳам, ҳаргиз ҷавоби ӯро намедиҳам” гӯён, модарамро талоқ намедиҳад. Бобою бибиам якравии писарашонро дида розӣ мешаванд, ки ягон кӯдакро аз ятимхона ба фарзандӣ қабул кунанд. Ҳамин тавр бо такудави зиёд онҳо духтарчаи навзодеро пайдо карда, ба фарзандхонӣ қабул мекунанд ва тамоми меҳру муҳаббати худро ба ин кӯдаки ятим мебахшанд. Мӯъҷизаи худовандро бубинед, ки дар яксолагии апаам Аниса модарам ҳомиладор шуда, писар таваллуд мекунад. Волидонам соҳиби фарзанд гаштанашонро аз пою қадами неки духтархондашон дониста, ба ин кӯдак бештар меҳру муҳаббат мебанданд. Ман, ки баъди акаам ба дунё омадаам, аз кӯдакӣ мудом апаамро азизу эрка кардани падару модарам дида, девона мешудам. Бо ҳамон ақли кӯдаконаам ман ҳамеша ба апаам рашк мекардам.Падару модарам ба ҳар сеи мо бо як чашм менигаристанд ва намегузоштанд, ки аз ягон чиз танқисӣ кашем. Гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшидем, вале ҳар гоҳ падарам “духтараки асалаки ноздонаи ман” гӯён, апаамро садо кунад, мани бахил аз рашу ҳасуд дарун ба дарун оташ гирифта, гӯшҳоямро бо дасонам медоштам, то нашунаваму насӯзам. Хуллас, солҳо турнасон гузаштанд ва ману апаву акаам ба камол расидем. Муносибати бародарам бо апаам бисёр хуб буд, аммо ман ҳеҷ ӯро дӯст надоштам, ки надоштам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, рӯзе модарам иқрор шуд, ки апаамро аз ятимхона гирифта калон кардаанд. Ин гап барои мани ҳасуд дастак шуда монд, акнун сари ҳар қадам кӯшиш мекардам, ки ба мо тамоман бегона будани ӯро ёдрас намуда, ба дили апаам ханҷар занам. Дигар на номашро мегирифтам ва на апа мегуфтам, барои ман вай танҳо “сағераи бесоҳиб” Ба ҷойи апаам, агар ягон каси дигар мебуд, шояд маро зада маъюб мекард ё қаҳр карда, аз хона баромада мерафт, вале ин духтараки сарпасту боандеша ҳамеша чунин вонамуд мекард,ки гӯё суханҳои талху шӯри нешдори маро намешунавад. Ҳар қадар бештар ман ба ӯ бадӣ кунам, ҳамон андоза ӯ ба ман меҳрубонтар мегашт. Ба ҷойи он ки меҳрубониҳои апаам диламро нарм созанд, баръакс бештар девона шуда, роҳи аз ӯ интиқом гирифтанро меҷустам. Куртаҳои зебою қиматбаҳояшро бо қайчӣ мебуридам, гӯшвору ангуштарин ва дигар ороишотҳояшро қасдан шикаста мепартофтам. Падару модарам маро сарзаниш намуда ба апаам сару либос ва ороишоти нав мехариданд ва бо ин корашон ба захми дили мани бахил намак мепошиданд. Хулласи калом, апаам донишгоҳро хатм карду дари хонаамон хостгорборон гашт. Аниса духтари бамаънӣ буда, бо ягон ҷавон ишқбозӣ намекард ва интихоби домодро ба падару модарам вогузор намуд. Волидонам аз байни талабгорон ҷавони арзандаеро аз як оилаи бою бадавлат интихоб намуда, Анисаро ба шавҳар доданд. Вақте ки домодро барои шиносоӣ ба хонаамон оварданд, бо дидани номзади апаам даҳони ман воз монд. Домодшаванда ончунон зебо буд, ки одами дидагӣ ошиқи зораш мегашт. Кирми рашк акнун маро бештару бештар мехӯрд ва намедонистам чӣ тавр аз Аниса интиқом бигирам. Мехостам бо кадом роҳе, ки наошад, тӯйи ӯро вайрон кунам. Бо ҳамин мақсад худам гӯшвори бриллиантиамро пинҳон намуда, дар назди меҳмонҳо апаамро дузд гирифтам ва ҷангу ҷанҷол бардоштам. Аниса зор-зор гиря карда қасам мехӯрд, ки гӯшвори маро надидааст. Падарам оби чашми духтари эркаю азизашро дида, бори аввал ба сари ман даст бардошт ва ба бари рӯям ду шаппотӣ зада, таъкид намуд, ки агар як бори дигар ҳамин гапро такрор кунам, маро зинда ба зинда пӯст мекунад. Қаҳр карда ба хонаи бибиам рафтам. Падару модарам чанд маротиба ба сарам одам равон карда, таъкид намуданд, ки ба хубӣ ба хона баргашта, хурсандии онҳоро бо рашку ҳасади аблаҳонаам заҳролуд насозам, вале “ҳамон сағераи бесоҳиб то дафъ шуда наравад, ман ба хона намеравам” гӯён, якравӣ менамудам. Хулоса, дар тӯйи апаам иштирок накарда бошам ҳам, таърифу тавсифи базми бошукуҳи арӯсӣ ва зиндагии шоҳонаашро аз забони хешу табор шунида, нафратам нисбати Аниса даҳчанд гашт ва бо апаам тамоман қаҳрӣ шудам. Аниса чанд маротиба ба ман занг зада бошад ҳам, телефонро хомӯш мекардам. Ҳар гоҳ, ки апаву язнаам ба хонаи мо меҳмонӣ биёянд, ман дари ҳуҷраи хобамро аз дарун маҳкам карда, то рафтани онҳо аз хона намебаромадам. Ҳамин тавр аз байн се сол гузашт ва волидонам маро ба Ислом ном ҷавоне фотиҳа карданд. Номзадам мисли шавҳари Аниса бою бадавлат набошад ҳам, бачаи хубу худотарсу бамаънӣ аст ва мудом маро насиҳат мекунад, ки бо апаам оштӣ шавам. Аниса ба падару модарам гуфтааст, ки ба хотири талх нагардонидани айши ман ба тӯйи арӯсиам намеояд. Ростӣ акнун манз аз корҳои кардаам сахт пушаймонам, вале аз занг задан ба Аниса шарм медорам. Метарсам, ки агар телефон кунам ё ба хотири апаамро ба тӯйи арӯсиам даъват намудан ба хонааш равам, Аниса “ман аз рангу рӯйи ту барин хоҳар безорам” гуфта, телефонро хомӯш мекунад ё маро мисли саги дайду аз пушти дараш меронад. Сарҳисоби корамро гум кардаам, зеро то тӯйи арӯсиам рӯзҳои башумор мондаанду то ҳол чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, баъди ин қадар рашку итоб ва девонагиҳо чӣ тавр бо апаам оштӣ шавам?Мо барои бо шумо ҷангу ҷанҷол карда, пулу мол талабидан наомадаем. Сафина аз саҳар боз бедарак аст, омадем, ки пурсем, мабодо вай ба хонаи шумо наомадааст,-забон хоида гуфт мӯйсафед. Саломатхон лабашро бурма, карда ғурунгос зад: -Мирзо талоқашро дод, дигар барои чӣ ба ин ҷо меояд?! Духтаратонро дар ягон ҷойи дигар ҷустуҷӯ кунед. Кӣ медонад, шояд дилаш мард хоста, бо ягон кас ба ягон гӯшаи хилват дамгарӣ рафтааст… -Эй бева, дамата гир, ки ҳозир сари як теғат мекунам. Хоҳари ман фоҳиша нест, ки бо ҳар буққа дамгирӣ равад,-бародари калонии Сафина ба шӯр омада, хост адаби ин зани беҳаёро диҳад, вале падару додараш аз китфаш дошта, монеъ шуданд. -Ба хубӣ равед, набошад ҳозир милисаро ҷеғ мезанам,-таҳдид намуд собиқ қудояшон. -Натарсед қудо, мо барои ошу нони тӯйи шуморо хӯрдан наомадаем, -гуфт падари Сафина ва оҳи сард кашида, ҳамроҳи писаронаш аз дами дарвоза пас гашт… Дар ҷустуҷӯи Сафина Падару модар ва бародаронаш ҳама ҷойро кофта бошанд ҳам, на он рӯз ва на рӯзҳои дигар дараки Сафнаи бадбахтро наёфтанд. Замин гӯё якбора кафида, ин ҷавонзани берӯзиро ба комаш фурӯ бурда бошад, на хешу табор дар борааш чизе медонистанд, на ҳаққу ҳамсояҳо ва на одамони бегона. Танҳо як мӯйсафед гуфт, ки ҳанӯз субҳ надамида, вақти ба масҷид рафтан вай рӯймоли калон дар сар ба сӯйи роҳи калоне, ки ба шаҳр мебарад, рафтани Сафинаро дида буд. Дигар ягон кас дар борааш чизе намедонист, гӯё Сафина якбора мисли аспҳои афсонавӣ болу пар бароварда, парвоз карда ба ким-кадом мулки дури дур рафта буд. Рӯҳи ноором Аз байн се сол гузашту аз Сафина ягон дарак нашуд. Падару модари қоматхамидааш баъди гиряву нолаҳои бисёр билохира ба тақдир тан доданд ва «духтари бечораамон аз алам худашро ба дарё партофта, хӯроки моҳиҳо шудагист» гӯён, маъракаҳои мотамии Сафинаро гузаронданд. Ягона шахсе, ки лаҳзае аз фикри Сафина фориғ шуда наметавонист, ин Мирзо буд. Зиндагии ӯ бо арӯси наваш бисёр бад ва ҷонаш ба лабаш расида буд. Мавлуда «ман кор мекунаму пул меёбам» гуфта, Мирзоро баробари як саг қадр намекард. Ин зани худпараст танҳо бо орову торо додани худаш банд буд ва дасташро ба ягон кори хона намезад. Саломатхони эрка, ки дар вақташ ҷони Сафинаро ба нӯги биниаш меовард, акнун ғуломи келин гашта, рӯзи дароз худаш хар барин кор мекард. Келини таърифиаш Мавлуда бошад, театр ба театру кино ба кино гашта, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки вай зани шавҳардор аст ва бояд хизмати хушдоманашро кунад. «Комнадировка меравам» гуфта, Мавлуда ҳафтаҳои дароз гум мешуд, Мирзо намедонист, ки занаш дар куҷову бо кӣ мегардад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, қариб ҳар шаб зани якумаш Сафина ба хобаш медаромад. Хоб медид, ки Сафина дар ботлоқе дармондааст ва дастҳои пур аз ботлоқу гилашро ба сӯйи ӯ дароз карда, имдод мепурсад. Мирзо даст дароз мекард, то Сафинаро кашида барорад, аммо ботлоқ худи ӯро низ ба комаш мекашид ва аз тарси ҷон додгӯён дар обу арақ ғӯтида аз хоб бедор мешуд. Дарди дил Мирзо як саҳар ба модараш дарди дил карда гуфт:
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев