✔
Рузе ҳазрати Муҳаммад (С.А.В.) дар миёни саҳобагон нишаста суҳбат доштанд. Ногоҳ Зайд ибни Саъна, ки аз донишмандони яҳуд буд, дохили масч,ид шуда, сафҳои саҳобагонро убур карда, ба назди Расули Акрам (С.А.В.) омад. Сипас густохона домани либоси мубораки он Ҳазрат (С.А.В.)-ро гирифта ба ин тарафу он тараф кашиду фарёд баровард: Қарзи маро адо кун , эй Муҳаммад (С.А.В.)! Шумо қабилаи Бани Ҳошим дар адо кардани қарз ваъдаи дуруст надоред (яъне, ваъдахилофед). У ин суханонро дар ҳоле гуфт, ки замони ваъдаи пардохти пул пурра нашуда, то муҳлати ваъдашуда чанд рузи дигар боқи монда буд. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб, ки он ч,о ҳозир буд, хашмнок шуда, шамшерро аз ғилоф кашид ва аз Расулуллоҳ (С.А.В.) ич,озати қатли онро хост. Ҳазрати Муҳаммад (С.А.В.) ба Умар (Р.а.) гуфтанд: Мо туро ба ин даъват накардаем, ки ҳар кас гуноҳе кард, ба қувваи қаҳр мутавассил шави (яъне, қаҳру ғазабро ба кор бари). Ту мебоист ба ин кас (яҳуди) ба хуби фаҳмони, ки қарзашро муаддабона талаб намояд. Яҳуди, ки ин ҳама мулоимати ва ч,авонмардии Расулуллоҳ (С.А.В.)-ро мушоҳида мекард, чунин гуфт: Эй Муҳаммад (С.А.В.) қасам ба Худо, ки туро ба ҳақ фиристода аст. Ман наёмадам, ки аз ту қарзи худро талаб кунам, балки барои имтиҳон кардани ахлоқи ту омадаам ва ман медонам, ки ваъдаи мо ҳануз пурра нашудааст. Лекин ман тамоми авсофи писандида ва ахлоқи ҳасанаи туро дар “Таврот” хондаам. Ҳамаи онҳоро дар ахлоқу зиндагии ту дида будам, фақат як сифат носанч,ида монда буд. Ман боре тач,риба накарда будам, ки дар ҳолати ғазаб худро идора карда метавони ё не? Ҳоло бароям равшан шуд, ки дар вақти шиддати ч,аҳли ч,оҳилон ҳилм (мулоимати) ва ч,авонмардият афзуда мешавад. Мехоҳам ба ман калима арза куни то мусулмон шавам. Ҳамин тавр яҳуди мафтуни ахлоқи ҳамидаи Расулуллоҳ (С.А.В.) гашта, ба сафи мусулмонон пайваст. Паёмбар (С.А.В.) фармудаанд,ки албатта ғазаб аз шайтон аст,ва бешак шайтон аз оташ офарида шудааст, ва албатта хомушии оташ бо воситаи об адо мешавад, пас нафаре аз шуморо ғазаб омад, бояд таҳорат бикунад". (Ривояти Аҳмад ва дигарон...)
ДУСТОНИ АЗИЗ ХОҲЕД ЧУНИН ҚИССАҲО ВА ПАНДУ НАСИҲАТҲО БО МО ҲАМРОҲ ШАВЕД МАРҲАМАТ ДУСТОН... ok.ru/qisaho ok.ru/qisaho
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5