Умар (р) Се чавон дар замони хилофати Умар (р) чавонеро ба назди у оварданд ва гуфтанд: эй
Амирулмуъминин ин чавон падари моро куштааст ва мо аз ту мехохем аз у касоси моро бигири. Умар (р) ба он чавон гуфт: чаро падари онхоро кушти? чавон гуфт: ман як чародихандаи шутурон хастам, шутурам ба замини падари онхо даромада дарахтеро
хурд, падарашон бо санге шутурамро зада кушт, ман хам худи хамон сангро гирифта падарашонро задам, ки дар ин холат у хам мурд. Умар (р) гуфт: пас хаддро бар ту барпо хохем кард. чавон гуфт: маро танхо барои се руз мухлат дихед, падарам мурдааст ва
барои ману бародари хурдсолам канизе гузоштааст, агар маро бикуши хам каниз аз даст хохад рафт ва хам бародарам пас аз ман. Умар (р) гуфт: ки барои баргаштанат замонат хохад дод? чавон ба руи мардум нигохе карду гуфт: ин мард. Умар (р) гуфт: ту
эй Абузар замонати ин мардро ба душ хохи гирифт? Абузар гуфт: бале эй Амирулмуъминин. Умар (р) гуфт: эй Абузар ту уро намешиноси, агар у фирор кунад хадро бар ту хохам зад. Абузар (р) гуфт: ман зомини у мешавам эй Амирулмуъминин.
чавон аз ончо рафт, рузи аввал гузашт, рузи дуюм хам гузашт, рузи сеюм хам мегузашту мардум хама парешон дар фикри Абузар буданд, ки акнун хад бар у хохад шуд. Танхо чанд лахзае кабл аз ғуруби офтоб чавон давону нафасзанон ба назди Умар (р)
расиду гуфт: каниз ва бародари хурдамро ба тағохоям супурдаму худро ба назди ту расонидам, акнун ман зери фармонат. Умар бо тааччуб аз у пурсид: чи чизе туро водор намуд то баргарди? Фурсате буд бароят, ки фирор намои? чавон гуфт: аз он тарсидам, ки
нагуянд вафо ба ахд дар мардум намондааст. Умар (р) аз Абузар пурсид: чи гуна бар у зомин шуди? Абузар гуфт: аз он тарсидам, ки нагуянд неки дигар дар мардум намондааст. Фарзандони марди кушта шуда аз суханони онхо мутаассир шуда гуфтанд: уро
бахшидем. Умар (р) гуфт: чаро? Гуфтанд: аз он метарсем, ки нагуянд бахшиш дигар дар мардум намондааст....Валлоҳу аълам.
ДУСТОНИ АЗИЗ ХОҲЕД ЧУНИН ҚИССАҲО БО МО ҲАМРОҲ ШАВЕД ИН ША АЛЛОҲ ПУШАЙМОН НАМЕШАВЕД..МАРҲАМАТ..... ok.ru/qisaho ok.ru/qisaho
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1