Он рӯзҳое, ки мо аҳли оила аз падару модар сар карда то хешу табор ва дӯстону наздикон ҳама боҳам будем, он рӯзҳо шахсан барои МО фаромӯш нашаванда ҳастанд, чун он рӯзҳо, меҳру муҳаббате, ки боҳам доштем рафту омаде, ки дар байни мо буд ВОҚЕӢ буданд, ҳамин аст, ки то ҳол дар ёди шахсан МО боқӣ мондааст, вагарна меҳру муҳаббати имрӯза, дӯстиву рафоқате, ки имрӯз дар байни БАЪЗЕҲО, ва ҳамзамон хешу табор ва аҳли оилаҳо дида мешавад, ки якдигарро фиребу найранг карда, ва аз пушти ҳамдигар ҳамеша ҒАЙБАТ мекунанд, ва дар аҳли оилаҳо боварӣ нест, агар ингуна мебуд, он замон шояд шахсан МО имрӯз касеро дар ёд надоштем, мо намегӯем, ки ИМРӮЗ меҳру муҳаббат нест, балки мегӯем ҳаст фақат он меҳру муҳаббати ВОҚЕӢ дар вуҷуди ИНСОНҲО аст, барои ҳамин, ёде аз ГУЗАШТА...
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев