Зимистони қаҳратун ҳукмрон буд. Барф меборид, шамол бо шиддат сахт мевазид. Гӯё қаҳру ғазаби худро аз бандаҳои Худо меситонид. Сабрина бо дили ғамгину сиёҳ, гӯё аз ҳаёти ширин даст шуста бошад. Рӯи ҳавлӣ хомӯшу сархам қадам мезад.
Бобои Саттор - падари Сабрина 7 духтар дошт. Бо амри тақдир духтари калониаш бо чор тифлаки дустрӯ хонавайрон шуда, духтарони дигарӣ яке паи дигар барои арӯсӣ тайёр буданд. Аммо гӯё бахти онҳоро баста бошанд, касе барои хостгорӣ ба сӯи хонаашон қадам намегузошт. Сабрина духтари хурдии хона буд. Хушбахтона, бахт ба рӯяш механдаду рӯзе баъд аз кори саҳро ба хона баргаштанаш дар роҳ писари ҳамдеҳаашонро дида, ба ӯ дил мебандад. Хуллас, бо ризогии ҳамдигар ва падару модар ин ду ҷавони дилдода тӯй мекунанд. Зиндагии Сабрина на он қадар хуб буд, аммо ӯ аз апаҳои худ ёд оварда, ба касе сир бой намедод. Рӯзҳои сахту вазнини ҳаёт паси сар мешуд. Духтар бо амри Худо соҳиби як писарчаи дустрӯ мешавад. Зиндагӣ бо чанголи тези худ бераҳмона сару рӯи падари ҷавонро мехарошид, чанголи зиндагӣ чунон тез ва пурқувват буд, ки мард аз он ба осонӣ халос ёфта наметавонист. Рӯзе
ӯ андеша карда, ба хулосае омад, ки барои беҳбуди зиндагӣ бояд ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кунад, ҳамин гуна ҳам шуд.
Даврон барои ба Россия рафтан пул қарз карда, роҳ ҷониби Россия гирифт. Аз байн чанд моҳ гузашт, азбаски Даврон забони русиро намедонист, ӯ ҳаққи кории худро нимбаҳо мегирифт ва хеле пули ночиз ба хона равон мекард. Сабрина шукри Худо карда, як қадаре аз таънаи хусуру хушдоман дар амон буд. Рӯзе писар бо як ҷавони ҳамватани худ вомехӯрад ва бо таклифи ӯ ба заводи сментбарорӣ ба кор меравад. Кори завод барои ӯ хеле душвор буд. Писар бо машаққатҳои зиёд кор карда, аз қисмати худ гӯё розӣ буд. Рӯзе аз рӯзҳои вазнини тобистон, ки хеле кор бо суръат идома мекард, Даврон аз саҳар то бегоҳ кор карда, ниҳоят хаста мешавад ва ба рафиқаш муроҷиат карда, аз ӯ таклифи ба тамошои шаҳр баромадан мекунад. Бо амри тақдир ду рафиқи ҷонӣ бехабар аз бозиҳои тақдир ба таксӣ нишаста, ба саёҳат мебароянд. Мошин бо суръати хеле баланд, роҳ мерафт ва нохост аз сари роҳи онҳо мошини боркаш пайдо мешавад. Ронанда саросема шуда, ҷои тормуз газро зер карда, рост ба зери мошини боркаш медарояд. Баъд аз чанд лаҳза Даврони бо хун оғӯштаро аз мошин берун мекунанд. Азбаски аз сару рӯи Даврон нишонае намонда буд, ӯро касе намешинохт. Баъди як рӯз ҷасади сарди писар ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Сабрина аз тақдири бади худ зор-зор гиря мекард. Худ ба худ мегуфт, Худоё, боз ҳавлии падар, боз хонавайронӣ, боз ману кулбаи танҳоям. Сабринаро бо тифлаки хурдиаш ба ҳавлии падар оварданд. Рӯзҳо паи ҳам сипарӣ мешуд, бобои Сатторро умр ба поён расида буд, ӯ дигар мадори кор карданро надошт. Духтарони паршикаста худашон ба саҳро баромада, аз субҳ то шом кор карда рӯзгорашонро пеш мебурданд. Акнун писари Сабрина яксола шуда буд. Рӯзе аз рӯзҳои баҳорӣ ҳавои абролуд сим-сим борон меборид, духтарон бо ҳамроҳии падар нишаста, аз Худораҳматии модарашон ёд меоварданд. Ба нохост садои тақ- тақи дар баланд мешавад. Сабрина дарро кушода, дар рӯбарӯяш марди бегонаро дида, марҳамат дароед, падарам дар хона гуфта, худаш ба хонаи дарун медарояд. Баъд аз салому сӯҳбати тӯлонӣ маълум мешавад, ки ин мард хостгор будааст. Мард аз деҳаи болои қишлоқ буда, 7 фарзанд доштааст. Занаш бо ким кадом сабаб аз хона баромада рафтааст. Марди хостгор бо тамоми иззату ҳурмати инсонӣ назди мӯйсафед худро таъриф карда, аз худ сарватманди номӣ метарошид.
Падари духтар биддуни маслиҳат розигӣ медиҳад. Ҳарчанд духтарон ба падарашон мефаҳмонанд, ки шумо
он мардро намешиносед, надониста розӣ нашавед, вале падар пофишорӣ карда мегӯяд:- Ман як гап дорам, ё ҳамин мард, ё ки Сабрина аз хона баромада равад. Духтар зор- зор гиря мекард, Худоё, чаро чунин қисматро насибам гардонидӣ? Чаро дар синни ҷавонӣ ғамдору беваам намудӣ? Пас аз як ҳафта марди хостгор барои талаби духтар меояду падар, ҳатто боре розигии духтарро напурсида, ӯро бо ду куртаи кӯҳнаву бо курпаҳои пешин ба хонаи «бахт» гусел мекунад… Мошини сабукрав ба роҳ мебарояд. Сабринаро ҳама узви зебояш гиря мекард, гиряи талху ҳасрату нокомӣ, гиряи норозигӣ аз қисмати хеш. Осмони абрӣ офтобро паноҳ карда буд, офтоб дигар майли шӯълаафкандану хандидан надошт. Булбулон дигар дар шохсорон чаҳ- чаҳ намезаданд, мурғони ҳилол дигар аз лонаҳои хеш намехиромиданд. Ҳамагӣ гӯё бо сабрина ҳамроҳ шуда, ба чеҳраи маҳзуну ҳазини ӯ нигариста, ҳамроҳаш гиря мекарданд. Мошин ба деҳа наздик мешуд. Сабрина бо дили сиёҳу ноумед ҳанӯз ҳам гиря мекард. Садои
«арӯса овардан» гуфтанҳои кӯдакони деҳ Сабринаро ба худ овард. Ӯ ин садоро такрор ба такрор мешунид, мехост бо дастонаш гӯшҳои худро қулф занаду дигар ин садоро нашунавад, аммо аллакай ӯ ба хонаи «бахт»-и худ расида буд. Хешу табори домод, ҳақу-ҳамсояҳо ҳама ҷамъ гашта буданд. Ҳамагӣ бо ҳайрат ба арӯс менигаристанд.
Ҳамин, ки рӯймолро аз сари Сабрина боло карданд, дидагӣ одам ангушти ҳайрат мегазид. Ваҳ, чӣ қадар арӯси зебо, пичир-пичири одамон духтарро боз ҳам безобита мекард. Яке мегуфт: Ин духтар чаро ин марди пирро гирифт? Дигаре мегуфт: Эҳҳааа, ин духтари ҷавону зебо ин мардро ду рӯз занӣ мекунаду халос. Ҳамин тавр ҳар бинанда бо суханони сарди худ дили духтарро зиёдтар сиёҳу ғамгин менамуд.
ДАВОМАШ ДАР ИН ҸО
\/ \/ \/ \/ \/ \/
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=53638931546226
https://chat.whatsapp.com/EOeojuBvrkqKJv6GWqKV07
http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupJoin&st.groupId=53234964299890
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев