" Ту ҳазор бор пурсафотарӣ аз ман, Ту ҳазор бор дарётарӣ аз ман - "Дӯстат медорам!" Ту ҳазор бор дӯстам намедорӣ - "Ман ҳазор бор дӯстат медорам!" Агар тирам ба сар борад, туро ман дўст медорам, Агар чархам биозорад, туро ман дўст медорам. Ту яктои мани, эй гул, тасаллои мани, эй гул Агар ч,онам рамаҚ дорад, туро ман дўст медорам. Туи худ орзуи ман, камоли ч,устуч,ўи ман, Агар ишҚам ба марг орад, туро ман дўст медорам. Агар арзи ниёзи ман, хама сўзу гудози ман Ба гўши ту намефорад, туро ман дўст медорам. Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам, Гузорад ё набигзорад, туро ман дўст медорам. Қасам бар холи абрўят, Қасам бар шуълаи рўят, Қасам бар чашми хумморат, туро ман дўст медорам. Агар туро хостан иштибох аст, Агар бо ту будан иштибох аст. Агар ошики ту будан иштибох аст, Агар барои ту мурдан иштибох аст. Пас ту бехтарин ва кашангтарин иштибохи зиндагии ман хасти... Агар рузе зи умрам монда бошад, дустат дорам, Зи руям давр ру гардонда бошад, дустат дорам! Агар як лахза, як дидор, як умеди пайвастан, Хузури вопасинам хонда бошад, дустат дорам Агар суям хазонрез охирин дасти бахорамро, Барои хайрбод афшонда бошад, дустат дорам… Агар устоди дарси ишк баъди бебарорихо, Маро аз мактаби худ ронда бошад, дустат дорам Агар хамчун суруди Озарахши нотамомоханг, Мухаббатномаам нохонда бошад, дустат дорам… Meдонй ки чикадар дустат медорам......Ба андозаи чашм....Чун чашм хеле кучак аст, вале метавон бо ин чашм тамоми дунёро дид.... Пас ба андозаи хама дунё дустат медорам.... Ошиқона, содиқона дӯст медорам, Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам.
Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам! Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не, Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам. Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш, Шона карда, дона-дона дӯст медорам. Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам, Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам. Ман туро дар маҳфили руъёи шеъри худ, Бо суруду бо тарона дӯст медорам. Шуҳрат аз ҳарфи хушат илҳом мегирад, Шоират ман, шоирона дӯст медорам. Бе хуршеди чамоли ту хатто офтоби оламафруз ба ман гарми намебахшад.Чамани пур аз гул бо хама тароваташ ба машоми ман намерасад…. Менависам бар китоби чашми ту. Бо каламхои нигохи гарми хеш. Бех зи чонам дусттар дорам туро, Мефишонам пеши поят калби реш. Вакте ба чашмони зебои ту менигарам,вакте ба лабони пур аз лутфу рухсорахои пурафсунат назар мекунам,шуълаяке дар калбам фурузон мешавад ва эхсос мекунам,ки ин шуълаи ишку мухаббат аст. Ин шуълаи ишку мухаббати маро хомуш макун ва баръакс бо мухаббату мехри худ онро фурузон намо. Ту шохдухтари орзухои мани. Дуст медорам туро, то чон дорам дар бадан, Хам ба ному, хам ба чону, хам ба вичдонам к,асам. То дар ин дунё хастам интизорат мешавам, Бо хама бемехрихоят боз ёрат мешавам. Туро ман бо ҳама сӯзу навоят дӯст медорам, Туро ман бо бисоти дардҳоят дӯст медорам. Бимон бо дардҳои ишқ, то дар сина дил дорӣ, Туро ман бо дили дардошноят дӯст медорам. Ошикам гар бо мани, гар бе мани, Ошикам то он ки барноиву пок. Ошикам то хасти дар рӯи замин, Ошикам то банда берунам зи хок. Бар сарам гар санг ояд дуст медорам туро Зиндаги гар танг ояд дуст медорам туро Зиндаги сад ранч дорад ранчхои бешумор Бо хазорон ранч ояд дуст медорам туро! На ҳар кас ташнаи ҷӯи муҳаббат. На ҳар дил мешавад кӯи муҳаббат. Басо ғам дидаму пай бурдам охир, На ҳар гул мекунад бӯи муҳаббат. Бемораму орзуи дидори туро дорам.Агар хамчун табиб бар сари болини ман биёи лаззати ин бемориро бо хеч гавхаре иваз намекунам. Туро чун мавчи дарё дуст дорам, Туро чун авчи гулхо дуст дорам. Биханд эй навбахори хастии ман, Кунун хандиданатро дуст дорам. Ман хама хасти, мухаббат ва калби пур аз мехрамро ба ту бахшидам. Мехохам булбули хушилхоне бошаму дар чамани мухаббати ту сайр кунам,суруд хонам,аз тамошои чамоли афсунгари ту ба вачд оям. Кай зи дил берун кунам мехри таманнои туро, Кай зи ёди худ барорам он суханхои туро. Кай ба кадри ишки покам мераси ай бевафо, Бевафо хастиву боз хам дуст медорам туро. Оре,дустат медорам девонавор!Бо гирифтани номи зебои ту дил дар тапишу хун дар гардиш медарояд.Бо дидани чехраи мохпайкари ту,як хандаи зебандаву ширини ту, эхсоси гуворое маро фарогир мешавад , мадори рох гаштану чашмамро аз ту канданро надорам.Инкадар зебои ва ин кадар дилрабои,ки бо ин нозу ишвахоят маро куштаву зинда мегардони.Сари таъзим фуру меорам ба он модаре,ки туро ба ин дунё овардааст.Ту маънии хаёти мани. Ба хар чое равам гуям, туро ман дуст медорам Ба назди сад касон гуям, туро ман дуст медорам. Агар рузе бимирам ман, танам бар хок биспоранд, Садоям берун шавад аз хок, "туро ман дуст медорам!". Ту бо сухан магу ки маро дуст медори. Зеро манн алакай садои калби туро мешунавам ва хамеша эхсос мекунам,ки дили ту мегуяд «Дустат медорам» … Ман хам Дустат медорам азизи дилам. Дуст медорам Вакте чашмхота мебанди Ва дар огуши ишки ман Ба руи хама гамхои дунё механди. Дуст медорам Вакте эхсоси начиби дустдоштанатро Дар дарун ба даруни хохишат Пинхон мекуни Ва дар вусъати тафаккури лоилочиат Вожа месузад Мегуи «Бояд равам» Дуст медорам Вакте аз резиши обшорон аз нам-нам борон аз хандаи гули бахорон
мавчи нигохамро мечуи ва дар ин баробар мегуи «На-на ёдат накардам» Дуст медорам дуругтаро Холиё Бо ин хам фосилахо Рафтанхо то ба нокучоихо ёди ман дар туст ёди ту бо ман
Дуст медорам аммо... бояд нимачони дардро бо дасти дурият ламс кунам бо инизории ширин малхаме бандам охирин нафаси умедро бо нихояти сабр сабз кунам Зеро Садои Аллоху Акбари азон Резиши хуршед аз шар-шари осмон Намози шукронаи шабнам руи чонамози гул Даъв
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев