Баъзеҳо савол мекунанд ки оё занҳо метавонанд таровеҳ хонанд? Хондани таровеҳ барои онҳо ҷоиз ҳаст?
Оё онҳо метавонанд ҷамоат хонанд?
Ҷавоб: Хондани таровеҳ барои занону мардон ба иҷмоъ суннати муаккада ҳаст дар "дуррул-мухтор" омадааст:
(التَّرَاوِيحُ سُنَّةٌ) مُؤَكَّدَةٌ لِمُوَاظَبَةِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ (لِلرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ) إجْمَاعًا
«Таровеҳ суннати муаккада ҳаст, ба иҷмоъ барои занон ва мардон ба хотири инки хулафои рошидин (онро) бардавом анҷом додаанд»
Аллома ибни обидин дар ҳошияи худ ин ибораҳоро шарҳ дода дар поёнтар гуфтааст:
وَأَشَارَ إلَى أَنَّهُ لَا اعْتِدَادَ بِقَوْلِ الرَّوَافِضِ إنَّهَا سُنَّةُ الرِّجَالِ فَقَطْ عَلَى مَا فِي الدُّرَرِ وَالْكَافِي أَوْ أَنَّهَا لَيْسَتْ بِسُنَّةٍ أَصْلًا كَمَا هُوَ الْمَشْهُورُ عَنْهُمْ عَلَى مَا فِي حَاشِيَةِ نُوحٍ، لِأَنَّهُمْ أَهْلُ بِدْعَةٍ يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ لَا يُعَوِّلُونَ عَلَى كِتَابٍ وَلَا سُنَّةٍ، وَيُنْكِرُونَ الْأَحَادِيثَ الصَّحِيحَةَ
«Ва ишора кардааст (соҳиби дуррул-мухтор) ба инки ҳеҷ аҳмияте дода намешавад ба қавли равофиз ки (мегӯянд) таровеҳ танҳо барои мардон суннат ҳаст ҳамчуноне ки дар (китоби) дурар ва кофӣ омадааст (ва ё ҳеҷ аҳмияте дода намешавад ба қавли онҳо ки мегӯянд) таровеҳ аслан суннат нест, ҳамчуноне ки ин қавл аз равофиз машҳур ҳаст (ки мегӯянд таровеҳ суннат нест) бинобар он чизе ки дар ҳошия нуҳ омадааст, зеро рофизиҳо(шиаҳо) аҳли бидъат ҳастанд, (ки) пайрави ҳавову ҳаваси хеш гаштаанд ба қуръону суннат ҳеҷ эътимод намекунанд ва ҳадисҳои саҳеҳро инкор мекунанд» (Ҳошияи ибни обидин зери баҳси таровеҳ).
Пас бинобар ин таровеҳ чуноне ки барои мардҳо суннат ҳаст барои занҳо низ суннат ҳаст ва онро хонанд.
Аммо саволи дигар мемонад, ки оё занҳо бо ҳамдигар ҷамоат хонда метавонанд?
Ҷавоби ин савол инаст:
Ҷамоат хондани занон бо ҳамдигар назди мазҳаби мо макруҳ ҳаст, аммо агар ҷамоат кунанд намозашон ҳамроҳ бо кароҳият дуруст мешавад, вале мисли мардҳо имоми худро дар пеш намегузоранд, балки имоми худро дар байнашон қарор медиҳанд.
Дар "Канзуд-дақоиқ" омадааст:
وجماعة النّساء فإن فعلن يقف الإمام وسطهنّ
«Ва макруҳ ҳаст ҷамоат хондани занҳо пас агар ҷамоат кунанд имом дар байнашон меистад»
Дар "ихтиёр" низ чунин омадааст:
وَأَنْ يُصَلِّينَ جَمَاعَةً، فَإِنْ فَعَلْنَ وَقَفَتِ الْإِمَامُ وَسْطَهُنَّ،
«Ва макруҳ ҳаст инки занҳо бо ҷамоат хонанд пас агар ҷамоат карданд имом дар байнашон меистад» (Ал-ихтиёр литаълилил-мухтор китоби салот боби ҷамоат).
(ФАЙЗУЛЛОЕВ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев