Ҷавоб:
Дохил кардани дору ё свеча аз дубур(пушт) назди мазҳаби ҳанафӣ, шофеӣ ҳанбалӣ ва як қавле аз моликиҳо бекоркунандаи рӯза ҳаст.
Ва инчунин истифода кардани доруи манъкунандаи ҳамл(спирал) ва андохтани ангушт дар дубур низ бекоркунандаи рӯза ҳаст.
Дар сурати истифода кардани свеча ё спирал дар рӯзи рамазон бар шахси рӯзадор қазо доштани рӯзаи он рузааш воҷиб мешавад, ва далили инқавл сухани паёмбар алайҳиссалом ҳаст, ки фармудаанд:
ﺇﻧﻤﺎ ﺍﻻﻓﻄﺎﺭ ﻣﻤﺎ ﺩﺧﻞ ﻭﻟﻴﺲ ﻣﻤﺎ ﺧﺮﺝ
《Ифтор аз ончизест, ки дохил мешавад на аз он чизе ки берун мешавад》(Маҷмуаи завоид 3/170, шарҳи фатҳулқадир 2/346).
Ва далили дигар қавли ибни аббос ҳаст, ки гуфтааст:
ﺍﻟﻔﻄﺮ ﻣﻤﺎ ﺩﺧﻞ ﻭﻟﻴﺲ ﻣﻤﺎ ﺧﺮﺝ
《Ифтор аз он чизест, ки дохил мешавад на аз он чизеки берун мешавад》
(Алмаҷмуъ аз имом нававӣ 6/317).
Унчунин уламо гуфтаанд: "Дохил кардани даво аз дубур ба ихтиёри худи инсон ҳаст, ки ин ба хурдани таъом шабоҳат дорад, зеро маънои ифтор дохил кардани чизест, ки ба бадан салоҳият мебахшад, дар дохил кардани даво аз дубур ё пеш суратан ифтор ёфта мешавад ба ин хотир ботилкунандаи рӯза ҳаст".
Дар "Ал-бадоиъ" аз ҷумлаи кутуби фиқҳии мазҳаби мо омадааст:
《Ва он чизе ки ба ҷавф(шикам) ё димоғ аз ҷойҳои медаромада мисли бинӣ, гӯш ва дубур дохил шавад (ё) ба ин тариқа ки чизеро дар гушаш ё димоғаш дохил кунад ё чаконад рӯзааш ботил мешавад..》(Ал-бадоиъ 2/93).
Дохил кардани чизе давогиҳо аз қубул(пеш) низ бекор кунандаи рӯза ҳаст барои касе ки дар рӯзи рамазон чунин чизҳоро истифода кунад қазо доштани рӯза воҷиб мегардад.
(ФАЙЗУЛЛОЕВ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев