Предыдущая публикация
Кас нест, ки пинҳон назаре бо ту надорад, Ман низ бар онам, ки ҳама халқ бар онанд. Аҳли назаронанд, ки чашме ба иродат Бо рӯи ту доранду дигар бебасаронанд. Ҳар кас ғами дин дораду ҳар кас ғами дунё, Баъд аз ғами рӯят ғами беҳудахӯронанд. Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи хумхона ба дарвеш, К-онҳо, ки бимурданд, гили кӯзагаронанд. Чашме, ки ҷамоли ту надидаст, чӣ дидаст? Афсӯс бар инон, ки ба ғафлат гузаронанд. То рои куҷо дорию парвои кӣ дорӣ, К-аз ҳар тарафат тоифае мунтазиронанд. Инон, ки ба дидори ту дар рақс меоянд, Чун меравӣ, андар талабат ҷомадаронанд. Саъдӣ, ба ҷафо тарки муҳаббат натавон гуфт, Бар дар бинишинам, агар аз хона биронанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев