Бар пояи ривоятҳои собитшуда рӯҳҳо дар давраи ҳаёти барзах – пас аз муфорақат аз бадан ба ҳангоми марг зинда ва то рӯзи қиёмат дар ҳолати хоссе ба сар мебаранд ва назди ҷумҳури уламо манзур аз чашидани тамоми нафси зинда таъми маргро дар дунё ва ҳалоки ҳама чиз пеш аз барпо шудани қиёмат, ки дар оятҳое аз Қуръон (Оли Имрон, 3: 185; Анбиё, 21: 35; Анкабут, 29: 57) омада, ҳамин муфорақати он аз бадан аст, на таҳаллули зот ва аз байн рафтани асл, он гуна ки барои бадан пеш меояд. Вале дар бораи олами арвоҳ ва маъвои ҷонҳо пас аз муфорақат аз баданҳо ба сабаби вуруди ривоёт ва осори мухталиф ақволи гуногуне аз сӯи уламо ва коршиносони соҳа гуфта шудааст. Ба таври хулоса, метавон гуфт, ки маъвои умумии арвоҳи тамоми муъминон бо вуҷуди тафовутҳое дар байнашон Аъло Иллиййин1 ва ҷаннат аст, аммо рӯҳи баъзе мурдагони муъмин бо сабабҳое бар дари ҷаннат, рӯҳи баъзе дар канораҳои замин ва рӯҳи баъзе дигар дар қабри соҳибаш ва атрофи он боздошта мешаванд, арвоҳи одамони зинокор дар таннури зониён ва арвоҳи рибохорон дар наҳре аз хун маҳбус мегарданд ва дар он то рӯзи қиёмат шино мекунанд (Саҳеҳи Бухорӣ, 1386, 7047).
Ҷои рӯҳи пок Иллиййин бувад,
Кирм бошад, к-еш ватан саргин бувад.
Баҳри махмури Худо ҷоми таҳур.
Баҳри ин мурғони кӯр ин оби шӯр.
(Мавлоно. Маснавӣ, дафтари панҷум)
Арвоҳи паёмбарон бо тафовуте дар байнашон дар Малаи Аъло2 дар баландтарин мақоми Иллиййин ҷой дода шудаанд, арвоҳи баъзе шаҳидони роҳи ҳақ дар шикам (сина)-и парандагони сабзе дар боғҳо ва наҳрҳои ҷаннат сайр мекунанд ва ба сӯи қандилҳое дар сояи Арш маъво мегиранд. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки расули Худо (с) фармуд: «Ҳангоме бародаронатон дар (ҷанги) Уҳуд ба шаҳодат расиданд, Худо арвоҳи эшонро дар шиками парандагони сабзе ҷой дод, ки ба наҳрҳои ҷаннат ворид мешаванд, аз меваҳои он мехӯранд ва ба сӯи қандилҳои зарине овезон бар сояи Арш маъво мегиранд...» (Сунани Абудовуд, 2522).
Арвоҳи муъминони пок бар шохсори дарахтони биҳишт ошён мегиранд (Сунани Ибни Моҷа, 1449, 4271; Муснади имом Аҳмад, 15816, 15825) ва рӯҳҳои муъминон ва он шаҳидоне, ки бар зиммашон қарзе боқӣ монда, бар дари ҷаннат боздошта мешаванд. Аз Саъд ибни Атвал ривоят шуда, ки гуфт: Бародарам вафот кард ва аз худ сесад динор ва дар ривояте: дирҳам ва аёле ва дар ривояте: фарзандони хурде низ бар ҷой гузошт, хостам онҳоро бар аёлаш инфоқ кунам, ки расули Худо (с) фармуд: «Бародарат дар ивази қарзаш маҳбус аст ва дар ривояте: Ҳамроҳатон бар дари ҷаннат маҳбус аст, бирав ва қарзи ӯро адо намо! Рафтам ва қарзашро аз ҷониби вай адо кардам, он гоҳ омадам (ва) гуфтам: Эй расули Худо, (қарзашро) аз ҷонибаш адо кардам ва боқӣ намонд, магар зане, ки ду динор даъво кард ва баййина – хуҷҷат ва санаде (бо худ) надошт. Фармуд: Онҳоро ба вай бидеҳ, ки ӯ ҳақ аст ва дар ривояте: ростгӯй аст» (Сунани Ибни Моҷа, 2433; Муснади имом Аҳмад, 17359 (17227, 20336 (20076).
Тавзеҳот:
1 Иллиййун/иллиййин ар. /عِلَّـيُّون عِلِّـيِّين, (с.) 1. баландиҳо, (и.) 2. маҷозан биҳишт ё табақаи болоиии он, болотарин дараҷот ва манозили биҳиштӣ; маҷозан олами боло, ки ҷойгоҳи арвоҳи пок ва фариштагони муқарраб аст; аъло иллиййин – садр ва болотарин мақоми иллиййин.
2 Малаи аъло ар. مـلأ اعـلـي, (дин.) аз калимаи малаъ – ҷамъ, анбӯҳ, гурӯҳи бошандагон, маҳфил, муқобили халаъ ва аъло – боло, бартар таркиб ёфта, ба маънои бошандагони олами боло, ҷамъи боло, фариштагон ва сокинони осмон; маҷозан олами боло, осмониён ва онҳо, ки Худо Худ донад.
--------------- https://ok.ru/group/56808396619836
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев