Касе қавмгароӣ мекунад, аз мо нест, касе барои қавмгароӣ ҷанг мекунад, аз мо нест, касе барои қавмгароӣ мемирад, аз мо нест (Муслим, Имора 53,57/ 1850; Абудовуд, 121; Ибни Моҷа 3948; Насоӣ, Таҳрим 27, 28).
Дар ҳадисе, ки зикр кардем, ибораи «аз мо нест», маънои онро дорад, ки рафтори қавмгароӣ дар сафе, ки мо рост истодаем, вуҷуд надорад. Ва ба маънои дигар, ин ҳушдордиҳӣ аст, ки қавмгароӣ накунед. Ба маънои ҳадисе, ки; «Касе моро фиреб мекунад, аз мо нест». Баъзан фурушандаҳо моли пусидаро пинҳон ба муштариён савдо мекунад ва ҳадиси мазкур ҳушдор медиҳад, ки аз чунин амалҳо худдорӣ бояд кард.
Қавмгароӣ рафтори ҳаром аст ва дар ин шубҳа нест, аммо душманони Ватану миллат қавмгароиро чунон васфе мекунанд, ки мардум фирефтаи он мегардад. Ҳол он, ки сабаби паҳн кардани қавмгароӣ, ин пароканда сохтани Ватану миллат аст.
Албатта, ки дӯстдории қавм дигар асту, қавмгароӣ дигар, яъне мафҳум ва амалҳои гуногунро соҳибанд.
Қавмгароӣ, дигар мусалмонҳоро паст дидан ва шахси бетақворо аз шахси тақводоро боло дидан аст. Бешубҳа, ҳар як нафар хешу таборашро дӯст медорад ва ба онҳо накӯӣ мекунад. Қавмашро насиҳат мекунад ва агар қавмаш дар роҳи нодуруст бошад, онҳоро насиҳат мекунад ва барои беҳтар шуданашон дуо ва кушиш мекунад. Инро қавмгароӣ намехонанд, балки дӯстдории қавм мегӯянд.
Ислом қавмро рад намекунад, балки қавмгароиро манъ мекунад. Қуръони карим ба мо дар бораи қабилаҳо ҳам суҳбат мекунад ва ҳам дар бораи ҷинсиятҳо. Мо на қавмро инкор мекунем ва на ҷинсиятҳоро.
Дар назди Аллоҳ шарафтарин ҳамонест, ки дар тақво бартарӣ дорад. Араб аз аҷам бартарие надорад ва аҷам низ аз араб бартарие надорад. Сиёҳпуст аз сафедпуст бартарие надорад ва сафедпуст ҳам аз сиёҳпуст. Бартарӣ танҳо дар тақво аст (Ҷамъул фавоид, 1/150, рақами ҳадис 3632)
Худованди мутаъол (ҷ.ҷ) ҳамаи одамонро аз ҳазрати Одам (а.с.) офаридааст. Пас, касе бо рангу забону қавмаш аз дигаре воло нест. Аллоҳ таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи «Ҳуҷурат» ояти 13 фармудааст;
- يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّـهِ أَتْقَاكُمْ ۚ إِنَّ اللَّـهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ
- Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст!
Дӯстдории қавм дар сурате қобили қабул аст, ки ба дигар қавму миллат душманӣ накардан аст. Дар ин сурат метавон қавматро дӯст дорӣ, ба онҳо меҳру муҳаббату шафқат парвариш бикунӣ, дар масъалаҳои моддию маънавии қавмат хизматҳо анҷом бидиҳӣ. Ин ҳама рафтори фитрии инсоният аст ва раво мебошад.
Худованди мутаъол (ҷ.ҷ) дар сураи «Шуъаро» ояти
وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ ﴿٢١٤﴾وَاخْفِضْ جَنَاحَكَ لِمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ ﴿٢١٥﴾ فَإِنْ عَصَوْكَ فَقُلْ إِنِّي بَرِيءٌ مِّمَّا تَعْمَلُونَ
- Хешовандони наздикатро битарсон.
- Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош!
- Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!»
Калимаи «миллат» дар Қуръони карим
Худованди мутаъол (ҷ.ҷ) дар сураи «Бақара» оятҳои 130 -135 фармудааст:
وَمَن يَرْغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبْرَاهِيمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفْسَهُ ۚ وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ
- Чӣ касе аз дини Иброҳим рӯй барметобад, ҷуз он ки худро бехирад сохта бошад? Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯ дар охират низ аз шоистагон аст.
Манзури миллати Иброҳим (а.с.) маънои мусбатро дорад ва дар ҷойи дигар калимаи «миллат» маънои манфиро додаст, барои намуна, ояти 37 сураи «Юсуф»;
- إِنِّي تَرَكْتُ مِلَّةَ قَوْمٍ لَّا يُؤْمِنُونَ بِاللَّـهِ وَهُم بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ
- Ман дини миллатеро, ки ба Худои якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.
Мо, низ миллатамонро чунон тамсил бояд бикунем, ки дигар қавму миллатҳо моро чун намунаи ибрат шиносанд.
Қавмгароиҳои Ҳитлеру Муссолинӣ сабаби марги миллионҳо одамон шуданд. Барои фоҷеа будани қавмгароӣ донистани таърихи Ҳитлеру Муссолинӣ хело басанда аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев