Предыдущая публикация
Мегӯянд рӯзе ҳамсари Расули Акрам (с) Оиша (р) канизаке харид кард. Ҳамин вақт ҳазрати Ҷабраил (а) поён шуд ва ба Паёмбар (с) гуфт:
- Ё Муҳаммад (с) ин канизакро аз хонаи худ дур кун, зеро вай аз аҳли дӯзахиён аст.
Ҳазрати Оиша (р) ба ӯ миқдоре хурмо доданду озодаш карданд.
Зан рафт. Дар роҳ ӯ ниме аз хурмои худро хурд ва боқимондаашро ба як ночоре дод.
Он дам ҳазрати Ҷабраил (а) боз поён шуда гуфт:
- Ё Муҳаммад (с) Худованд амр мекунад, ки он занро баргардон. Парвардигор босабаби он, ки вай ниме аз хурмои худро хайр кард аз азоби ҷаҳаннам озодаш намуд.
Таҳиягар: Озод Ҳодизода
Манбаъ: IslamDag.ru #Андарз
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев