Мард барои ҳалли ин масъала назди духтур рафта, мақсадашро иброз кард.
Духтур гуфт:
- Аввал бояд муайян кард, ки шунавоии зан то чи андоза паст аст, то ба ҳамон андоза гӯшӣ фармоиш диҳад. Бинобар ин, духтур ба мард маслиҳат дод: Ҳамин, ки ба хонаат рафтӣ, нахуст дар масофаи чаҳор метр дуртар аз занат ягон сухан бигӯ, агар нашунид, боз як метр наздик шуда, суханатро такрор кун. Ҳамин тариқ, то суханатро шуниданаш ба ӯ наздик шудан гир.
Мард шом дар хона нишаста буд, ва дид, ки занаш дар ошхона банди кор аст. Мард бо худ гуфт: Масофаамон чаҳор метр аст ва ин фурсати хубест барои иҷрои маслиҳати духтур.
Ҳамин тариқ, мард бо садои маъмулӣ гуфт:
-Занакҷон, барои шом чи пухтӣ? Аммо чизе нашунид. Боз як метр наздик шуда, суханашро такрор кард. Боз чизе нашунид. Бори сеюм наздик шуда суолашро такрор кард ва бозҳам чизе нашунид. Ин дафъа тамоман ба занаш наздик шуда, дар бехи гӯшаш гуфт:
-Занак, барои шом чи пухтӣ?
Зан дар ҷавоб гуфт:
- Магар кар шудаӣ? Бори чорум аст, ки мегӯям, шӯрбои мурғ пухтаам, фаҳмидӣ, шӯрбои мууууурғ!?
-------------------
Одамон барои ин ки худ қазоват нашаванд, дар қазовати дигарон саросема мешаванд.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев