Саодат ва хушбахтӣ дар замон ва макон нест, лекин дар имон аст, дар тоати Аллоҳ ва дар дил. Дил маҳалли назаргоҳи ҳақсубҳонаҳу ва таоло мебошад. Пас вақте якин дар ӯ ҷойгир гардад, саодат пайдо мегардад ва бар рӯҳу нафс роҳат ва кушодагӣ пайдо мегардад. Аҳмад ибн Ҳанбал хушбахтона зиндагонӣ кард. Ҳоло ин, ки либоси сафеди дарбеҳдор мепӯшид, бо дастони худ медӯхтанд ва се хонаи хурди аз лой сохта дошт. Хӯрданиаш як пора нон бо каме равган ва як пояфзоле дошт, ки ҳафтдаҳ сол дарбеҳ карда мепӯшид. Дар як моҳ боре гӯшт мехӯрд ва аксари рӯзҳо рӯза буд ва дунёро давр мезад, дар талаби ҳадис. Бо вуҷуди ин ҳам саодату роҳат ва оромии дилу нафсро дарёфт. Зеро қадами устувор дошт ва медонист баргашташонро, талаби савоб дошт, саъй аз барои аҷр мекард, амал мекард барои охират, рагбат ба ҷаннат дошт. Аммо дар замони имом халифаҳое, ки дунёро ҳукмронӣ карданд Маъмун, Восиқ, Муътасим, Мутаваккил буданд. Онҳо ҳамаи дорои дунё буданд. Қасрҳо, ҳавлиҳои боҳашамат, тиллову нуқра, канизу гулом, лашкари зиёд ҳама азони онҳо буд. Хуллас, он чӣ иштиҳо мекарданд, муҳайё буд. Бо вуҷуди ин ҳам зиндагониашон талх буд. Ҳаёти онҳо бо ғаму андӯҳ бигзашт, дар ҷанг ғорат сипарӣ шуд, ки ҳатто баъзеашон дар ҳолати назъи ҷон аз он чӣ гузашт ва аз исёнҳо бар Аллоҳ афсӯс хӯрд. Ибн Таймия на аҳл дошт, на хона, на оила ва на молу мансаб Ғурфае доштанд ба кунҷи ҷоми Бани Умайя. Ду либос доштанд ва фақат боре инашро мепӯшид, боре дигарашро. Баъзе вақтҳо дар масҷид мехобид. Валекин чуноне худ мегӯяд, ҷаннаташ дар дилаш буд, куштанашон шаҳодат, ҳабсэш хилват ва баровардан аз шаҳраш саёҳат меҳисобид. Зеро дарахти имон бо решааш дар дили эшон ҷой гирифта буд.
Абӯзар (р) дар чарогоҳе хайма зад ва зану фарзандонашро он ҷо овард. Ва аксари рӯзҳо рӯза буд, зикр мекард Худоро, тасбеҳ мегуфт, холиқро ибодат мекард, тиловат мекард. Ва дунёие надошт, фақат қитъае аз гӯсфанд, хайма ва асое. Бо вуҷуди ин ҳам хушҳол буд ва хотирҷамъу хушбахтиро ҳис мекард
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев