Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Балки Аллоҳ миннат мекунад аз барои шумоён, ки ҳидоят кард ба имон".
(сураи Хуҷурот, ояти 17)
Неъмати бузурге, ки ҳеҷ кас қадри онро дарк намекунад, магар одамони зирзку доно. Ин назарест, ки чашми ибрати мусулмонзода бояд нисбат ба кофирзода бошад. Ба дурустӣ, ки Худованд туро мусулмон ва мусулмонзода офарид. Туро ба роҳи имон роҳнамоӣ намуд. Ин меҳрубонии Худованд аст, ки бар ту кофир буданро раво надид, кофире, ки парвардигории Худовандро инкор мекунад. Кофире, ки сифатҳои Худоро мункир шуд, душманӣ кард ба Холиқе ки варо халқ кардааст, душманӣ карда ба Розиқе ки варо ризқдодааст. Кофире, ки пайғамбарону китобҳои Аллоҳро рад кард ва ғарқи исёну гуноҳ шуд.
Пас бояд бияндешӣ, ки Худованд туро аз ин гуна тақдир нигоҳ дошт, туро мусулмон ва муваҳҳид офарид.
Ту хушбахтӣ дар ҳузури Худованд ва бандагони Ӯ, ки ба Аллоҳ, ба паёмбарону китобҳои осмонии Ӯ имон овардӣ, тамоми фарзҳоро бо камбудӣ бошад ҳам, ба ҷой меоварӣ. Пасхуди ин бузургтарин неъмат аст, ки инро ҳисоб карда намешавад, бо мол харида намешавад.
Тавре ОллоҳАзза ва Ҷалла мефармояд:
"Оё пас касе бошад мӯъмин монандаст касе ҳаст, ки фосиқ бошад, баробар нестанд онон "
(сураи Саҷдаҳ, ояти 18)
Ҳатто баъзе муфассирин зикр кардаанд, ки яке аз неъмати ҷаннатиён ин аст, ки ба ҳоли дузахиён нигоҳ карда, шукр аз мусалмон будани худ мекунанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев