Накди чонро сарфи як дидор хохам карду рафт.
Баски гирям дар фирокат хамчу абри навбахор,
Водии хичрон гулу гулзор хохам карду рафт.
Наштаре дорам нихон дар синаи хар нолае,
Бас дили ахли ситам афгор хохам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину ахли кибла ин,
Риштаи тасбехро зуннор хохам карду рафт.
Мезанам лофи аналхак бар сари бозори ишк,
Тоза Мансуре дигар бар дор хохам карду рафт.
Чанд рузе гар дихад фурсат маро пайки ачал,
Фикр бар холи дили бемор хохам карду рафт.
Богбон,биншин дар ин гулшан ба коми дил,ки ман,
Хамчу булбул нолахои зор хохам карду рафт.
Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,
Дарди дил арзон дар ин бозор хохам карду рафт.
Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишк,
Сар чу Мачнун дар сари ин кор хохам карду рафт.
То кунам холи диле равшан зи чашми ашкрез,
Вакти рафтан гиряи бисёр хохам карду рафт.
Чун ба осони намегардад муяссар коми дил,
Махфиё,бас тарки ин душвор хохам карду рафт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев