Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ ва машқу тамрин фаро гирифтани наврасону ҷавонон дар баробари бунёди муассисаҳои таълимӣ маҷмааҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои мухталифи варзишӣ бунёд мегардад.
Дар ноҳия ҳоло як маҷмааи варзишӣ, як мактаби варзишӣ, 100 майдончаҳои варзишӣ, 29 толорҳои варзишӣ, як майдони варзишии дорои 10 000 ҷои нишаст, як майдони варзишии дорои 2500 ҷои нишаст, як майдони варзишӣ дорои 1000 ҷои нишаст ва 8 майдони футболи хурд фаъолият мекунад.
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Бобоев Ислом дар деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез майдони варзишӣ барои бозиҳои футбол ва волейбол бо 500 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур дар рушди варзиши маҳал, кашфи варзишгарони касбӣ ва махсусан солимгардонии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2