Убайдуллоҳ ибни Аббос амакзодаи
Паёмбари Худо (с) дар сафаре ҳамроҳи
ғуломи худ баромада буд. Дар роҳи
биёбон ба чашмашон хонаи аъробие
афтод ва Убайдуллоҳ ба ғуломаш
фармуд то рафта меҳмони онҳо шаванд ва шабро он ҷо гузаронанд.
Убайдуллоҳ, ки шахси хушманзар буд
аъробӣ онҳоро бо хушӣ пазируфт ва
икром намуд.
Пас аз қабули меҳмонон аъробӣ назди
ҳамсараш рафта пурсид: Оё зиёфате барои меҳмонон дорӣ?
Ҳамсари аъробӣ гуфт: На, ғайр аз ин
чорвои хурд, ки ҳаёти духтарат аз шири
он вобаста аст.
Аъробӣ гуфт: Ҳатман онро барои
меҳмонон забҳ мекунем. Ҳамсараш гуфт: Бо ин роҳ мехоҳӣ
духтаракатро бикушӣ? Аъробӣ шеъре
суруда, ки маънояш чунин аст, гуфт:
«Эй ҳамсарам! Духутаракмро бедор
накун, ки агар бедор шавад, зор зор
мегиряд ва дилам месӯзад ва сабаб мешавад, ки кордро як тараф гузошта
аз куштани ин ҳайвон даст кашам»
Ҳар чи бошад, бояд кард ва кордро
гирифта, онро забҳ намуд ва назди
онҳо гузошт. Убайдуллоҳ ҳамаи
гуфтугӯи аъробӣ бо ҳамсарашро шунид ва ҳангоме, ки субҳ дамид, Убайдуллоҳ
ба ғуломи худ гуфт: Бо худ ягон миқдор
пул доред? Гуфт: Бале, панҷсад динор аз
нафақаамон зиёдатӣ мондааст.
Убайдуллоҳ гуфт: ҳамаи онро ба
аъробӣ бидеҳ. ғуломаш гуфт: Субҳоналлоҳ, оё панҷсад динор ба ӯ
медиҳед, дар ҳоле ки ӯ чорвое забҳ
намуд, ки панҷ динор арзиш дошт.
Убайдуллоҳ гуфт: вой бар ту бод! ӯ аз
мо дида саховатпешаву карим аст. Мо
як каме аз моли худро ба ӯ дода истодаем ва ҳол он ки ӯ ҳамаи
дороияшро ба мо бахшид ва ҳаёти
фарзандашро барои мо шуда дар хатар
андохт. Чун ин сухан ба гуши Муъовия
(р) расид гуфт: Офарин бар Убайдуллоҳ,
аз чӣ пушти нек ва аз чӣ модари хубе зода шудааст[1]!. https://youtu.be/rx9x2Sa-CvU
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев