Ки бар ҳар шохи ӯ бахт асту тахт аст.
Агар хохӣ, ки он ҷо ту нишинй,
Зи файзи ин ҳақиқат мева чинӣ.
Авал бояд, ки бишносӣ Худоро,
Ба ҷо орӣ ту қавли Мустафоро.
Ду чашми ғафлататро мекушояд.
Ба сӯи Ҳак туро раҳ менамояд.
Ҳақиқат мебарад касро ба боло.
Ба сӯи даргаҳи Эзид Таъоло.
Зи файзи ӯ дилат масрур гардад.
Каломат дар даҳан чун нур гардад.
Ҳақиқат ақлу ҳушат мефазояд.
Ба роҳи рост роҳат менамояд.
Ҷавонмардо, ҳақиқат кун ту пеша.
Ба роҳи ростон мерав ҳамеша.
Биёбӣ аз ҳақиқат обу рӯе.
Ба покӣ мешавӣ чун оби ҷӯе.
Ҳақиқат аз ҷаҳолат дӯр дорад,
Ба зери пардааш он нӯр дорад.
Зи шӯру фитнаи охирзамонӣ,
Ҳақиқат мераҳонад, эй фалонӣ.
Ҳақиқат, эй бародар, покбозист,
Ҳақиқат, эй бародар, дилнавозист.
Хакикат, эй бародар, ростгӯист.
Ҳақиқат, эй бародар, ростҷӯист.
Касе гӯяд маро. эй шайхи фонӣ,
Чи бояд кард дар вакти ҷавонӣ?
Ҳамегуям ба ӯ, эй дӯсти ҷонӣ'
Хакикатро биҷӯ, гар метавонӣ...»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев