Меҳри худро то абад дар ҷисму ҷонам мекунӣ.
Рӯзаи моҳи шарифат додаӣ шодам аз он,
Файзи ин моҳи мунират бар ҷаҳонам мекунӣ.
Рӯзадориҳо бароям ифтихор асту шараф,
Бандаи дилбастаам бар ҳақ равонам мекунӣ.
Ҳар баду неки ҷаҳонро дидаам ман борҳо,
Дар миёни неку бадҳо имтиҳонам мекунӣ.
Эй аҷаб, моҳи мунират баҳри мо бошад азиз,
Ҳар шаби ифтор доим меҳмонам мекунӣ.
Рӯзадорӣ фарз гуфто Мусҳафат бар бандагон,
Доштам рӯза ҳамоно шодмонам мекунӣ.
Шукри Оллоҳ рӯзадориро намудам пешае,
Қуввате дода ба ҷисмам дар амонам мекунӣ.
Аъзамат ҳар дам риёзат мекашад аз баҳри ту,
Бар умеди он ки бар некӣ равонам мекунӣ
https://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=55664054566937&_prevCmd=altGroupMovieComments&tkn=5407 АСАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДӮСТОНИ АЗИЗ ХУШ ОМАДЕН БА ГУРУХИ ✒📖ПАНДУ АНДАРЗХО📇📚ВА🎬🎞ВИДЕОНАВОРХОИ ПАНДОМЕЗ🎥📹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев