Дар байни эшонҳои ҷумҳурӣ эшонҳои Арзунки водии Вахё низ мавқеъ ва мартабаи хоси худро доранд. Онҳо низ ба мисли эшонҳо ва саидҳои дигар дар ин боваранд, ки аҷдодашон аз хотамул анбиё, Муҳаммад Пайғамбар (с) оғоз мегирад. Дар хусуси кай ва чӣ гуна дар деҳаи Арзунки водии Вахё маскун шудани эшонҳо мо аз писари калонии эшони домулло Халифа - яке аз рӯҳониёни маъруфи муосири ин водӣ шодравон эшони домулло Нурмуҳаммад маълумоти зеринро гирифтем.
Тахминан 200 сол пеш дар вулусволии Баҳораки Бадахшони Афғонистон се бародар аз аҳли эшонҳо бо номҳои эшони домулло Нурмуҳаммад, эшони домулло Шомуҳаммад ва эшони домулло Назармуҳаммад зиндагӣ мекардаанд. Ин ҳар се дар баробари саидзода будан инчунин аз дини мубини ислом хеле хуб бархурдор буданд ва дар таблиғи ин дини осмонӣ саҳми арзанда мегузоштанд. Боре эшони Нурмуҳаммад аз дарёи Панҷ убур намуда ба назди шоҳи Дарвоз, ки он замонҳо ҳанӯз мулки мустақил ба ҳисоб рафта водии Вахё марбути он будааст, меояд ва омодагии хешро барои таблиғи дини мубини ислом дар қаламрави ин водӣ изҳор медорад. Шоҳи Дарвоз ӯро ба водии Вахё мефиристад.
Зеро Миршодӣ ном як сокини деҳаи Арзунки Вахё чанде пештар аз шоҳи Дарвоз хоҳиш карда будааст, ки ба деҳаи онҳо ба хотири таблиғи дини мубини ислом олимеро бифиристад. Деҳаи Арзунк яке аз қаряҳое мебошад, ки дар доманаи баландтарини кӯҳи минтақа, қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки дар гузашта бо номи қуллаи Сталин, баъд Коммунизм (баландиаш 7495 метр аз сатҳи баҳр) машҳур буд, мавқеъ гирифтааст. Эшони домулло Нурмуҳаммад дар ҳамин ҷо издивоҷ намуда барои такмили дониши худ ба Бухоро сафар мекунад. Баъди хатми яке аз мадрасаҳои Бухорои шариф ба Арзунк бармегардад ва ба таблиғу тадриси дини мубини ислом машғул мешавад.
Баъди марги эшони домулло Нурмуҳаммад се фарзандаш давомдиҳандаи кори ӯ мегарданд. Инҳо эшони домулло Қосим, эшони домулло Салоҳ ва эшони домулло Қурбони Валӣ мебошанд. Аз эшони домулло Қосим эшони Раҳматуллоҳ ба дунё меояд, ки дар навбати худ соҳиби 18 фарзанд (тибқи маълумоти дигар 36 фарзанд, 18 писар ва 18 духтар) мегардад. Аз эшони домулло Салоҳ низ фарзандони зиёде ба дунё омаданд, ки авлоди онҳо то ба имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд. Эшони домулло Қурбони Валӣ фарзанд надоштааст. Дар байни эшонҳо ва умуман уламои водии Вахё эшони домулло Қурбони Валӣ машҳуртарини онҳо ба шумор меравад. Дар бораи ӯ дар байни мардуми ин диёр қиссаву ривоятҳои зиёде аз даҳон ба даҳон то ба имрӯз омада расидааст.
ЭШОНИ ДОМУЛЛО ҚУРБОНИ ВАЛӢ
Тибқи ин ривоятҳо, эшони домулло Қурбони Валӣ аз синни хурдсолӣ соҳиби зеҳн ва завқи баланд буда-аст. Маълумоти ибтидоиро аз қиблагоҳи хеш эшони домулло Нурмуҳаммад гирифта, сипас барои идомаи таҳсилба Ҳиндустон сафар мекунад. Дар он замон, яъне дар асрҳои 17-18, бархе аз шаҳрҳои Ҳиндустон, ки феълан дар ҳудуди Покистони имрӯза ҳастанд, ба маркази таълими улуми исломӣ табдил ёфта буданд. Уламои зиёде ҳатто аз Осиёи Марказӣ, аз Бухорову Самарқанд, водии Фарғона барои такмили донишҳои худ ба ин шаҳрҳо сафар мекарданд.
Соли 2008 дар суҳбат бо нависандаи ин сатрҳо Мулло Ҳоҷӣ Ҳурматуллоҳи Неъматуллоҳ, ки 83 сол дошт, гуфт, ки аз калонсолҳои Вахё дар овони ҷавониаш шунида будааст, ки эшони домулло Қурбони Валӣ муриди Аҳмади Сарҳиндӣ, муаллифи китоби "Соҳиби мактуботи Имом Раббонӣ" мебошад. Тибқи гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳурматуллоҳ эшони домулло Қурбони Валӣ дар мадрасаи ҳамин олим дар Сарҳинди Ҳиндустон таҳсил на-муда будааст.
Рости гап, ин маълумот моро водор сохт, ки дар бораи зиндагиномаи Аҳмади Сарҳиндӣ ё худ Имом Раббонӣ маълумоте дошта бошем.Тибқи сарчашмаҳо, аз ҷумла китоби Кныш А. Д. "Мусулманский мистицизм", ки соли 2004 ва китоби Ҷон А. Субҳон "Суфизм его святые и святыни", ки соли 2005 дар Санкт-Петербург ба чоп расидаанд, Аҳмад Форуқи Сарҳиндӣ, яке аз сарварони вақти тариқати нақшбандия дар Ҳиндустон мебошад. Ӯ соли 1563 дар Сарҳиндӣ таваллуд шуда дар ҳамон ҷо соли 1625 дар синни 63-солагӣ аз дунё мегузарад. Эшони домулло Қурбони Валӣ бошад, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, ки бо истифода аз шаҷараномаи эшонҳои Арзунк эҳтимолӣ ва қиёсан гирифта шудаанд, тахминан 50-100 сол баъди марги Аҳмади Сарҳиндӣ ба Ҳиндустон барои таҳсил рафтааст. Ин маълумотро чӣ гуна ба даст овардем? Ба гуфтаи эшони Ориф боре эшони Расо, падари эшони Мӯсо алайҳираҳма гуфтааст, ки вақте ки мақбараи эшони домулло Раҳматуллоҳро тармим кардаанд, аз вафоташ чил сол гузашта будааст. Эшони Расо бошад ҳамон сол, яъне соли 1900 тавваллуд шуда будааст. Агар соли 1900 аз вафоти эшони домулло Раҳматуллоҳ 40 сол гузашта бошад, пас соли вафоти эшони домулло Раҳматуллоҳ 1860 будааст. Тибқи маълумоти дақиқ эшони домулло Раҳматуллоҳ 106 сол умр хӯрдааст. Пас аз ин мебарояд, ки соли таваллуди эшони домулло Раҳматуллоҳ соли 1754 будааст. Эшони Раҳматуллоҳ писари бародари эшони домулло Қурбони Валӣ, эшони домулло Қосим мебошад. Эшони домулло Қосим бошад тибқи нақли аксарияти ҳамсуҳбатҳои мо аз бародараш эшони домулло Қурбони Валӣ ҳамагӣ якчанд сол фарқ доштааст. Ҳамин тариқ бо дар назардошти гуфтаҳои болоӣ ба хулосае меоем, ки эшони домулло Қурбони Валӣ шояд на дар назди худи Шайх Аҳмади Сарҳиндӣ, балки дар пеши яке аз шогирдони "Муҷаддиди алфи сонӣ" (Муҷаддиди ҳазораи дуввум), яъне Аҳмад Форуқи Сарҳиндӣ таҳсили илм, ба хусус илми тасаввуф карда бошад. Қиссаи зерин ин фикрро метавонад тақвият бахшад. Домулло Қурбони ҷавон чунон ба омӯзиши илму амалияи тасаввуф дода мешавад, ки тарзи зиндагонии дарвешону қаландаронро пеш мегирад. Чанд муддат дар ин аҳвол кӯҳу биёбонҳоро маъвои худ қарор медиҳад, бо вуҳуш якҷо зиндагӣ мекунад. Ҳамсабақон ва устодонаш ҳарчанд мекӯшанд ӯро аз ин ҳолат берун созанд, вале касе аз онҳо дар ин кор муваффақ намешавад.
Сипас намояндаеро ба зодгоҳи эшонидомулло Қурбони Валӣ Вахёмефиристанд то наздиконашро аз ин ҳоли эшон воқиф созанд. Баробари шунидани ин хабар яке аз бародаронаш бо номи эшони домулло Қосим барои овардани ӯ озими Ҳиндустон мешавад. Эшони домулло Қосим ҳамин ки ба мадрасаи мазкур мерасад, аз ҳамсабақони эшони домулло Қурбони Валӣ ҷои сайру гашти ӯро пурсон мешавад. Яке аз ҳамсабақон эшони домулло Қосимро ба ҳамон мавзеъ мебарад. Тибқи ҳикояти эшони домулло Нурмуҳаммади писари эшони домулло Халифа вақте ки бародари эшони домулло Қурбони Валӣ ва ҳамсабақаш ба ӯ наздик мешаванд, ҳамсабақаш номи эшони домулло Қурбони Валиро гирифта садо мекунад. Эшони домулло Қурбони Валӣ, ки ришу мӯйлаб ва мӯи сараш хеле давида буданд, пойлучу сари луч дар тан либосҳои дарида, ба сӯи ҳамсабақаш ҳатто нимнигоҳе ҳам намекунад. Мисле, ки ӯро надидаву нашунидааст.
-Ана ҳамин тавр ӯ ба ҳеҷ як садои мо вокунише нишон намедиҳад. Гӯё касеро намешунавад-, бо ибрози таассуф мегӯяд ҳамсабақи эшони домулло.
Дар ин лаҳзаҳо эшони домулло Қурбони Валӣ ҳарду дасташро сӯи осмон бардошта "Ё Аллоҳ" гӯён зери лаб ҷумалотеро паст-пастак замзама мекунад.
Бародари эшони домулло Қурбони Валӣ ин вазъи додарашро дида беихтиёр бо кафи дастонаш ашкҳои худро, ки даври чашмонаш ҳалқа зада буданд, пок намуда садо мебарорад:
-Ҳазрати эшони домулло Қурбон, э биёри (бародари) ширин, ман аз ҳамин қадар раҳи дур пеши ту омадам… Эшони Қосим ҳанӯз суханашро ба поён нарасонда буд, ки эшони домулло Қурбони Валӣ ба сӯяш нигарист ва "Ё Аллоҳ, ё Аллоҳ, ё Аллоҳ" гӯён оғӯшашро боз намуда ба сӯи бародараш равона мешавад. Эшони домулло Қосим низ бо як ҳаяҷон дастонашро боз намуда бародарашро ба оғӯш мекашад. Дар ҳамин ҳол ӯ мебинад, ки дар мӯи сар ва риши дарози бародараш ҳашароту ҷонвароне аз қабили калес маъво гирифтаанд ва дигар тоқат накарда фарзанди падар дар оғӯш ҷилави гиряро сар медиҳад. Эшони домулло Қурбони Валӣ низ бародарашро сар надода талх гиря мекунад. Бад ин минвол чанд лаҳзае мегузарад. Сипас роҳ ба сӯи гармоба мегиранд. Дар роҳ ҳамсабақи эшони домулло Қурбони Валӣ аз ӯ мепурсад:
-Ҳазрати эшон, дар рафтори ту чӣ ҳикмате нуҳуфта буд, ки садоҳои мо ҳамсабақонатро намешунидиву вале ба садои бародари худ тез вокуниш нишон додӣ. Чаро чунин шуд?
Эшони домулло Қурбони Валӣ зоҳиран чун як шахсе, ки аз хоби дуру дароз навакак бедор шуда бошад, дар посух ба ин суол гуфт:
-Таи чанд муддате, ки дар ин кӯҳу дашту биёбон будам, худро мисли шахсе, ки аз нашъаи шароб маст мешаваду дигар намехоҳад чанд муддате ба ҳуш биёяд, эҳсос мекардам. Ҳарчанд шумо ва дигар ҳамсабақон мекӯшидед, вале ҳамоно дар ҳолати беҳушӣ мемондам. Бо амри Худои бузург садои фарзанди падар ва бӯи Ватан, ки ӯ бо худ оварда буд, барои ман мисли ҳамон навшодире хизмат кард, ки маъмулан барои аз ҳушрафтагон хизмат мекунад. Овози аз хурдӣ бароям шинос меҳри фарзанди падариро дар ман бедор кард ва маро аз он ҳолати мадҳушӣ баровард.
Эшони домулло Қосим ришу мӯйсари бародарашро ба тартиб даровард ва баъди чанде онҳо ба ватан баргаштанд. Маҳз дар ҳамин сарзамин баъди бозгашт аз таҳсил эшони домулло Қурбон аз худ корҳоеро нишон медиҳад, ки мардум ва уламо ба номи ӯ дар зиндагиаш калимаи "валӣ"-ро илова менамоянд. Дар бораи баъзе аз ин корҳо мо поинтар қисса хоҳем кард, вале ҳоло биёед, бо дигар эшонҳои Вахё то он ҷое, ки маълумот дорем, шинос бишавем.
Идома дорад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1