Предыдущая публикация
Баландпарвозиҳо дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату мардум ҳама сер,
Вале идроки мо дар ҳоли пастй.
Куҷо шуд эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хешттан ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре аз хоҳари худ,
Куҷо шуд нуқтаи нек аз назарҳо?
Аҷоиб як замон омад сари мо
Ки рафт инсонгарӣ аз минбари мо.
Кунун шогирде мегӯяд ба устод:
"Фаро аз минбару биншин бари мо! "
Замоне буд ки одоб нархи хуб дошт,
Арусе гирди ҳавли руфтуруб дошт.
Писар то ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона як_ду чӯб дошт.
Падар акнун чунин савдо надорад,
Ба ҷуз пул ӯ дигар ғавғо надорад.
Писар овораи бозиӣ телефон,
Падар бошад ба ин парво надоранд.....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев