Афзоиши шумори гуруснагон дар ҷаҳон:
Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид (ФАО) ҳушдор дод, ки шумори гуруснагон дар ҷаҳон ба 815 миллион нафар расидааст.
Ба гузориши ИРНА, созмони ФАО рӯзи ҷумъа дар гузорише муштарак бо Сандуқи Байналмилалии Тавсеаи Кишоварзӣ ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо эълом кард, гуруснагӣ дар ҷаҳон пас аз ин ки беш аз 10 сол ба таври пайваста коҳиш ёфта буд, дар соли 2016 бори дигар рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бар асоси ин гузориш 815 миллион нафар, муодили 11 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон аз гуруснагӣ ва норасоии ғизо ранҷ мебаранд ва дар соли 2016, 38 миллион нафар ба шумори онҳо афзуда шуд, ки ағлаб бар асари ҷанг ва тағйироти ногаҳонии обу ҳавоӣ аст.
Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ҳудуди 155 миллион кӯдак бо синни камтар аз 5 сол дучори норасоии ғизо ҳастанд.
Гузориши ФАО нахустин арзёбии СММ дар хусуси амнияти ғизоӣ пас аз дастури кори тавсеаи пойдор то соли 2030 аст.
Барномае, ки ҳадафи он поён додан ба анвои гуруснагӣ то соли 2030, ба унвони авлавияти сиёсии байналмилалӣ эълом шудааст.
Теъдоди афроди мубтало ба гуруснагӣ дар ҷаҳон аз марзи як миллиард нафар убур кард. Ба иттилоъи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид тайи як соли ахир, теъдоди ин афрод сад миллион нафар афзоиш ёфтааст. Ин гуна афзоиши теъдоди гуруснагонро масъулини ин ниҳоди СММ бо бӯҳрони озуқа ва пойин рафтани сатҳи иқтисоди ҷаҳон марбут мекунанд. Як тан аз раҳбарони созмони озуқа ва кишоварзии СММ Дэвид Дейв мегӯяд, ки “мо наметавонем боз 20 соли дигар сармоягузории бузург ба бахши кишоварзиро интизор шавем”. Ӯ афзуд, ки “мо бояд ҳамин ҳоло тавассути пули нақд, озуқа ваё сармоягузории мустақим барои боло бурдани тавлидоти кишоварзон талош кунем”.
Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ чорабинӣ доир мегардад, ки мавзӯи он яке аз ҳадафҳои дуюм дар самти рушди устуворро дар бар гардид.
Бино ба маълумоти намояндагии Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафи дуюм натанҳо ба аз байн бурдани гуруснагӣ, балки ба беҳбуди истеъмоли ғизо ва ноил гардидан ба устувории истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Дар ин чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои гуногун, намояндагиҳои дипломатӣ, сохторҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд.
Барномаи чорабинӣ аз ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии кӯдакон, баргузории намоишгоҳи расмҳои кӯдакон ва тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни эълоншуда аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ, маълумот дар бораи таърихи ба комёбиҳо расидани фермерон, намоишномаи театри лӯхтак, бозиҳои интерактивӣ барои кӯдакон “Мактаби тарзи ҳаёти солим” иборат буд.
Озмуни Рассомон ва Барономаи Ҷаҳони "
#ГуруснагииСифр" то соли 2030 имконпазир аст-гузаронида шуд.Хонандагони Ғолиби даври якум ва дуюм аз ВМКБ, Вилояти Хатлон,Вилояти Суғд,шаҳри Душанбе ва Шаҳру Ноҳияҳои Тобеи Марказ дар озмун иштирок карданд.Хонандагони мо Муҷибаи Қадамшо,Маҳмудов Эмомуддин ва Ҳадиятуллои Сафарбек дар озмун ширкат варзиданд.Расмҳои беҳтарини кашидаи онҳоро дар намоиш гузоштанд.Озмун-Барнома ба дараҷаи олӣ ва ҳаматарафа гузаронида шуд.Хонандагон ба худ баҳраи зиёде гирифта,ҷаҳонбиниашон боз ҳам васеъ гардид.
Дар барномаи Ҳамкорӣ баҳри "
#ГуруснагииСифр"ширкатҳои хориҷию дохилӣ ширкат варзиданд:
1.Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ-"WFP"
Food and Agriculture Organization of the United Nations
2.Геодезия
3.OSCE-Созмони Амнияту Ҳамкорӣ Аврупо
4.Ҳамкории Олмон
5."Good Nightbors"-Ташкилоти Кореяи Ҷанубӣ
6.Slow Food-Italy Италия
7.Zero Hunger
8.Sustalnable Devolopment Goals
9.Fand Agakhan- Фонди Оғохон
10.USAID-USA
11.Геологияи тоҷик
12.Экологияи Тоҷикистон
ва дигар ташкилотҳо.
Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.
Мо бо чунин хонандагон мефахрем,чунки онҳо номбардори мактаби мо мебошанд.
Комментарии 6