Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу ва магфиратуҳу аммо баъд,
шояд рӯзе аз рӯзҳо, Шуморо ғайбат карда бошам, хоҳ нохоҳ забон дар нафси ман ва ё бо ҷамоъат, ба қасд ва ё беихтиёр, мелағжад.
Умед дорам, ки маро мебахшед агар Шуморо ғайбат карда бошам.
Ман яқин кардам, ки Худо шахсѝ ғайбаткунандаро намебахшад, то он даме ки шахсӣ ғайбатшуда набахшад.
Ин паёмакро ба ҳар касе, ки дар руйхати ман ҳаст, фиристодам.
Ин на ба хотири заъфу бечорагии ман аст, балки ба хотири тарс аз Худое, ки осмону замин дар ихтиёри Уст.
Агар маро бахшида бошед, бо паёмаке маро хабардор кунед.
Ин паёмак даъватест барои якдигарро бахшидан.
Биёед дилҳоямонро аз ғайбат пок созем.
Хоҳиш мекунам маро бубахшед, зеро марги ногаҳон зиёд шудааст.
Худо шоҳид аст, ки ман Шуморо ба хотири Худо бахшидаам.
Ин паёмакро як даъватсозии холисонаи якдигарбахшӣ, баҳри поксозии қалб, пеш аз Рамазон меномем.
Ҳамеша саломату тансиҳат бошед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев