Рузе ба раҳе маро гузар буд
Хобида ба раҳ ҷаноби хар буд
Аз хар ту нагу, ки чун гуҳар буд
Чун соҳиби донишу ҳунар буд.
Гуфтам, ки ҷаноб дар чи ҳоли?
Фармуд, ки вазъ бошад оли
Гуфтам, ки биё хари раҳо кун
Одам шаву баъдазин сафо кун
Гуфто, ки бирав маро раҳо кун
Захми тани хешро даво кун
На зулм ба дигаре намудам
На аҳли риёву макр будам
Рози чу ба ризқи хеш будам
Аз суфраи кас нон нарабудам
Диди ту харе кушад хареро?
Ё он, ки бурад зи тан сареро?
Диди ту харе, ки кам фурушад?
Ё баҳри фиреби халқ кушад?
Диди ту харе, ки ришвахор аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?
Диди ту харе шикаста паймон?
Ё он, ки зи дигаре бурад нон?
Дидам суханаш ҳама матин аст
Фармоиши у ҳама яқин аст
Гуфтам, ки зи одами сари ту
Ҳарчанд ба диди мо хари ту
Биншастаму орзу намудам,
Бар холиқи хеш ру намудам
Эй кош, ки қонуни харият
Ҷори бишавад ба одамият.
Эраҷ Мирзо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3