чигуна?!!
Шахсе мегуяд: Дар саҳне аз саҳнҳои масҷиди Макка намози таҳияи масҷид мехондам, бӯи нохуше маро нороҳат кард. Намозамро бо салом додан қатъ кардаму таваҷҷуҳ кардам, ки яке аз бародарони мисрӣ будаст. Лабҳояш аз сигор кашидан сиёҳ шудаанд. Худ ба худ гуфтам каме мунтазир мешавам ва рафта дар ин бобат бо Ӯ суҳбате анҷом медиҳам ва насиҳаташ мекунам. Лекин ногаҳон тифлеро дидам, ки синнаш аз 12 сола боло набуд, дар бари он мард нишасту ҷунин ҳивору гуфтугӯ дар байни онҳо шуруъ шуд:
Кудак: Ассалому алайкум амакҷон! Шумо аз Миср ҳастед?
Мард: Бале, ман аз Миср ҳастам.
Кудак: Шайх Абдулҳамид Кишкро мешиносед?
Мард: Бале, мешиносамаш.
Кудак: Ва Шайх Ҷодулҳақро чӣ?
Мард: Бале, мешиносамаш.
Кудак: Ва Имом Муҳаммад Ғазолиро чӣ?
Мард: Бале, мешиносамаш.
Кудак: Оё сабту наворҳои онҳо, ки саршори панду насиҳату фатво ҳаст гуш мекунед?
Мард: бале.
Кудак: Ҳамаи ин уламо мегуянд сигор кашидан ҳаром ..... барои чӣ боз сигор мекашед???
Мард: На, сигор кашидан ҳаром нест.
Кудак: Оё надидӣ, ки Худованд фармудааст : "Ва юҳарриму алайҳим алхабоиса" яъне "Ва чизҳои нопокро бар онҳо ҳаром мекунад" Оё ҳангоми сигор кашидан Бисмиллоҳ ва ҳангоми тамом кардан алҳамду лиллоҳ мегуӣ???!!
Мард: Табиист, ки на. Ман аз ту мехоҳам як ояте аз қуръон биёрӣ, ки дар он сароҳатан гуфта бошад ки сигор кашидан ҳаром аст.
Кудак: Амакҷон сигор кашидан ҳаром аст чӣ гунае, ки себ ҳаром аст!!!
Мард ба ғазаб омада гуфт: Себ ҳаром аст!!!??? Чигуна ҳарому ҳалол карда истодаӣ?
Кудак: Барои ман як ояте биёр аз қуръон ки Худованд дар он гуфта бошад ки себ ҳалол аст.
Ҳолати мард дигаргун шуд ва хомуш шуд ва дигар чизе гуфта натавонист дар ин ҳолат чашмҳояш пур аз об шуд ва мард ба сӯи кудак гуфт : Писарам ба ту ваъда медиҳам ва қасам ба Худои бузург дуюмбора сигор намекашам.
Бародари арҷманд агар заррае ҳам таъсират карду истифода бурдӣ ба дигарон низ фирист то ҳамакаса баҳраманд шавем..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев