Предыдущая публикация
Рузе ҳакиме назди шоҳ ворид шуд.
Шоҳ гуфт: - ба ман панде биомуз!
Ҳаким гуфт:
- Дар биёбоне мерави ва онҷо аз ташнагӣ наздики ҳалок шудан мешави ва обе барои рафъи ташнагиат надори, чи инъоме медиҳи, ки ба ту як пиёла об диҳанд?
Шоҳ: - Сад тангаи тилло.
Ҳаким :
- Агар соҳиби он об бо пул ризоият надиҳад, пас чи инъоме медиҳи?
-Шоҳ: Нисфи мамлакатамро..
Ҳаким:
-Агар обро нушидию ба маризии сахте мубтало шуди, ва натавони онро рафъ куни, чи инъоме медиҳи то касе он маризиро
табобат кунад?
Шоҳ Гуфт: - Нисфи дигари мамлакатамро.
Ҳаким гуфт:
- Пас мағрури ин подшоҳият набош, ки
қиммати он як пиёла обе беш нест.
Оё намешавад, ки ба халқи Худо
некуи куни....?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев