Раисҷумҳури Украина эътироф кард, ки таваққуфи ҳимояти низомии Амрико қатъан сабаби шикасти Украина дар ҷанг бо Русия хоҳад шуд.
Ба нақл аз хабаргузории «Новости», раисҷумҳури Украина бо ишора ба тавоноии Доналд Трамп дар поён додан ба даргирӣ ва адаим ваҳдат дар миёни кишварҳои аврупоӣ, эътироф кард, ки таваққуфи ҳимояти низомии Амрико қатъан ба шикасти Украина дар ҷанг бо Русия меанҷомад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо шабакаи Фокс Ниюз эътироф кард, ки таваққуфи ҳимояти низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври иҷтинобнопазир ба шикасти Украина мунҷар хоҳад шуд. Вай изъон кард, ки неруҳои мусаллаҳи Украина дар ҳоли ҳозир бо шароити бисёр душвор мувоҷеҳ ҳастанд.
Зеленский дар мусоҳиба бо ин шабака гуфт: «агар кумакҳои Вашингтон мутаваққиф шавад, фикр мекунам мо шикаст хоҳем хӯрд. Муҳимтарин масъала, ҳифзи иттиҳод байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Украина аст.»
Илова бар ин, Зеленский таъкид кард, ки адами ваҳдат дар бораи масъалаи Украина дар миёни кишварҳои аврупоӣ низ хатарнок аст.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури баъдии Иёлоти Муттаҳида, мумкин аст ин даргириро поён диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ, ин масъала «бештар ба Иёлоти Муттаҳида бастагӣ дорад, то ба Русия.» Зеленский афзуд, ки Вашингтон нуфузи зиёде дорад ва аз «будҷаи бисёр азиме» бархурдор аст. https://tajikpress.com/2024/11/21/%d0%b7%d0%b5%d0%bb%d0%b5%d0%bd%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9-%d0%b1%d0%b8%d0%b4%d1%83%d0%bd%d0%b8-%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%88%d0%b8%d0%ba%d0%b0%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев