Бигзор, ки назми¹ ман ба кулли ошиқон бирасад.
Ончунон сӯхтам ман дар фироқи² ёри беаҳдам,
Бигзор, ки нолаву оҳам то ба кайвон³ бирасад.
Баъди ин ҳамма ҷабру ситамаш он бевафо,
Чӣ мешавад, ки ба кулбаам пушаймон бирасад.
Зи шодии хеш ҷон ба Эзид⁴ супорам рӯзе,
Он шӯхи сиёҳ чашм ба наздам ногаҳон бирасад.
Муроди⁵ ман зи шеъри хеш ҳамин бувад,
К- ин пайғом⁶ ба гуши Моҳи тобон бирасад.
Баъди мурдан бар сари турбати⁷ ман бинависед,
Ки ин орзӯе дошт то ба васли ҷонон⁸ бирасад.
Киромдин дигар надорад тоқати ғаму дард,
Худоё чӣ мешавад, ки ғами ман ба поён бирасад.
______ Нависанда Киромиддин ______
___________ 1 - 05 - 2019 ________
Лӯғатҳо:
1) Назм - Тартиб қоида интизом; каломи мавзун ва қофиядор, шеър.
2) Фироқ - Ҷудоӣ, дурӣ аз ҳамдигар.
3) Кайвон - Осмони ҳафтум.
4) Эзид - Худо, Яздон.
5) Мурод - Мақсад, объекти орзӯ ва талаб.
6) Пайғом - Хабари хуш, мужда башорат, паём.
7) Турбат - Санг ва ё чизе, ки дар рӯи қабр гузошта мешавад.
8) Васл - Пайвастан, ба ҳам расидан, ба дидори ҳамдигар расидани ошиқу маъшуқ.
9) Ҷонон - маҳбуба, маъшуқа.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2