Чи мушкил аст бе муҳаббат зистан.
Эй он ки ту медонӣ заррае қадри маро,
Гар шуниди замоне хабари марги маро.
Бархезу биё миёни ҷамъи мардум,
Биншину бигу лаҳзае дарди маро.
Зудтар ту биё ки вақт нотакрор аст,
Ашхоси ба ман ҷафо карда бисёр аст.
То зинда будем ба қалби мо теғ задан
Имрӯз ҳама ба қавли худ ғамдор аст.
Агар гӯянд ба ман ҳоло ҷавон буд,
Бигу андар дилаш дарде ниҳон буд.
Чи мушкил аст бе муҳаббат зистан,
Дили ман солҳост ки сер зи ҷон буд.
Бигу аввал ба ҳамхуну бародар,
Сипас бо эҳтиром бар сӯи модар.
Нарезанд ашк суде надорад,
Намебинанд маро афсӯс ки дигар.
Назар созанд ба рангу рӯи зардам,
Зананд дасте ба рӯи ҷисми сардам.
Агар ман хомӯшам худ гувоҳанд,
Ки ман дар зиндагӣ
Комментарии 3