Надорам тоқати дигар хиёнат.
Ягона орзуи ман ҳаст диёре
Ки он ҷо бошад танҳо муҳаббат.
Бигузор номи он шаҳри Вафо бошад,
Ҳама бевафо аз он шаҳр ҷудо бошад.
Набошад ҳеҷ нишоне аз ҷудои,
Ки то рӯзи вопасин ҷои мо бошад.
Ягон бедину бе имон набошад,
Пайи озори ҳеҷ инсон набошад.
Ҳама бо ҳам дӯсту бародар,
Ба ҷуз аз чеҳраи хандон набошад.
Дар онҷо шоҳу гадо маълум набошад,
Дар онҷо золиму мазлум набошад
Дар он шаҳр ҷурм бошад дил шикастан,
Ба ғайр аз суханҳои мақбул набошад.
Дар онҷо қалби бе ормон наёби,
Ягон чашми тару гирён наёби.
Бикоби гар тамоми гушаи он,
Ягон бераҳму бе виҷдон наёби.
Дили мо сухтаву шайдо набошад,
Ғаму дард лаҳзае аз мо набошад.
Тамоми ин суханҳо як хаёл аст,
Чунин шаҳре дар ин дунё набошад.
______ 19 - 09 - 2024____Нависанда - ↳Кนያ⭕ომหዚ↲_____
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев