67)🕌 Ҳадисӣ Қудсӣ🕌
📝Аз Анас ибни Молик {Разиаллоҳу ъанҳу} ривоят шудааст, ки гуфт: Боре ҳангоме ки Пайғамбарӣ Аллоҳ {Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам} дар миёни мо буд, ногоҳ ба хоби сабук рафт ва сипас баъд аз муддате бо табассум сарашро баланд кард.
Гуфтем: Эй Пайғамбарӣ Аллоҳ {Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам}, чӣ чизе Туро ба ханда во дошт?
Пайғамбарӣ Аллоҳ {Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам} фармуданд:
«Лаҳзае пеш ин сура бар Ман нозил шуд:
«Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон»
«Мо ба Ту хайри бениҳояте бахшидаем. Аз ин рӯ танҳо барои Парвардигори худ намоз бихон ва қурбонӣ кун. Бидуни шак душмани кинатӯзи Ту бехайру бебаракат ва беному нишон хоҳад буд».
Сипас фармуданд: Оё медонед, ки Кавсар чист?
Гуфтем: Аллоҳи меҳрубон {Ҷалла Ҷалалаҳу} ва Расулаш {Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам} огоҳтаранд.
Пайғамбарӣ Аллоҳ {Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам} фармуданд:
«Кавсар наҳре дар Биҳишт {яъне: Ҷаннат} аст, ки Парвардигорам Маро ба он ваъда додааст, зарф {ҷом}-ҳояш аз теъдоди ситорагон бештар аст. Умматам дар онҷо бар Ман ворид мешаванд. Дар миёни онҳо пеши яке ба шиддат гирифта мешавад {монеи омадани ӯ ба он мешаванд} ва Ман мегӯям»:
«Худоё, ӯ низ аз уммати Ман аст Аллоҳи меҳрубон {Ҷалла Ҷалалаҳу} мефармояд»:
«Ту намедонӣ, ки ӯ баъд аз Ту чӣ корҳое кард».📝
🌿Ривояти имом Насоӣ🌿
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев