89-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 30 оят иборат аст.
Дар ин сура аввало Худованд ба чанд ашё савганд ёд мекунад. Баъд аз он, сабаби савганди Худро зикр месозад. Нахуст аз саргузашти қавми Од ва шаҳри "Ирам", ки қавми Од дар он зиндагӣ доштанд, сухан меронад. Баъд аз қавми "Самуд" ва Фиръавн ва оқибати кори онҳо сухан мекунад. Давоми сура дар бораи бандагони шукргузору ношукр, ҳаққи ятимону моли мерос сухан меронад. Муҳаббати моли дунё, омадани қиёмат, таассуфи афроде, ки дар ин дунё амали солеҳ накарданд ва азоби онҳо дар давоми сура мавҷуд аст. Инчунин дар бораи бандагони азизи назди даргоҳи Рабби оламиён ва Ҷаннат суханронӣ мекунад.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَٱلۡفَجۡرِ ١
1. Қасам ба субҳ -
Аллоҳтаъоло бо фаҷр (субҳ), ки охири шаб ва аввали рӯз аст, қасам ёд мекунад. Дар бораи файз, баракат ва фоидаи субҳ ҳадис ва ривоятҳои бисёре мавҷуданд, ки дар шарҳи ин оят гуфта шудаанд. Бе шак ва шубҳа, қасам хӯрдани Худованд бо субҳ мартаба ва фазилати субҳро назди бандагон баланд мебардорад.Тибқи баъзе ривоятҳо мурод аз субҳ намози субҳгоҳ аст. Ҳамчунин ақида ҳаст, ки субҳ гуфта тамоми рӯз дар назар аст. Ё шояд субҳ- субҳи рӯзи 10-ӯми моҳи Зулҳиҷҷа бошад.
وَلَيَالٍ عَشۡرٖ ٢
2. ва қасам ба шабҳои даҳгона -
Дар масъалаи тафсири "шабҳои даҳгона" ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Ба ривояти баъзе олимони муътабар мурод аз "шабҳои даҳгона" даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа аст. Рӯзи 9-ӯми ин даҳа ҳоҷиёни Маккаи мукарама сокини Арафот мегарданд, ки онро вуқуфи Арафот меноманд. Мувофиқи ривоятҳо дар ин ҳангом аз ҷониби Худои раҳмон малоики (фариштагони) раҳмат ба Замин мефароянд. Ваъдаи қатъии мағфирати гуноҳи бандагон мавҷуд аст. Дар ин ҳангом аз ноумедӣ шайтон хеле маҳзун мегардад.
Мувофиқи ривояти дигар, мурод даҳаи охири моҳи шарифи рамазон аст. Шаби қадр шабе аз шабҳои тоқи ин даҳа аст. Савоби як шаби қадр баробар ба савоби ҳазор моҳ аст. Ин рӯзҳоро бояд гиромӣ ва бо тоъату ибодат гузаронид. Ба чунин шабҳою рӯзҳои пурфайз Аллоҳтаъоло қасам ёд намудааст.
وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ ٣
3. ва қасам ба ҷуфт ва тоқ -
Ақида аст, ки мурод аз ҷуфту тоқ намозҳоянд, ки баъзе ҷуфтанду баъзе тоқ. Боз гӯянд, ҷуфт- рӯзи наҳр, рӯзи 10-ӯми моҳи Зулҳиҷҷа, ки он рӯзи ҷуфт аст ва тоқ - рӯзи арафа, рӯзи 9-ӯми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Ё шояд мурод аз ҷуфт мардум, ки зану мард ҷуфтанд ва тоқ Парвардигор бошад. Дар ин масъала ривоятҳои бисёр аст. Валлоҳу аълам.
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ ٤
4. ва қасам ба шаб, ҳар вақто ки даргузарад.
Ривоят шудааст, ки мурод аз калимаи шабе, ки дар ин оят зикр шудааст, шаби меъроҷи Пайғамбар (с) аст, ё гузаштан, мубаддал гаштани шаб ба субҳ бошад, ки муқобили ҳам буда, паси якдигар меоянд. Ё мурод торикии шаб аст, ки ба ғояти торикӣ мерасаду бандагони Аллоҳ сокину ором мегиранду роҳат мекунанд, ки ин раҳмату ҳикмати Парвардигор аст. Аллоҳ донотар аст.
Мавриди таъкид аст, ки вақтҳои дар оятҳои 1-4 зикр-шуда тибқи ҳадисҳо вақтҳои пурфайзу бобаракат ва айёми иҷобати (қабули) дуо ва амали солеҳ мебошанд. Дар ин хусус қавли бисёр аст, мо узран ин баёни мухтасарро кифоя медонем.
هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٞ لِّذِي حِجۡرٍ ٥
5. Оё дар ин чизҳо назди аҳли хирад лаёқати қасам нест?
Албатта, модоме, ки Худо савганд ёд мекунад, соҳиби ақлу хирад дарк мекунад, ки ин аз аҳамият ва эътибор холӣ нест ва ҳам ба мартабаи баланди ашёе, ки ба онҳо савганд ёд шудааст далолат мекунад. Сабаби қасам ёд кардани Аллоҳтаъолоро оятҳои минбаъда кушоду равшан месозанд. Аз ояти баъдӣ маълум мегардад, ки ҷавоби қасам пӯшидааст, яъне қасам ба Рабби ин ашёи панҷгона, ки албатта аҳли куфр мисли қавми Од ва ё дигар золимоне, ки дар оятҳои зер баён шудаанд азоб дода мешаванд.
أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ ٦
6. Оё надидӣ, ки Рабби ту ба қавми Од чӣ кор кард,
Ду қавм ба номи Од машҳур аст, аммо сураи мазкура Одеро дар назар дорад, ки писари Авс, писари Сом, писари Нуҳ (а) аст. Онҳо қавме буд аз фармони Худо сарпечида ва фиристодагони Худоро бо китобҳояшон дурӯғ шуморидаву мункиршуда. Онҳо мардуме буданд бузургҷуссаю қоматбаланд аз (Т.Ҷалолайн).
إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ ٧
7. (дар шаҳри) Ирам, ки онҳо соҳиби сутун (қад)ҳои баланд буданд,
Шаҳри Ирам (ё боғи Ирам) ҷойи зисти қавми Од буд. Биноҳои Ирам сутунҳои ниҳоят баланд дошт. Ирам дар Ҷануби Арабистон ҷойгир буд. Одиён тобеъи Яман буданд. Онҳо табиатан саёҳатро дӯст медоштанд. Ҳангоми саёҳат хаймаҳояшонро мувофиқ ба қаду қоматҳояшон бо сутунҳои баланд месохтанд. Онҳо инсонҳое буданд...
ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ ٨
8. ки мислаш дар тамоми шаҳрҳо офарида нашудааст?
Ирам шаҳр ё боғи машҳурест, ки мислаш дар диёрҳои дигар набуд. Ё мурод аз ин оя қавми Оданд. Одиён мардуми ниҳоят бузургҷуссаву қавиҳайкал буданд, ки мисли онҳо дар дигар диёрҳо касе набуд. Мувофиқ ба ҷуссаҳояшон дару хона ва айвонҳои баланд доштанд.
Ба ҷуссаву биноҳои худ мағрур гашта,ҳастии Худоро нодида гирифтанд, асири ҷаҳолат гаштанд. Дар ин асно Аллоҳтаъоло ҳазрати Ҳуд (а)-ро аз байни худашон чун пайғамбар ба онҳо фиристод. Пайғамбари Худо онҳоро даъват намуд, ки аз бутпарастӣ даст кашанд ва ба сӯйи Худои ягона рӯй биоваранд. Онҳо дар ҷавоби ҳазрати Ҳуд (а) изҳор доштанд, ки он расме, ки аз бобою бобокалонҳои мо боқӣ мондааст, тарк нахоҳем кард. Паёмбари Худо онҳоро хабар дод, ки охири кори шумо душвор хоҳад шуд. Онҳо гуфтанд: "Ту девона шудаӣ!" Хулоса, ба ҳамон бутпарастии худ боқӣ монданд. Худованди муттаъол ба онҳо ғазаб карда, балое дар сурати хушксолӣ фиристод. Чун бориш қатъ ёфт, назди ҳазрати Ҳуд пайғамбар (а) рафта, сабаби бебориширо пурсиданд. Он ҳазрат гуфт: "Чун шумо аз амри Худо сар печидед, ба ин аҳвол мубтало гаштед, ҳанӯз, ки дер нашудааст, тавба кунеду ба сӯйи он Зоти Пок баргардед". Ҷои он ки аз ин насиҳат панд гиранд он қавми гумроҳшуда, Паёмбар (а)-ро масхара карда хандиданд. Фисқу фасоди хешро идома доданд. Дар навбати худ фиристодаи Худо онҳоро аз омадани балои азим ҳушдор дод, аммо онро нашуниданд. Рӯзе абри сиёҳе болои онҳоро иҳота кард. Гумон карданд, ки абри боронрез аст, вале ғайри чашмдошти онҳо боди пуршиддати басо хунук вазид. Қавми Од аз ин бод тарсида, вориди хаймаҳои худ гаштанд. Аммо суръати вазидани бод то ҳадде баланд буд, ки биноҳо ва хаймаҳоро канда бар ҳаво бурд. Либосҳои онҳоро даронда аз баданашон баровард. Онҳоро дарҳаму барҳам мезад. Хунукӣ ба онҳо таъсир кард.
Ин аҳвол 7-шабу 8-рӯз идома ёфт. Баъди ин воқеа ҳеҷ як мавҷуди зинда ва ҳеҷ як чизе дар диёри қавми Од боқӣ намонд, ҳама ба хок яксон гардид. Шаҳри қавми Од ба харобазор табдил гашт. Аз касофат ва наҳсие, ки доштанд, ба ин ҳол ва ба ин рӯзҳои наҳс гирифтор гаштанд. Ин қисса ва ин макон барои дигарон чун дарси ибрат то ҳол боқӣ мондааст.
وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ ٩
9. Ва чӣ кард бо самудиён, дар води(-и Қуро) ки сангҳоро тарошиданд?-
Самуд қавме буд дар замони ҳазрати Солеҳ (а). Онҳо сангҳоро тарошида, барои худ дар доманакӯҳҳо қасрҳо бунёд мекарданд. Ҳазрати Солеҳ (а) онҳоро ба дини ҳаққ ва ибодати Худованди якто даъват намуд. Онҳо изҳор доштанд, ки ба ту бовар хоҳем кард, дар сурате ки ба мо муъҷиза нишон диҳӣ. Аз он ҳазрат (а) талаб карданд, ки аз санги хоро уштури сафедро ҳамроҳи бачааш берун орад. Солеҳ (а.) ба сӯйи Худои худ дуо кард. Дуояш иҷобат шуд. Чун ноқа (уштур) ва бачааш бо қудрати Худованди мутаъол аз санги хоро падид омад, ҳазрати Солеҳ (а) аз он қавм дархост кард, ки ба уштур зараре нарасонанд ва аз ин чашмае, ки ҳаст, як рӯз ноқа истифода кунаду як рӯз онҳо. Аммо онҳо ба сухани Пайғамбар (а.) эътибор надода, ноқаро куштанд. Азоби Худованд дар намуди як сайҳа (овози бадҳайбат) ба сари онҳо фиристода шуд, ки аз воҳимаи он ҳама ҷон аз қолаб тиҳӣ сохтанд. Ин буд мухтасари шарҳи қиссаи қавми Самуд. Қиссаи дигарро ояти зер баён мекунад:
وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ ١٠
10. Ва чӣ кард бо Фиръавни соҳиби мехҳо?
Дар замони ҳазрати Мӯсо (а.) Фиръавн дар сари қудрат буд. Давлати пуриқтидор, боигарии беандоза ва артиши пурқувват дошт. Аз камоли кибр ва ғурур даъвои худоӣ намуд. Ин Фиръавни кофир хеле золим буд. Зулми ӯ ба дараҷае буд, ки мардумро ба чаҳор мех баста, азобу уқубат мекард. Худованд ба ин хотир ӯро дар ояти мазкура "соҳиби мехҳо" номидааст. Аз ҷумла, ривоят аст, ки завҷаашро ба хотири муслима буданаш ба чаҳор мех баста, санги бисёре болои ӯ гузошта, бо ингуна азобҳо ба ҳалокат расонидааст. Яъне оё надидӣ Аллоҳтаъоло бо Фиръавн ва Фиръавниён чӣ кард? Онон:...
ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ ١١
11. Касоне буданд, ки дар шаҳрҳо саркашӣ кардаанд.
Яъне он гурӯҳи мазкур Од, Самуд, Фиръавн ва шахсони тобеъ ба онҳо бо он давлату қудрате, ки доштанд мағрур гашта, аз фармони Аллоҳтаъоло саркашӣ намуда, бандагони Аллоҳро барои динашон изою азоб медоданд ва илова бар ин:...
فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ ١٢
12. Пас, дар он (шаҳрҳо) фасодро бисёр карданд.
Бо вуҷуде, ки аз худ рафта буданд, дар шаҳрҳо фисқу фасод, ҷабру зулм, қатлу ғорат ва ҷамии гуноҳҳоро мекарданд. Гӯё ҳокими мутлақанд, аз болои онҳо дигар фармонравое нест ва ин ҳолати фармонравоияшон абадӣ бетағйир аст. Онҳо фикр накарданд, ки рӯзе подоши амалҳои зишти худро мегиранд, аммо бар хилофи чашмдошти онҳо:..
فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ ١٣
13. Пас, Парвардигори ту тозиёнаи азобро (пай дар пай) бар онҳо рехт.
Бо вуҷуди соҳиби қудрату тавоноиашон Парвардигори ту, эй Муҳаммад (с.), ба сари онҳо азобҳои гуногунро фиристод, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо наҷот наёфт. Яъне якеро бо "боди тунд", дигареро бо "сайҳа"- (овози даҳшатнок) ва сеюмиро ба дарё ғарқ карда, ба ҷазои аъмолашон расонид. Шояд зикри ин қиссаҳо таҳдид барои кофирони Макка ва тасаллии Расулаллоҳ (с) бошад. Зеро:...
إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ ١٤
14. Ҳаройина, (эй Муҳаммад) Парвардигори ту дар камингоҳ аст.
Дар камингоҳ будани Парвардигор ин аст, ки ҳеҷ амали банда аз назари Ӯ пинҳон набошад. Ҳамчунин Кироман-котибин (фариштагони махсус) дар сабти амалҳои бандагон масъул карда шудаанд. Ин ҳам барои кофирони Қурайш таҳдид аст.
То ин ҷо сухан аз соҳибони мансабу қудрат рафт. Оятҳои минбаъда аз табиати инсони кофир сухан мекунанд:
فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ ١٥
15. Аммо одамиро чун Парвардигораш имтиҳон кунад, пас, иззату неъмат ба ӯ диҳад, пас, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
Ҳар гоҳ ки Парвардигор ба одамӣ молу сарват,зану фарзанд,ҷоҳу ҷалол,бахту саодат,рӯзии фарох насиб кунад, ӯ гумон мекунад, ки назди Худованд бандаи азизу гиромӣ аст. Аммо намедонад, ки Парвардигораш ҳамаи ин неъматро барои имтиҳон ба ӯ додааст. Назорат дорад, ки он банда ба ҳамаи ин чӣ гуна муносибат мекунад. Оё шукри онҳоро ба ҷо меорад ё куфр меварзад?
وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ ١٦
16. Ва аммо чун ӯро имтиҳон кунад, пас, бар вай ризқашро танг созад, пас, мегӯяд: «Парвардигори ман маро иҳонат (хор) кард».
Аммо инсонеро, ки Худованд аз баҳри имтиҳон ризқу рӯзиашро кам созаду камбағалаш гардонад, дарҳол чунин хулоса мебарорад, ки Парвардигор ӯро хору залил гардонидааст. Хулоса, чунин инсон иззати худро дар касрати молу ҷоҳ мебинад. Аммо ин хислати аҳли имон нест. Муъминоне, ки имони қавӣ доранд, дар ҳама ҳолат шукру сипоси Парвардигори худро мегӯянд. Аз сабру таҳаммул, ки аҷри (савоби) зиёде дорад, дурӣ намеҷӯянд.
كَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ ١٧
17. Не-не! Балки ятимро иззат намекунед -
На чунон аст, ки шумо ақида дореду қадри худро бо молу ҳол ченаку андоза мекунед! Ҳол он ки дунё ва молу ҳоли дунё назди Аллоҳтаъоло ҳатто миқдору вазни пари пашша қадре надорад. Аз ҳамин сабаб, Худованди таъоло ба касе, ки хоҳад (хоҳ муъмин, хоҳ кофир) молу сарвати дунёро эҳсон мекунад. Балки иззату икром дар назди Худо барои инсон бо тоъату ибодат аст ва хорию залилӣ ба иртикоби маъсият (гуноҳ содир кардан) аст. Дар ояти мазкур Худованд фармудааст, ки шумо назди Парвадигори худ аз он сабаб иззат надоред, ки ятимро гиромӣ намедоред. Ин бисёр кори бад аст. Боз аз ин сабаб шумо назди Аллоҳ беқадред, ки:...
وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ١٨
18. ва бар таъом додани мискин якдигарро тарғиб намедиҳед -
Ба болои ин, ки аз моли худ ба мискинҳо чизе намедиҳед, дигаронро ҳам ба ёрӣ додани онҳо тарғибу ташвиқ намекунед. Аз ин оятҳо чунин бармеояд, ки риояи ҳаққи ятимону мискинон яке аз амрҳои Ислом ва боиси хушнудии Раҳмон аст. Боз одати шумо ин аст, ки:...
وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلٗا لَّمّٗا ١٩
19. ва моли меросро бисёр мехӯред -
Ҳамчунин беиззатии шумо аз ин хотир аст, ки дар тақсими моли мерос инсофу адолатро поймол мекунед. Ҳаққи кӯдакро намедиҳед, ҳаққи занро намедиҳед. Одати арабҳо пеш аз Ислом ҳамин буд. Одати пасту бади дигари шумо ин аст, ки :...
وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبّٗا جَمّٗا ٢٠
20. ва молро бисёр дӯст медоред.
Дар дӯст доштани мол чунон сахт ҳарис гаштаед, ки андешаи ҳалолу ҳаромро намекунед. Закоти молро адо намекунед. Гӯё молу сарват қиблаи шумо гаштааст. Ҳол он ки ин амал оини кофирон аст. Пас, чӣ тавр дар назди Аллоҳ хору залилу беқадр нагардед?
Баъде ки Парвардигори олам ин ҳама сирру асрори дӯстдорони молро фош намуд, ба баёни оятҳои бимовари худ шурӯъ намуда ба ин мақсад, ки шояд онҳо саҳвҳои худро фаҳмида, тавба намоянд, пас гуфт:
كَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكّٗا دَكّٗا ٢١
21. Сазовор нест, ки амали шумо чунин бошад! Вақто ки Замин сахт дарҳам кубида шавад -
Яъне чун қиёмат қоим мешавад, аз зилзилаи пайдарпай ҷумлаи кӯҳу теппаҳо реза-реза шаванд ва Замин як майдони ҳамвору дашт гардад, фикри онро намекунед, ки дар он рӯз шуморо ба ҳисоб кашанд, он гоҳ чӣ кор мекунед ва киро ба ёрӣ мехонед? Боз даҳшати дигар ин аст, ки:...
وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفّٗا صَفّٗا ٢٢
22. ва Парвардигори ту ва фариштагон саф-саф биёянд -
Яъне дар он рӯз Парвардигори олам бо таҷаллӣ, қаҳҳорӣ ва ҷалолие, ки шоистаи шаъни Худост, ҷалла маҷдуҳу, ҳозир мешавад. Фариштагон бо амри Худованд барои иҷрои амру фармонҳо дар майдони Ҳашр саф-саф ҳозир мешаванд, ту аз он ҳайбату даҳшат чӣ гуфта метавонӣ? Дар он рӯз аз амалҳои зиште, ки дар дунё доштӣ ба Парвардигори худ ва малоик чӣ ҷавоб хоҳӣ дод? Боз даҳшатноктар аз ин:...
وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۢ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٖ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ ٢٣
23. ва он рӯз Дӯзахро оварда шавад. Он рӯз инсон корҳои худро ёд кунад ва он ёд кардан ӯро куҷо фоида диҳад?
Яъне чун инсон Дӯзахро пеши назар мебинад, аз рӯзҳои гузашта ва гуноҳҳои кардаи худ ёд оварад, вале фоида накунад, чаро ки вақти фаҳмидан ва фикр кардан дер шуд ва коре, ки дар дунё карда мешуд, дар ин ҷо карда наметавонад. Сад афсӯс, ки дигар тавба кардан дер шудааст, пас, муҷрими гунаҳкори бечора лоилоҷ:...
يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي ٢٤
24. Гӯяд: «Эй кош чизе дар зиндагии хеш пеш мефиристодам.
Чун муҷримон ин манзараҳои даҳшатнокро мебинанд, афсӯс мехӯранд, ки эй кош, аз фармудаҳои Худо дар дунё саркашӣ намекардем, амалҳои нек менамудем ва тӯшаи охирати худро омода месохтему пештар мефиристодем, ки имрӯз ба кор меомад. Вале афсӯсу надомат дар он рӯз фоида надорад. Аз ҳама вазнинтар ин аст, ки...
فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٞ ٢٥
25. Пас, он рӯз азоб накунад монанди азоби Ӯ ҳеҷ кас.
Яъне Худованд, ҷалла маҷдуҳу он рӯз гунаҳкоронро чунон азоби шадид кунад ва чунон сахт дар банд афканад, ки ин гуна азоби шадид ва тоқатнопазир аз тарафи ҳеҷ кас нисбат ба шахси гунаҳкор раво дида нашудааст. Ҳатто на мор ва на каждуми Дӯзах чунин азоб карда наметавонад, зеро ки ин азобҳо ҳама азоби ҷисмонӣ аст ва азоби илоҳӣ азоби рӯҳонӣ аст, ки рӯҳи гунаҳкоронро дар ҳасрат ва надомат дучор мекунад.
Дар "Ҷалолайн"- оварда, ки Аллоҳтаъоло чунин навъи азобро ба дигар фариштаҳо нагузорад, фақат худаш азоб кунад. Инчунин:...
وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٞ ٢٦
26. Ва бо занҷир набандад чун банд кардани Ӯ касе.
Бо занҷиру кишанг кофирону фоҷиронро дар он рӯзи пурдаҳшат ҳеҷ кас мисли Парвардигор дар банд карда наметавонад. Азобу шиканҷаи Аллоҳтаъоло мувофиқи қудрату тавоноиаш хоси худи Ӯст. Аммо барои нафсҳои покиза чунин нидо мерасад:
يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ ٢٧
27. (Ба рӯҳи муъминон вақти марг гуфта шавад:) «Эй нафси (ба ваъдаи Худо) оромгиранда,
Ин муроҷиат ба муъминон аст, ки дар вақти қабзи ҷон малакутиён (фариштагон) ба соҳибони ҷон нидо кунанд ва гӯянд, ки эй тоҳиру покизаи ба зикри Худо оромгиранда, имрӯз туро тарсу ҳарос нест. Ин муждаест барои ту, ки:...
ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةٗ مَّرۡضِيَّةٗ ٢٨
28. ба сӯйи Парвардигорат хушнуд шуда ва аз ту низ хушнуд гашта, бозгард.
Яъне эй соҳиби рӯҳи ором! Эй он касе ки дар дунё барои рӯзи ҷазо, аз нишондодҳои дини мубини Ислом рӯй натофтӣ ва ҳар мусибате ба сарат омад, сабр кардӣ ва ҳар давлату сарвате, ки ёфтӣ шукргузорӣ намуда, ҳаққи Худоро адо намудӣ ва ба зикру тоати Парвардигор хурсанд будӣ. Ту, ки дилдодаи Маҳбуби Ҳақиқӣ будӣ, акнун фориғ аз ҳар гуна ғам ва ташвиш ба сӯйи мақоми Қудсии Ӯ равон шав, ки Худованд ба сабаби амалҳои неки ту аз ту хушнуд шуд ва имрӯз туро хушнуд мегардонад ва ту хушнудшавандаю хушнудкардашудаӣ! Боз ин нидо дар вақти ҷон додан даррасад, ки:
فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي ٢٩
29. Пас, ҳамроҳ шав ба зумраи бандагони хоси Ман -
وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي ٣٠
30. ва дар Ҷаннати Ман даро!».
Дар он ҳолат ба сӯйи нафси оромгиранда аз Раббулҷалил фармон даррасад, ки дохил шав ба зумраи бандагони азизи Ман ва боз нидо шавад, ки дохил шав дар биҳишти Ман, ки омодаи пазироии туст. Ин бахтест басо бузург!
Худовандо, нафси моро ба зикри худат итминонгиранда, ба ҳукмат розишаванда ва ба атоят қаноаткунанда гардон. Омин! Ё Раббал Оламин!
Поёни сураи "Фаҷр". Ва лиллоҳил ҳамд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев