Як марде назди олими Исломие омаду илтимос намуд то уро танҳо қабул намуда ба саволаш ҷавоб диҳад. Пас аз он ки ҳозирин берун шуданд у гуфт:
- Ҳазрат! Шумо намояндаи динед. Чунон ҷавобе диҳед, ки бароям кора кунад!
Олим дарк кард ки ин нафар чи саволи заруре дорад. Пас ҷавоб гуфт:
- Ин шо Аллоҳ ба қадри медонистаам ҷавоб хоҳам гуфт.
- Ман аз марг сахт метарсам. Аз мурдаҳо метарсам ва ҷанозаҳо намеравам. Гар ҷанозаи ягон нафари наздикам бошад ба тобут наздик намешавам. Чи кор кунам?- пурсид он мард.
Домулло каме хомуш монд. Сипас аз он нафар пурсид:
- Оё дар кудаки ҳам аз ягон чи метарсидед?
- Дар кудакиям аз баланди метарсидам, аз оббози метарсидам, аз раъду барқ метарсидам.- ҷавоб гуфт он мард.
- Яъне шумо то ба ҳол аз баланди ва оббозию раъду барқ метарсед?- пурсид домулло.
Он мард аз саволи додаи домулло ҳайрон шуд вале ҷавоб гуфт:
- Не не! Чун якчанд маротиба маро масхара карданд оббози омухта тайёр шудам ва дигар аз оббози натарсидам.
Чун бо ёрии ҷураҳо аввал ба дарахти баланде баромадам, сони болои куҳе баромадам дигар аз баланди натарсидам. Чун якчанд маротиба зери раъду барқ мондам аз раъду барқ ҳам натарсидам.
-Яъне чун омухта тайёр шудед дигар аз он чи ки метарсидед тарсатон дур шуд? Пас ин аст
ҷавоби саволи шумо!- гуфт домулло.
- Чи? Ман нафаҳмидам? Чист ҷавоби саволи ман?- пурсид он мард.
- Бародар! Донишҷу гар ба имтиҳон тайёр набошад- аз наздик омадани имтиҳон метарсад! Мову шумо гар ба омадани зимистон тайёр нашуда бошем, либоси гарм надошта бошем, ҳезум тайёр накарда бошем- аз омадани зимистону хунуки метарсем.
Дар бахорон гар ҷуйборхоро тоза накарда бошем - аз омадани сел метарсем. Яъне гар ба чизе, ки тайёр набошем албатта аз омадани он тарс дорем. Шумо ҳам ба омадани марг тайёр ки нестед метарсед.
Ҳол он ки баланди набарои мешавад ва бе ин ҳам умр мегузарад, дар дарёву кул оббози накуни ҳам мешавад, имсол аз имтиҳон нагузашти соли дигар шояд тайёр шуди насибат мешавад супоридан - аммо аз чашидани Марг касеро ҷои гурез нест!
Хоҳем нахохем як руз Малакулмавт суроғи мо хоҳад омад. Аммо дигар барои тайёри дидан ба ин «имтиҳон» бароят фурсат нахоҳад буд! Малакулмавт чун сел ҳама он чи, ки аз пешаш баромад бо худ бубарад.
Акнун шумо гуфтед, ки шарм дошта оббози омухтам, шарм дошта баланди баромадан омухтам ҳамин тавр не?
Пас оё шумо аз Холиқи худ шарм намедоред дар рузе, ки рузи «Саволу ҷавоб» наздаш «бо дасти холи» ҳозир хоҳед шуд ва аз ин зиндаги пурсида хоҳед шуд? Охир аз ин гурез нест ку!?
- Пас шумо ба ман чи маслиҳат медихед?- пурсид он мард.
- Барои омадани он марг тайёр шавед! Тоъату ибодат намуда ба «саволу ҷавоби Илоҳи» тайёри бинед! Пулу моли доштаатонро «захираи охират» намоед. Гар тайёр шудед дигар тарс аз дили шумо гум хоҳад шуд - балки бо
ҷону дил онро қабул хоҳед кард!–ҷавоб гуфт олим.
- Тоъату ибодат маълум. Аммо оё аз ҳамин пулу моли имруз дунё доштаам мешавад барои охиратам захира намудан? Охир мардум мегуянд ки ин пулу молро бо худ бурда намешавад. Домулло шумо маро масхара доред? – боз пурсид он мард.
-Бародар! Мо мусалмонем ва ҷавоб ба суолҳои худ аз Қур-ону аҳодиси Набави бояд дарёфт намоем- на ин ки «мардум мегуяд», «бобом гуфта буд», «фалони мегуфт ки»-ро гуш дода бовар намоем!
Аллоҳи Бузургу Меҳрубон худ ваъдаҳо намудааст, ки гар имруз мо ятиму гуруснаеро сер намоем, онҳоро либосе пушонем, масҷиде ва ё мактабу роҳе бунёд намоем- дар охират У ( ҷ . ҷ ) дар Ҷаннат барои мо қасрҳое бунёд созад, ки амсолаш дар дунё нест.
Боғҳову чашмаҳои мусаффо бароямон омода созад ки соатҳо онро васф созам кам аст! Ин аст захира охират намудан- яъне ҳар чи ки дар роҳи ризои Аллоҳ сарф намуди он аст моли ту. На он пулу моле ки имруз дори-чун пас аз маргат он насиби дигарон хоҳад шуд!-
ҷавоб гуфт домулло.
Нафаронеро оё ёд доред, ки пулу мол сарф намуда хонаҳои "бо даб даба" бунёд сохтанд, моли дунё гирд оварданд- аммо насибашон нашуд роҳати он пулу молро ва иморатҳоро дидан.
Дар он иморатҳои бо «хуни дил» солҳо сохтаашон насибашон нашуд зиндаги намоянд- ва ё баъзе якчанд рузу моҳе роҳат кардаанду он насиби дигарон гашт. Чун ин дунё «фони» аст ва марг болои онҳо омаду ин «дунё»-и обод сохтаашонро дар як замон барбод сохт.
Аммо «дунёи боқи» фано нахоҳад шуд. Он қасрҳову боғҳову чашмаҳое, ки имруз мову шумо бо тоъату ъибодату хайру саховат ва некии намудаамон ба даст хоҳем овард дар Қиёмат абади насиби мо хоҳад гашт Ин шо Аллоҳ!
Бузургони пешин мегуфтаанд ки:
- Ҳаргиз ин Дунёи фониро бо дуруғи абадии ин дунё (молу мулк) нахоҳам харид! Яъне пулу моли худро барои ба даст овардани охирати нек сарф хоҳам кард.
Аммо афсус зиёди мардумони имруза дил ба ин пулу молу мансаб баста дар фикри охирати хеш нестанд. Гумонашон ин дунё барояшон абади хоҳад буд. Акли ходро кор намефармоянд то бубинанд ки дар тули асрҳо дар ин дунё то ба ҳол касе ки нафс дошт чи шоҳу чи гадо, чи Паёмбару чи олимон зинда намондаанд.
Тарси шумо ҳам маълум аст, ки аз пулу моли доштаатон аст то насиби дигарон нашавад. Пас онро барои «охирати неки худ» сарф намуда захира намоед.
Бале ин пулу мол шуморо аз мурдан наҷот нахоҳад дод – вале бо ин пулу мол шумо метавонед худро аз Ҷаҳаннам наҷот диҳед!
Имрузу ин соат аз гуноҳони гузашта «тавбаи насуҳ» намоед, тоъату ибодат намоед, хайру саховат намоед- чун шояд барои шумо «фардо» набошад! Кори имрузро ба фардо магузоред! Бузургон чи хуб моро насиҳате кардаанд ки:
Эй дода ба бад ин умр аз нодони,
Ту қиммати умри хеш кай медони?
Фардо, ки ба зери хок танҳо мони,
Гуйи ки кунам тавба, вале натвони!
Он мард аз ҷавоби дарёфтааш қонеъ шуд ва бо нийяти он ки боқии умрро дар роҳи тайёри ба «имтиҳони Илоҳи» сарф хоҳад кард аз назди олим берун шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев