"ҲАШТ ДУРӮҒИ МОДАР"
Ҷавонписаре аз рӯзгори модари ғамхори худ чунин нақл мекунад:
Модарам ҳамеша сухани рост намегӯяд. Ӯ ба ман ҳашт бор дурӯғ гуфтааст.
Қиссаи дурӯғгӯии модарам аз даврони тифлии ман ибтидо ёфтааст. Фарзанди ягонаи модар будам. Шароити хуб ва таъоми кофие барои хӯрдан надоштем. Рӯзе касе бароямон ним табақ оши палав овард. Модарам ошро нахӯрд, балки насибаи худро низ ба ман бахшид. Ҳангоме ки оши палавро аз зарфи худ ба лаълии ман мерехт, чунин ҳарф зада буд:
- Фарзандам, ҳамаашро бихӯр! Нӯши ҷонат бод! Зеро ман гурусна нестам.
Ин нахустин дурӯғи модарам буд.
Ба ёд дорам, ки ҳангоми кӯдакиам модарам барои моҳидорӣ ба дарёчаи назди манзиламон мерафт. Ӯ ният дошт, ки ҳар рӯз моҳие бидорад ва онро ба ман хӯронад, то хуб нашъунамо ёбам. Рӯзе ду моҳӣ ба шасти ӯ афтод. Ӯ фавран ба кулба шитофт, то барои ман моҳибирён омода кунад. Баъди чанд лаҳза ҳар дуи моҳибирёнро назди ман гузошт. Ман ба хӯрдани моҳии якум сар кардам. Модарам боқимондаи гӯштпораҳоеро, ки дар устухони моҳии аввал мемонд, хӯрдан гирифт. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Моҳии дувумро ба ӯ додам ва хоҳиш кардам, ки ӯ низ тановул намояд. Модар хоҳиши маро рад карда, ғизоро дубора наздам ниҳоду гуфт:
- Писарҷонам, инро низ ту бихӯр. Оё намедонӣ, ки ман моҳиро дӯст намедорам?
Ин дурӯғи дувуми модарам ба шумор меравад.
Ҳангоме ки ба синни мактабӣ расидам, модарам хост маро ба дабистон барад, аммо маблағи мактабпулӣ ва хароҷоти марбут ба онро надошт. Ӯ ба бозор рафта, бо яке аз коргарони дӯкони либосфурӯшӣ шартнома баст, ки ҳар рӯз бояд чанд либосеро бо азми фурӯш ба манзилҳои мардум давр занонад.
Дар яке аз шабҳои зимистонӣ, ки борон меборид, модарам ба хона барнагашт. Камина, ки ӯро интизорӣ мекашидам, хавотир шуда, ба ҷустуҷӯяш баромадам. Баъди муддате ӯро дар паскӯчае ёфтам. Ӯро дидам, ки ба фуруд омадани борон парво накарда, дар даст борхалта дарҳои мардумро мекуфт. Дарҳол ба сӯяш нидо кардам:
- Модарҷон! Биёед, ба хона бозгардем. Вақт хеле дер шуд ва ҳаво низ хеле сард аст. Субҳ коратонро давом хоҳед дод. Ӯ табассум карду изҳор намуд:
- Писарам, ман хаста нестам.
Ин сеюмин дурӯғи модарам аст.
Рӯзе дар мактаб имтиҳони нимсолаи дувум доир гардид. Волидаам исрор намуд, ки ҳамроҳ ба мактаб равад. Чун ба мактаб расидем, камина ба имтиҳон даромадам ва ӯ маро зери ҳарорати офтоби сӯзон интизор шуда истод. Имтиҳон ба охир расид ва чун аз синф баромадам, модари меҳрубонам маро бо гармӣ оғӯш гирифт. Ӯ дилбардорӣ кард, ки иншоаллоҳ дар имтиҳон муваффақ хоҳам шуд ва натиҷаи хубро хоҳам дид. Дар дасти модар ҷоми нӯшобаеро мушоҳида намудам ва ӯ хабар дод, ки онро бо ният харидааст, то ки ман бо баробари баромадан аз имтиҳон бинӯшам.
Азбаски хеле ташна будам, бештари онро нӯшидам ва ташнагиам бартараф гардид. Агарчи оғӯши модар бароям сардиву саломатӣ мебахшид, нохост назарам ба рухсорааш афтод, ки донаҳои арақ мешориданд. Дарҳол ҷоми нӯшобаро ба ӯ дароз карда гуфтам: -Модарҷон, инро нӯшед.
Модар рад карда гуфт:
- Писарам, ту бинӯш. Ман ташна нестам.
Ин чорумин дурӯғи модарам ба шумор меоварам.
Баъди вафоти падарам масъулияти хона ба дӯши модар афтода буд. Ӯ зарур медонист, ки тамоми ниёзҳои маро бароварда гардонад. Вазъи рӯзгорамон боз ҳам вазнинтар шуд. Талхии гуруснагӣ мечашидем. Чун ҳамсоягон диданд, ки вазъи зиндагии мо рӯз то рӯз паст меравад, модарамро насиҳат карданд, ки бояд барои таъмини шароит бо марде издивоҷ кунад. Онҳо таъкид карданд, ки ҳанӯз ҷавон аст, бояд фурсатро аз даст надиҳад. Лекин модарам ин пешниҳодро рад карда гуфт:
- Ман ба муҳаббат дигар ниёз надорам.
Ин панҷумин дурӯғи ӯ буд.
Ҳангоме ки донишгоҳро хатм кардам, соҳиби кору вазифа шудам. Бо худ гуфтам, ки акнун вақти муносиб омадааст, ки бояд модарам истироҳат кунад ва ман масъулияти нафақаи рӯзгорро ба дӯш гирам. Ин вақтҳо модарам аллакай саломатиашро аз даст дода буд. Дигар тавони давр занонидани борхалтаи либосҳоро ба маҳалла надошт. Ӯ ҳар субҳ ба бозор мерафту он ҷо қолине ба замин паҳн карда, сабзавот мефурӯхт. Вақте ки аз ӯ тарки корашро хоҳиш кардам, ба сухани ман гӯш надод. Барои розӣ кардани ӯ чанд сум маблағеро ба ӯ дода гуфтам, ки аз моҳонаам барояш ҳар моҳ муайяне ҷудо сохтаам, аммо ӯ бори дигар кӯмак ва дархости маро рад карда, иброз намуд:
- Писарам, маблағатро эҳтиёт ва ҳифз кун. Ман ҳанӯз худамро таъмин карда метавонам.
Ин дурӯғи шашумини ӯ буд.
Бо баробари кор хонданро низ давом додам, ҳатто магистратураро хатм намудам. Аз ин рӯ, моҳонаи бештар мегирифтагӣ шудам. Баъдан ширкати хориҷӣ, ки дар он кор мекардам, имконият дод, ки дар шӯъбаи марказии он дар Аврупо фаъолиятамро идома диҳам. Аз шунидани ин хушхабар эҳсоси хушбахтӣ кардам. Дар хаёлотам оғози зиндагии нав ва ҳаёти босаодатро ҳамроҳи модар пеши назар меовардам. Баъдан ба модарам занг зада, ӯро барои ҳамзистӣ ба наздам даъват кардам.
Аммо ӯ нахост, ки “гӯиё” ба ман ташвиш орад:
- Фарзандам, маро зиндагии оддӣ писанд аст.
Ин дурӯғи ҳафтуми ӯ буд.
Модарам дар пиронсолӣ ба бемории саратони чашм мубтало гардид. Бояд як нафар паҳлӯи ӯ меистод, то парасториаш кунад. Миёни ману модарам фарсахҳо фосила буд. Ман дар Аврупо, яъне хеле дур аз модар иқомат доштам. Бо баробари шунидани хабари бемориаш ҳама корро тарк карда, ба аёдаташ шитофтам. Дидам, ки аллакай ҷарроҳӣ шудаву дар ҷогаҳи беморӣ хобидааст. Ҳангоме ки маро дид, кӯшиш кард, ки ба рӯям лабханд занад. Аз ҳолаш дарун-дарун сӯхтам. Ӯ басо лоғару бемадор гардида ва чеҳрааш низ хеле тағъир ёфта буд. Селоби ашк аз чашмонам ҷорӣ шуданд, аммо модари қаҳрамонам дар ин лаҳзаҳо низ маро тасаллӣ медод:
- Писарам, гиря макун. Ман ягон дардеро ҳис намекунам.
Ин дурӯғи ҳаштумини ӯ буд.
Модар баъди ба забон овардани ин суханон дидагонашро пӯшиду дубора боз накард..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев