Предыдущая публикация
Аз ҳар гулаш варақ-варақ номаи ёр мерасад.
Атри баҳору гул бубин бар сабзаҳои махмалин,
Аз бодаи висоли дӯст инак хумор мерасад.
Дар соҳили дарёву ҷӯй биншин даме,эй моҳруй,
Аз шар-шар оби зулол савти ҳазор мерасад.
Гулҳо шукуфта дар чаман,булбул ба гирди ёсуман,
Дар ҳар нафас атри чаман бас хушгувор мерасад.
Дуриву ҳаҷр бегумон,дилро бисӯзад ҳар замон,
Хуш бош,ки аз ғайб ин замон ёр дар канор мерасад.
Рӯзу шабу солу маҳе бигзашт ҳаме бас ноаён,
Аз гардиши чарх ҳамчунон лайлу наҳор мерасад.
Эй дил,агарчи солҳо бо дарду ғам бурдаӣ ба сар,
Навмед машав,ки нахли айш рӯзе ба бор мерасад.
(Маҳмудҷони Абдулаҳад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1