Замин хонаи умумии тамоми башарият мебошад. Аз ин сабаб мо бояд заминро тозаю озода нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда, тавре ки пайдо шудааст, ҳамон тавр боқӣ гузорем. Бо ин мақсад, дар тамоми дунё ҳар сол «Рӯзи замин»-ро ҷашн мегиранд. Ҳар як ид таърихи худро дорад. Пайдоиши иди «Рӯзи Замин» чунин аст:
22 апрели соли 1970 бахшида ба зодрӯзи Д.Стерлинга Мортон, губернатори иёлоти Небраска, дар шимоли ИМА, тамоми ҷаҳон «Рӯзи Замин»-ро ҷашн мегирад. Ҳар сол беш аз 300 гурӯҳ дар барномаҳои ҷашнӣ иштирок карда, қариб 100000 нафар одам дар ҳамоиши ин иди бузург ташаббус нишон медиҳанд.
Аз соли 1990 «Рӯзи Замин» ҳамчун рӯзи байналмилалӣ қайд гардид ва ҳоло дар он 200 миллион одамон аз 141 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. То соли 2000-ум шумораи иштирокчиён ба садҳо миллион нафар (аз 181 кишвари ҷаҳон) расид.
Чӣ гуна аст Замини мо? Ҳисоб карда шудааст, ки Сайёраи Замин таърихи тақрибан 4,5-5 миллионсола дорад. Агар шумо хоҳед, ки ба воситаи экватор гирди Замин давр занед, он гоҳ ба шумо лозим меояд, ки масофаи 40075 километрро тай кунед.
Дар Рӯзи Замин тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо устодони худ дар ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи мактаб, бунёди боғҳо, шинондани ниҳолҳо ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои экологӣ иштироки фаъолона менамоянд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев