Предыдущая публикация
ғам зиёдаст, Эй шамъ
оҳиста бисӯз, ки шаб дарозаст.
Имрӯз касе маҳрами асрори касе
нест, Мо таҷриба кардем касе
ёри касе нест. Ҳар марди
шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ
нест. Ҳар сангу гиле гавҳари
ноёб нагардад, Ҳар Аҳмаду
Маҳмуд расули маданӣ нест. Бар
мурдадилон панд мадеҳ, хеш
маёзор, Зеро ки Абу- Ҷаҳл
мусалмон шуданӣ нест. Бо марди
Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ
заданӣ нест. Хушнуд машав,
душман агар кард муҳаббат,
Хандидани Ҷаллод зи
ширинсуханӣ нест. Ҷое ки
бародар ба бародар накунад
раҳм, Бегона барои ту бародар
шуданӣ нест. Сад бор агар доя ба
тифли ту диҳад шир, Ғофил
машав эй дуст, ки модар шуданӣ
нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев