Ҷавоне бемор гашту дар беморхона бистари гашт. Духтурон ба волидайнаш гуфтанд, ки умри ин фарзандатонро моҳе боқист ё камтар. Уро ба хонаатон бубареду то рузи маргаш нигоҳубин намоед. Ночор волидайн уро ба хона бурданд.
Руз ба руз аҳволи он ҷ авон бадтар шудан мегирифт. Волидону наздикон боз духтурро даъват намуданд то уро доруҳои дард гумкунанда намояд. Духтур сузандору гузарониду боз ҳам гуфт, ки аҳволи у вазнин аст. Мумкин якчанд рузе аз умраш боқи бошад.
Оҳу нолаи сахте аз синаи волидону зану фарзанду наздиконаш атрофро фаро гирифт. Чун ин овоз ба гуши
ҷ авон расид дарк кард, ки инак марг наздик аст. У волидайну наздиконашро наздаш даъват кард. Сипас хоҳиш кард то уро нишонанд.
Чун уро нишонданд ба суи падар нигаристу ашкҳои чашмони уро дида аз у пурсид:
- Барои чи мегирйи падар? Сабаби ин гиряву фиғони кардаат чист? Ба ман росташро бигу!
- Ҷони падар! Ман аз он мегирям, ки туро аз даст медиҳаму танҳо мемонам!- ҷ авоб гуфт падар.
Сипас ҷ авон ба суи модар нигаристу аз у пурсид:
- Эй модари ман! Барои чи гиря мекуни? Чист сабаби гиряиву нолаи ту?
-Ай ҷ игарбандам! Ман аз ғами он мегирям, ки фироқи туро натавонам таҳаммул кард. Ғам
кам кам маро аз дохил нобуд месозад. – ҷ авоб гуфт модар.
Ҷавон ба занаш нигаристу аз у низ пурсид:
- Чи туро гирён кардаст эй
ҳамсари ман?
- Ман аз он сабаб мегирям, ки аз ин пас он ҳама некиҳову меҳру муҳаббати ту бароям намерасад. Чун туро ёд кунам, наёбамат дар дунё!- ҷ авоб гуфт
ҳамсараш.
Ҷавон ба суи фарзандони худ ки хурдсол буданд нигаристу аз онҳо пурсид:
- Чаро шумо ашк мерезед эй фарзандони ман?
- Аз он сабаб, ки мо ятим хоҳем монд. Пас аз марги ту мо бепадар хоҳем монд!Ин бароямон душвор хоҳад буд.- ҷ авоб гуфтанд фарзандон.
Чун аз ҳама наздикон ҷ авони бемор ҷ авоб гирифт худ сар поин карду бо овози баланд бигрист. Волидайну наздиконро аз чунин гиряи ҷ авон дилҳо реш реш гашту уро ором карданд ва аз у пурсиданд:
- Сабаби ин гиряву фиғони ту дар чист?
Ҷавон ҳар якеро назар андохту
ҷ авоб гуфт:
- Дидед? Ҳар яки шумо дар ғами худатон ҳастед, ки аҳволатон чи мешавад пас аз марги ман!
Ҳамин тавр не? Аммо оё нафаре аз шумо ғами онро мехуред, ки ман чи тавр бо дасти холи назди Холиқи худ сафар хоҳам кард? Аҳволи ман чи мешавад?
-Эй волидайнам! Магар шумо намегуфтед, ки аввал бихонам, кори хуб ёбам? Ҳама роҳҳои зиндагиро бароям нақшакаши карда будед! Ҳама роҳҳоро -ғайри рохи «на ҷ от»-ро!
Шумо будед, ки мегуфтед ҳоло фурсат барои тоъату ъибодат меёби. Пас ку ҷ о шуд он гуфтаҳои шумо? Оё назди Холиқам дипломи донишгоҳу ҷ оҳу мансаби имруза доштаам кор меояд?
Магар намешуд маро насиҳат мекардед ки:
- Писарам ҳам ъилми дуняви бихон ва ҳам ъилми Исломи. Ҳам
ин дунёатро обод намо ва ҳам аз обод намудани «охирати худ» фаромуш накун!
- Ай ҳамсари ман!Оё аз он ҳама молу матоъ ва мошину пулҳои доштаам ман бо худ дар ин сафар бурда метавонам ё хайр? Албатта наметавонам! Ту ҳам шояд як муддат ғам хури ва рузе
маро фаромуш сози. Аммо дар паи гирд овардани ин молу пул ман аз ҷ амъоварии «тушаи охират» фаромуш карда будам – чаро ту маро боре ёдрас накарди?
-Эй фарзандони ман? Аз барои шумо шуда ман шабу руз кор мекардам то аз чизе кам набошед. Аммо ин лаҳза шумо дар фикри онед, ки пас аз ман аҳволатон чи мешуда бошад.
ҳазорон ятимонро Худованд ризку рузи медиҳад-шумо ҳам гуруснаву ташна нахоҳед монд!
Сипас у ба волидайну наздикон мурочиат намуд:
- Акнун ҳама дидед, ки на молу пул ва на мансаб имрузу ин соат барои ман ки сафари Охират дорам кор наояд. Пас воооой бар ҳоли ман, ки имруз аз тоъату ъибодат ва хайру саховат барои фоидаи худ тушае надорам ва назди Холиқам шояд шармандаву расво хоҳам гашт. Ин аҳволи маро бубинеду ъибрат бигиред!
Аз ҳамаи шумо илтимосе дорам! Маро гузоред то он соатҳое, ки бароям боқист аз Худованд бахшиши гуноҳҳо талабам. Каме ҳам бошад ъибодат кунам, ашки ҳасрат бирезам. Имрузу соат китоби
Қурьоне ҳе ҷ не бо ҳарфҳои кирили ба дастам бидиҳед то каломи Холиқамро бихонам.
Ин аҳволи ман барои ҳар яки шумо ъибрат хоҳад буд!Имруз марг маро думболагир аст- фардо яке паси дигар шуморо ҳам думболагир хоҳад шуд! Тайёр шавед ва чун ман дасти холи сафар накунед. Ҳар рузу соатро
ғанимат шуморед- чун ман ҳам гумон доштам ъумри дарозе мебинаму дар пири руй ба тоъату ъибодат меорам.
Чун солҳо хондам, кор кардам, пулу мол ғундоштам- аммо имрузу соат бо ду дасти холи ин дунёра тарк хоҳам кард. Аз он ъамале, ки «рузи ҷ азо» фоида медидам дури ҷ устаму танҳо дунёи худ обод кардам. Дунёву
пулу моле, ки роҳати онро надида сафар хоҳам кард!
Волидайн хатои бузурги
кардаи худро дарк намуда ашки пушаймони мерехтанд. Онҳо як хеши наздикашонро, ки дониш ҷ уи донишгоҳи Исломи буд даъват намуданд то он соатҳои мондаро фарзандашонро каме бошад ҳам
ъилми Илоҳи омузад ва чи гуна
тавбаву истиғфор намояд фаҳмонад.
Ҳамин тавр 11 рузи пеш аз марг ҷ авони бемор хобро барояш
ҳаром карда ҳам мегирист ва
ҳам намоз мехонд ва тавбаву истиғфор мекард. У бо маслиҳати хеши дониш ҷ уаш
ҳамсояҳову хешони
муҳто ҷ еашро ба наздаш хонда аз пулу моли доштааш бо дастони худ ба онҳо хайр мекард.
Он ҷ авони беморро
МалакулМавт руҳашро дар
вақти намоз хондан дар ҳолати са ҷ да қабз намуд!
муаллиф:
Ъибрат:
Ба дурусти, ки ин аҳволи бародар болои зиёди мардумон омаданист. Чун зиёданд нафароне, ки гумон доранд ба пири расанду он гоҳ руй ба тоъату ъибодат оранд. Онҳо гумон доранд, ки ъумрашон дар дасти худашон аст ва чи қадар ки хоҳанд ъумр мебинанд!
Афсус баъзан сабаби «дасти
холи» сафар кардани фарзандон худи волидайн мегарданд. Онҳо баъзан фарзандонро аз тоъату ъибодат бозмедоранд. Гумон доранд ин фарзандон ъумри дарозе мебинанду чун хонда соҳиби кору вазифа гаштанд, зану фарзанд гаштанд сипас руй ба тоъату ъибодат оранд.
Зиёданд чунин волидайне, ки пас аз марги фарзандон худро як ъумр гунаҳкор мехисобанд. Аммо он соатҳо аз пушаймони чи суд?
Мардумоне ҳам ҳастанд, ки тавба кардан ва руй ба тоъату ъибодат овардан барояшон насиб мегардад. Аммо на ҳама мардумони бетоъату ъибодат фурсати тавбаву истиғфор насибашон мегардад. Чун Шайтони Лаъин ҳама вақт
ҳаракат дорад то мардумон беИмон вафот кунанд.
Дар он соатҳои мудҳиши «назми ҷ он» Шайтон бо ҳар сурат назди он нафар хоҳад омад то уро аз роҳи Ҳақ дур созад. Баъзан ба у муяссар мегардад
ҳатто нафарони тоъату ъибодат доштаро аз роҳи Ҳақ дур созад. Пас нафароне, ки ҳе ҷ
ъилми Исломие надоранд, тоъату ъибодате надоштанд он соати мудҳиш роҳи Шайтониро зуд ва бепарво қабул хоҳанд кард.
Чун онҳо дар давоми умр
ҳалолро аз ҳаром, фармудаи Илоҳиро аз шайтони фарқ намекарданд. Он соати мудҳиш Шайтони лаъин худро бо сурати дустдоштатарин одамон сохта нафарони дар «назми ҷ он» бударо гумроҳ хоҳад кард!
Хушо бар ҳоли он нафароне, ки тавбаву истиғфори ҳақиқи насибашон кунад ва пеш аз марг ба роҳи Ҳақ баргарданд.
Худованд дар каломаш чунин мефармояд:
«Ҳар кас, ки тавба кунад, ва имон оварад, ва кори шоиста
кунад, ва ба роҳи ҳидоят бияфтад, ҳар оина ӯ ро
мебахшам».
То ҳангоми ҷ он ба лаб омадан «дари тавба» боз аст. Дар ин хусус Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) чунин мефармоянд:
«Касе, ки пеш аз ба танги афтодани нафасаш ( ба ҳангоми марг) тавба намояд, Худованд тавбаи ӯ ро мепазирад».
Дар ҷ ои дигар Расули Акрам(дуъову дуруд ба у бод) фармудаанд:
-«Касе, ки пеш аз тулуи офтоб аз ҷ ониби ғарб тавба кунад, Худованд тавбаи ӯ ро мепазирад».
Касе аз гуноҳе тавба кунад, дигар онро такрор нанамояд, мисли касест, ки г ӯ ё он гуноҳро содир накардааст. Худованд дар Қурьони Ма ҷ ид фармудааст:
- «Биг ӯ, эй бандагонам! Эй ононе, ки дар маъсият зиёдаравӣ кардаед! Аз лутфу марҳамати Худо маъюсу ноумед нагардед. Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, зеро Убисёр бахшанда ва хеле меҳрубон аст. Ба с ӯ и парвардигори худ баргардед ва таслими У шавед...»
Яъне, банда ҳеҷ гоҳ ноумед нашавад, ки қаблан гуноҳи зиёд содир намуда буду дигар корҳои нек карданаш фоида надорад. Гар гуноҳи хешро дарк намуди ҳама рузу соатҳоро ғанимат бишумор ва тавбаву истиғфор намо. Аз ҳамон соату дақиқаҳо тоъату ъибодат бинамо. Чун гумон аст ъумри туро соле ва ё моҳу рузҳое боқи бошад ё хайр!
Миёни мардум чунин ақидаи хатое ҳукмфармост, ки гуноҳҳои гузаштаи нафареро пеши ру
оварда меистанд. Масалан, дар бораи шахси ислоҳшудае мегӯ янд:
-«Фалон ӣ , то дируз гуноҳу зино карда мегашту имруз намозхон шудааст»...
Ч ӣ магар то охири умр бояд ҳамон хел гунаҳкор бимонад?Пас тавбаро Худованд барои чи офарид? Худованд ваъда диҳад, ки мебахшам- пас оё касе ҳуқуқи онро дорад ки ин фармудаҳоро қабул накунад ва ё инкор намояд?
Расули Акрам(дуъову дуруд ба у бод) мефармоянд:
- «Касе, ки аз гуноҳ тавба кунад, ва дигар ба он гуноҳ руй наорад мисли касест, ки ба гуноҳе муртакиб нашудааст».
Пас бародарону хоҳарони Имониам! Гар нафароне аз мову шумо аз тоъату ъибодат дур бошанд қиссаи ин бародар бароятон пандест. Чун ъумрро Худованд барои ҳар яки мо гуногун ҷ удо намудааст. Яке 20 сол зиндаги хоҳад кард- дигари шояд 50 ё 60-у 70! Аммо гар дар
ҷ авони ъилми Исломи надоред, тоъату ъибодат надоред- гумон аст дар пири Шайтон шуморо раҳо созад.
Дар пири 1 ҳарфе аз сураҳои Қурьон омухтан барои мардумон душвору вазнин хоҳад буд. Ҳар як рукуъу суҷ уд ва тасбиҳу таҳлил барои чунин мардумон пур аз хатову нуқсон хоҳад буд. Чун он соат ақл расо нест, қуввати бозу гум хоҳад шуд!
Каманд чунин нафароне, ки дар пири роҳи Ҳақро аз ботил фарқ кунанд. Пас дар ҷ авони мебояд ъилми Илоҳи омухт, тоъату ъибодат кард, хайру саховат кард- то дар пири туъмаи осони Шайтони лаъин нагардед!
Аллоҳ ( ҷ . ҷ ) ёру мададгоратон бошад!
Умрат чи дусад бувад, чи
сесад, чи ҳазор,
З-ин куҳнасарой (дунё) бурун барандат ночор.
Гар подшаҳиву гар гадои бозор,
Ин ҳарду ба як нарх бувад охири кор!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев