Зан ва шавҳар агар якдигарро бихоҳанд дар
кулбаи вайрона ҳам зиндагӣ карда метавонанд.
Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ
кун.
Хитойиҳо мегуянд:
Лаёқати домод ба қадри бозўи ўст.
Барои ёфтани зан меарзад, ки як кафш пора куни.
Токро аз хоки хуб ва духтарро аз модари хуб
ва асил интихоб кун.
Фаронсавиҳо мегуянд:
Мардеки барои пул зан мегирад, ба
хидматгузорӣ роҳсипор мешавад.
Издивоҷ зудаш иштибоҳи бузург ва дераш
иштибоҳи бузургтаре аст.
Юнониҳо мегуянд:
Зане хушбахт аст, ки фармонравои шавҳар
бошад.
Англисҳо мегуянд:
Зани оқил бо домоди бепул хуб месозад.
Зани мутиъ фармонбардори қалби шавҳар аст.
Лаҳистониҳо мегуянд:
Домоди зишт ва бо шахсият беҳ аз домоди
хушсурат ва белаёқат.
Итолиёиҳо мегуянд:
Духтари оқил, ҷавони фақирро аз пирамарди
доро беҳтар медонад.
Ду навъ зан вуҷуд дорад, бо яке доро мешави
ва бо дигаре фақир.
Испониёиҳо мегуянд:
Агар хости ихтиёри шавҳаратро дар даст гири
ихтиёри шавҳарашро дар даст бигир.
Издивоҷ монанди як каду аст, ки гоҳе хуб
мешавад ва гоҳе ҳам бисёр бад.
Туркҳо мегуянд:
Агар зане хост, ки ту ба хотири пул ҳамсараш
шави бо ў издивоҷ кун, аммо пулатро аз ў дур
нигоҳ дор.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев