#опросы
    12 комментариев
    36 классов
    ОСИËБИ ПАДАР Чанд рӯз инҷониб деҳаро даҳшати ногаҳоние фаро гирифта. Ҳама ғамгину музтар. Агар дарëи пурталотуми Зарафшон маҷрои худро пайдо накунад, зери об мондани зеботарин деҳаи водӣ - Рарз аз эҳтимол дур набуд. Мӯйсафедону мӯйсиëҳон ба чаҳор тараф такопӯ доштанд, симоб мерафтанд онҳо. Баъзеҳо худ ва аҳлӣ оилаашонро тасалло медоданд: <<Худо раҳмамонро мехӯрдагист, ҳеҷ набошад, раҳми бачаву качаамонро мехӯрад-ку?>> Дар деҳаи Рарз фақат Ҳусейн бепарво менамуд. Лекин ботинан аз ғами ниҳоят гароне азоб мекашид. Ин ҳам бошад хавфи аз байн рафтани осиëби падар, ки дар лаби дарë воқеъ буду як вақтҳо оби сои тагоби Мазор чархи онро ба таҳрик меовард, гандуму ҷав, боқилаву арзани сокинони деҳаро орд мекард. Ҳусейн он солҳо гӯë ҳалқа ба гӯши ҳамин осиëб зада буд, шабу рӯз назди падараш Исмоил-амак ҳозиру нозир буд. Ҳамин ки падар хамири кулчаро таҳия мекард, Ҳусейн аз паи чӯбу чахс мешуд. Ӯ аз роҳи болои осиёб, ки одамон аз тагоби Мазор бист километрро тай карда, ҳезум меоварданд, "барои кулчаи осиëб қоқ деҳ" гуфта, бо як бағал ҳезуми хушк бармегашт. То пухтани кулча паҳлӯи падар менишаст,оринҷ болои зонуи ӯ гузошта, бо оташгирак аввал хокистари тасфон, баъд лахчаҳои сурхро болои кулча мегардонд, то он якмаром пухта шавад. Чӣ бахту хушнудие дошт Ҳусейн он солҳо. Падару модар Ҳусейни кенҷара аз ҳама зиëд дӯст медоштанд. <<Кулча пухт>> - ишора мекард Ҳусейн. Исмоили осиëббон <<ҳозир, писарам>> гуфта, оҳиста бо хокистаргирак оташи болои кулчаро як тараф мекард. Кулчаро болои даст гузошта, аввал як тарафашро баъд тарафи дигарашро пуф-пуф карда, аз хокистар тоза месохт. Ҳусейн чун одати ҳаррӯза дастурхони на чандон калон боз менамуд. Падар кулчаро ду тақсими баробар мекард. Як лаби онро дохили соға гузошта, болояш латта мепартофт. -Меҳмоне пайдо шавад, пешаш мемонем. Ана инашро ҳарду кайф карда мезанем, чӣ гуфтӣ, Ҳусейнҷон? -Ҳо, додо, мехӯрем, - табассум мекард Ҳусейн. Баъди нӯшидани чойи пудинагии хушбӯй падар думбураро ба даст мегирифту нохун мекард, Ҳусейн аз ин ба завқ меомад, ба таври худ суруд замзама мекард. Суруд мехонд Ҳусейн, мисраю оҳангҳои худаш. Овози ширадору тозааш бо думбураи падару садои осиëб омезиш ëфта, ба кас як навъ кайфияте мебахшид. Исмоили осиëббон думбураро ба замин мемонд, аз ҷой хеста, оҳиста - оҳиста наҳди дӯл мерафт, орди барф барин сафеди даруни охурро бо белчаи чубин бардошта, ба ҷувол мерехт, дохили дӯлро дароз шуда нигоҳ мекард, ду-се сатил гандумро ба он рехта боз назди дастурхон менишаст. Менишасту сари каммӯи Ҳусейнро сила мекард, Ҳусейнро ин кори падар хеле хуш меомад. Оҳиста сарашро болои зонуяш чун одат хам мекард, баъди чанд дақиқа хобаш мебурд. Чӣ қадар фараҳбахш буданд он лаҳзаҳо, он солҳо. Падару модар-соябони сар дошт Ҳусейн. Ҳусейн аз бачагияш тарсончак буд. Махсусан аз дарëи пурталотуми Зарафшон сахт метарсид, зеро он ҳар сол чандин нафарро бераҳмона ба коми худ мекашид, Фотеҳу Қадамалӣ чӯберо, ки дарë ба нимасоҳил партофта буд, ба соҳил мебарорем гуфта ғарқ шуданд, Ғуломиддин оббозӣ карду дигар аз об набаромад, Холида бо шавҳараш ҷанҷол карда, худро рост ба ана ҳамин дарë партофт. Хидири ҷавон бузашро наҷот доду худаш ба коми дарë рафт. Эҳ, чӣ қадар ҳамқишлоқиҳоро дар кашид ин дарë. Дарë, дарë бераҳм ҳастӣ ту, хунхор ҳастӣ ту, ақида дошт Ҳусейн. Ҳусейн ҳеҷ вақт ба осиëб танҳо намерафт. Барои он, ки ба осиëб бирасад, бояд аз ана ҳамин дарë аз болои потоба мегузашт. Потобаи ларзонак. Ҳусейн ҳамеша ë бо хирвориëн ë бо кӯҳравҳо ҳамроҳ мешуд. Ҳамин ки ба дарë наздик мешуданд, онҳо аз дасташ дошта шӯхӣ мекарданд: -Ҳусейнро ба дарë партоем як оббозӣ кунад-чӣ? -Маро напартоед бобоҷон, бобоҷон маро напартоед, тағоҷон, ман осиёб пеши додом меравам, ман нағз, нағз гӯëн илтиҷо мекард … Мардуми деҳа такопӯ дошт, қариб ҳама ба дарë бо умед нигоҳ мекарданд. Об ҳамоно баланд мегашт, бо шиддат лаппиш мехӯрд, зардолузорону, шафтолузоронро решакан карда буд. Ҳамон потобае, ки деҳотиëнро бо дили се такоб - Такоби Сор, Такоби Ҷуфт, Такоби Миëна ва осиёб мепайваст, кайҳо парчҳояш канда шуда, болои об ба самти мавҷ ҳаракат карда, гоҳ ба ин тарафу гоҳ ба он тараф мезаданд худро. Мӯйсафедон зери лаб дуо мехонданд. Воҳима зӯр буд. Ҳусейн худро ба баландии Қалъа зад. Аз он ҷо аз Қалъаи таърихӣ осиёби падараш баръало ба чашм мерасид. Ӯ шикам ба замин партофт, оҳи сарде кашид. "Ҳа-а, ана, бомаш ҳам паноҳ шудааст, садаи зебое, ки бобоям Убайдулло панҷоҳ шаст сол қабл шинонда буд, дигар худнамоӣ намекунад. Фақат чанд шоху барги он менамуду бас. Агар падар дар ҳаëт мебуд, ин даҳшат, ин бадбахтиро дида аз ҳуш мерафт. Худо дид, ки дигар осиëб нолозим аст, онро аз байн бурданӣ шуд. Шояд додом намемурд, то ҳол сангҳои осиëб гардиш мекарданд, шояд Худо раҳмашро мехӯрд. Онгоҳ ман то имрӯз кулчаи гарм мехӯрдам, додом думбура менавохту ман суруд мехондам. Баъд нарм-нарм сарамро сила мекарду манро болои зонуяш хоб мебурд. Эҳ, додоҷон, очаҷонамро ҳам аз пасат бурдӣ. Бурдиву маро ҳам якбора сағир сохтӣ. Оë бародар ҷои падарро мегирад? Ман як силаи дасти туро ба ягон чиз иваз нахоҳам кард. Падарҷон то вақте ту зинда будӣ, касе маро таҳқир намекард, девона намегуфт, сӯям санг намепартофт. То вақте очаам зинда буд, либосҳоям тозаву рахти хобам нармакак, болои сарам чойники чой тайëр буд, акнун чӣ? Маро девона мегӯянд, ҳа-а, девона, девона мегӯянд. Овози акояш муаллим Мирубайдуллоҳ Ҳусейнро аз хоб бедор сохт. Баробари чашмонашро кушодан ба осиёб нигоҳ кард, нигоҳ карду ранги рӯяш сафедтоб гардид. Гӯë дасту дилаш аз дунë канда шуд. На об буду на осиëб. Фақат ду санги сафеди болои ҳам, ҳамон сангҳое, ки мудом ғаллаи деҳқононро орд мекарданд, ҳамон садаи ҷонсахт, ки шоху баргҳояш дигар ба осмон не, балки ба замин овезон шуда буданд, худнамоӣ мекарданду бас. Ҳусейн бо лабони парсинбаста дер гоҳ ба сангҳову сада нигарист. Аз чашмонаш қатраҳои ашк ба замин чакиданд. -Худо раҳмамонро хӯрд. Дидӣ, дарë боз ба маҷрои худ равон гашт. Биë, биë, Ҳусейнҷон, ба хона меравем, гурӯсна ҳам мондӣ, рӯзи дароз туро ҷустуҷӯ кардем. Биë гиря бефоида аст, - хоҳиш кард Мирубайдуллоҳ. Баъд аз сари падараш Ҳусейн осиёбро тарк накард. Ҳафтае се-чаҳор маротиба ба хонаи умедаш мерафт, онро давр мезад. Новаи беоб, чархи беҳаракат, дӯли холӣ, сангҳои болои ҳам, охури орд, оташдони беоташ, падару думбура, кулчаву каллақандҳои сӯроху чои пудинагӣ фақат дар хотираш монда буду бас. Боре зери сояи осиëб нишасту пинакаш бурд. Падараш Исмоили осиëббон дар либосҳои сафед ошуфтаҳолу лоғар аз чизе норозӣ пайдо шуд, ба Ҳусейн нигоҳ кард, нигоҳ карду бо ангушташ осиëбро нишон дод. Ҳусейн аз ҷояш хест ва ба падар нигарист: Додо, осиëбро акаам Мирҳофиз аз нав сохт, обод кард, вале нигоҳ кун дарҳояш бастаанд. Осиëби ту акнун ба касе даркор нест, бекор аст ӯ. Магазинҳо пур-пури орд. Ҳоло одамон орди навъи сеюмро намехӯранд. Балки барои гову молашон тарит мекунанд. Медонӣ, додо, дар тӯйҳо чӣ кор мекунанд? Барои эҳтироми меҳмонон нонро бисë мешикананду кам мехӯранд. Дар хотир дорӣ, додо, баъзан дар осиëб кулча мепухтему ба худамон намерасид? Ту бошӣ ҷуръати кулчаи дуюмро пухтан надоштӣ. Аз ҳар хирвор як кулча ҳақ дорам мегуфтӣ. Э-э, он замонҳо гузашт, додо. Ëд дорӣ, Рашиди чутурро. Ҳар боре гандумашро орд мекард, аз назди охур дур намешуд, то ғалла ба об наравад, то мушон ордро нахӯранд, то ки аз ордаш кулча напазем. Сахт буд раҳматӣ. Ҳоло замона дигар шудагӣ, додо. Ин тарафашро ҳам гӯем, осиёб чӣ даркор? Дар ангор ба ғайр аз тамоку чизи дигар ҳам намондааст. Барои реза кардани ин заҳри бадбӯй фабрикаҳои калон сохтаанд. Акнун беморхонаҳо пур-пури касал, бештар занҳо хобанд он ҷой. Боре аз баландии деҳа ба ангор, ба ҳамон ангоре, ки солҳои пеш гандуму ҷав, картошкаву ҷуворӣ, нахӯду лӯбиë, ва харбуза кишт мекарданд, чашм дӯхтам. Ғайр аз тамоку дигар чизе ба чашм нарасид. Офтоб ҳанӯз аз кӯҳӣ баланд теғ накашида, занону духтарон, ва бачаҳо ҳар кадом як ҷӯякӣ тамокузорро байни худ тақсим карданд. Онҳо барги тамокуро якто-якто чиданд, баъд ба ҷуволу халтаҳо, чодарҳо гирифтанд, баъд ба харҳо бор карда, як халтагии дигар сарборӣ ҳам монданду роҳи хонаро пеш гирифтанд. Онҳое хар надоранд, пуштора ë дар фарқи сар бор мекунанд тамокуро. Тамоми сол халқ ҳаминхел азоб мекашад. Ҳамон баргҳоро дар оби равони назди ҳавлияшон мешӯянд, то шакаракаш тоза шавад, ҳар баргро аз тебинасӯзан мегузаронанд. Ҳамелҳои калон-калон пайдо мешаванд. Ба дару девор, байни дарахтон, симчӯбҳо ва хонаҳо овезон мекунанд. Тасфи ҳаво, ки зиëд шуд, ҳавлиҳоро бӯй зер мекунад. Мебинам, ки саросема ҳастӣ, додо? Гӯш кун нақли маро. Охир, ба куҷо мешитобӣ? Чӣ метарсӣ, ки манзилатро намеëбӣ, ë касе ҷангат мекунад, ки дер мондӣ? Натарс, беҳтараш, маро гӯш кун, додо. Ман гапро кашол доданӣ нестам. Медонӣ, ҳамон обе, ки аз тамоку ифлос мешавад, ба куҷо меравад? Рост ба ҷӯи калони қишлоқ. Яъне мардум тамокуоб менӯшанд. Ана ҳамин об, додо, дар тобистони гарм боиси касалиҳои зиëд мегардад, мегӯянд. Ин тамоку он қадар касалии зиëд овард, ки ҳисоб надорад. Бачаҳо сулфа мезананд. Онҳоро кӣ маҷбур кардааст? Тамоку накоранд, тамом вассалом! Маслиҳат дод Исмоил-амак. Намешавад халқ безор шудагию аммо калонҳо намехоҳанд. Намедонам барои чӣ. Дар ҳар ҷамъомад гап мезананду гап мезананд. Чӣ, дар қишлоқ ҳоло ҳам водопровод нест? Ҳанӯз ман зинда будам, ки гап-гапаш буд. Қариб сӣ сол гузашт-ку, бачем? Ҳе, додо, боз сӣ соли дигар мегузараду мардум фораобро хӯрдан мегиранд. Хӯрдан мегиранду касал шудан мегиранд. Дилам ба занҳою кӯдакони леҳа месӯзад. Хайр, ман акнун буду шудам ҳамин. Зан не бача не, бача не як сари қоқи худам. Куҷое шаб шаваду куҷое рӯз шавад, фарқ надорад, додо. Бин як поям мӯзапӯшу яки дигараш калӯшпӯш. Барои ман чӣ фарқ дорад. Ëд дорӣ, худат ҳам пойлуч мегаштӣ. Аз чӣ буд, ки касал ҳам намешудӣ. Рухсораҳоят сурх буданд. Медонӣ сабабашро? Обу ҳавоӣ тоза мехӯрдӣ, додо. Баъд табақ-табақ палавҳои равғанӣ зағиру думба аз туйҳо меомаданд, мезадем. Акнун чӣ, равғани зағирро хоб мебинӣ. Магазинҳо пур аз равғани пахта. Мазза ҳам надорад, охир, пахта ҳам дору мехӯрад-ку! Дар деҳа бошад ягонто ҳам ҷувозхона намондааст. Чандин даҳсола аст, ки дарҳояшон лойшап. Зағир нест, тамокуро ҷувоз карда намешавад... Исмоилӣ осиëббон ба сухангӯии Ҳусейнаш бо диққат гӯш дод, чашмонаш лиққи об шуданд. Кош Ҳусейни ман дар бедори забони гӯë медошт. Кош ӯ девона намебуд. Бечора бачам панҷоҳ соли умраш гузашт. Чӣ дид аз ин дунë? Андеша мекард Исмоил-амак. Ҳамин вақт шамоли сахте вазид. Баргҳои хазонгаштаи сада ба сару рӯи Ҳусейн пош хӯрданд. Ӯ бо таҳлука аз хоб бедор шуд. Чашм ба атроф дӯхт. Торикӣ ҳамаҷоро печонда буд. Фақат чашмакзании ситораҳову зери абрпорае равшании моҳтоб аранге маълум мешуд... Ҳусейн бори дигар чашмонашро бо кафи дастонаш молиш дод. Телпакашро ба сараш монд ва ғарқи андеша гашт. Ӯ фикр мекарду афсӯс мехӯрд, ки ин ҳама хоб будааст. Чанд лаҳзаи гуворо. Лаҳзаҳое буданд, ки дар сӣ соли баъди марги падар насибаш гашт. Ҳусейн боз аз он афсӯс мехӯрд, ки бедор шуду падарашро гум кард. Риштаи сӯҳбати онҳо гусаста гашт. Ва боз забони шикаставу ҳамон Ҳусейни девона. Чӣ қадар хуб будаасту гуворо, кас агар бурро гап зада тавонад. Бо забони модарӣ фикрашро баëн кунад. Сад афсӯс, ки зиëди умраш рафту камаш монд. Худоë! Чаро маро гунг сохтӣ? Чаро маро девона ато кардӣ? Кош дар хоб падарро намедидаму сӯҳбат ҳам намекардам! Эҳ шамол, шамоли бераҳм. Агар ту пайдо намешудиву баргҳоро ба рӯям намезадӣ, сӯҳбати мо шояд давомдор мешуд. Ҳусейн гап заданӣ шуд. Баланд-баланд калимаҳоро талаффуз карданӣ шуд, вале бефоида. Ба ëдаш ошпазӣ деҳа расид, ки Авазбадал ном дошту Бобои дегаш ном мебурд. Лабонашро ҳаракат дод, забонашро аз даҳон берун овард, бо ангуштонаш ламс кард, берун кашид ва боз хост Авазбадал гӯяд, лек боз ҳам Бобои дег талаффуз шуд. Хайр, Бобои дег кайҳо аз олам гузашт, аммо магазинчии деҳа Маҳмудҷон ҳанӯз зинда ва ҷавон аст. Канӣ номи ӯро талаффуз кунам чӣ, аз дил гузаронд Ҳусейн Ӯ овозашро баланд кард, хост Маҳмудҷон гӯяд, ҷале боз Бобои қанд, садо омад аз забонаш. Бобои дег, бобои қанд, бобои об, бобои кӯҳ, бобои мошин, бобои бӯҳ... Ҳама, хоҳ кӯчаку хоҳ бузург, барои Ҳусейн бобоанд... Ҳусейн дида аз осиёб канда, ба Мирубайдуллоҳ нигарист. Чашмони акояш тару дар паҳлӯяш нишаста. Бародарон чанде бо ҳамнигаристанд. Нигоҳҳои самимӣ, маънидор. Сипас ҳамдигарро оғӯш карданд онҳо. Ҳамин вақт Ҳусейн ин оғуши гармро эҳсос кард. Чашмонашро пӯшид. Ӯ Мирубайдуллоҳро сахттар оғуш кард. Мирубайдуллоҳ Ҳусейнро сила сила ва изи ашкро, ки шӯра зада сафед шуда буд, аз рухсораҳои заъфаронӣ Ҳусейн пок кард. Хоки либосҳояшро дудаста афшонида гуфт: Осиëбро об бурда бошад ҳам, шукр кунем, ки деҳаву одамон зарар надиданд. Ана ҳамин мардум зинда бошад ба хотири ту осиëбро аз нав месозанд, Ҳусейнҷон. Онҳо уро дӯст медоранд. Ҳа, додарам, биë, ба хона меравем. Бин, мардум кайҳо аз паси кору бори зиндагиашон шуданд. Ҳама хотирҷамъ, зеро дарë ба маҷрои худ равон гашт... Ду тан ду бародар роҳи қишлоқро пеш гирифтанд. Мирзопулоди Тошбек Рарз, соли 1987
    6 комментариев
    11 классов
    Дӯстони азизи ман! Лутфан, лаҳзае мутаваҷҷеҳ бошед! Чанд сонияи вақти гаронбаҳои худро ба хотири дастгирию пуштибонӣ ва ҳавасманду рӯҳбаланд намудани як варзишгари ҷавони тоҷик, ки нав ба арсаи ҷаҳонии варзиш қадамҳои устувор гузоштааст - додарзодаи ман Илёс Тешаев, ки моҳи ноябри соли равон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ Рим (Италия) ба дарёфти ҷойи аввал шарафёб гаштааст, дареғ надоред. Лутфан, ба сомонаи зерин ворид шуда, ба ҷонибдории Ильяс Тешаев (№3) овоз диҳед. 1 овози арзишманди шумо ӯро ба дарёфти унвони «Варзишгари сол» наздиктар мебарад! Қаблан сипосгузорем. Habiballoh Ismoilov ▶ Исфара Уважаемые друзья! Поддержим нашего брата в голосовании за звание лучшего спортсмена месяца! Ильяс Тешаев в ноябре стал победителем Первенства Мира по панкратиону (Рим, Италия) Для голосования необходимо пройти по ссылке ! http://www.sport48.ru/node/6768
    0 комментариев
    3 класса
    Диёрам обруям ифтихорам!
    6 комментариев
    39 классов
    НЕ ПРОПУСТИТЕ " ДУГОНАХО " | DUGONAHO | "Скетч-шоу" - Сезон 6. Выпуск / 10
    1 комментарий
    0 классов
    Варзиш гарави саломатист! Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардонии варзиш дар деҳаи Рарзи ҷамоати деҳотӣ Рарз машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
    2 комментария
    18 классов
    ПИРОНИ БАРНОДИЛИ РАРЗ (Қиссаи як сурати дастаҷамъӣ) Ба тўли солиёни фаъолияти рўзноманигорӣ ба ман муяссар шудааст, ки бо бисёр нависандагон, олимон, арбобони фарҳанг мулоқот намоям. Яке ба идораи рўзномаю маҷаллаҳо дастхати мақолаи худро биёрад, бо дигаре ман мусоҳиба таҳия мекардам. Бо ҳамин роҳ боре ба шарқшиноси маъруф Камол Айнӣ шиносо шудам. Ба мо, рўзноманигорон фазилату фарҳанги баланд ва рафтору одоби ашрофии ў хеле писанд меомаданд. Ў ҳофизаи қавию нодир ва нутқи фасеҳу равшан дошта, дар бораи воқеоти солҳои гузашта соатҳои тўлонӣ ва бо ҷўшу хурўш ҳикояти шавқангез карда, аз умри падари бузургвори худ–устод Айнӣ, инчунин дигар шахсиятҳои таърихӣ, ки солҳои гуногун ба роҳи қисмат бо онҳо мулоқот доштааст, далелҳои аҷоиби номаълум ва лавҳаҳои марғубе баён менамуд. Як рўз зимни суҳбат вай воқиф гашт, ки ман аслан аз деҳаи куҳистони болооби Зарафшон -Рарз ҳастам ва аз ин ба ҳайрат омад. Маълум шуд, ки ў борҳо ба он деҳа рафта, меҳмони дўстони худ будааст. Дар вақташ Сангин ном як марди рарзӣ дар Самарқанд, дар ҳавлии устод Садриддин Айнӣ хизмат намуда, корҳои хоҷагии нависандаро саранҷом медодааст. Камол Айнӣ аз овони кўдакӣ бо ин шахс шиносо гашта, то охири умри Сангин амак ба ин одами накўкор иззату эҳтиром доштааст ва ба хонаи ў, ба Рарз меомадааст. Пас аз чанд муддат ҳини мулоқоти навбатии мо Камол Айнӣ аз портфели калони худ суратеро эҳтиёткорона бароварда, ба ҷониби ман дароз кард. Дар ин сурат ў дар ҳалқаи мўйсафедон акс ёфта буд. –Ҳамқишлоқиҳои худро мешиносӣ?-пурсид Камол Айнӣ. –Инҳо пирамардони барнодили рарзӣ ҳастанд. Аммо эҳтимол дорад, ки ҳоло ягон нафари онҳо дар қайди ҳаёт набошанд. Аз ин сурати тақрибан сӣ сол пеш ҳаваскорона гирифташуда гурўҳи мўйсафедоне ба ман менигаристанд, ки дар умри дуру дарози худ бисёр воқеаҳоро аз сар гузарондаанду чеҳраҳои тоҷиконаи онҳо, ба назарам, гўё аз санги хоро тарошида шуда буданд. Ин кўҳистониёни ба назар оддӣ дар шароити сахти обу ҳавои диёр обутоб ёфта, аз симояшон фурўғи хираду ҳикмат, оромӣ ва эътимодмандӣ метофт. Вале ба он сурат ман ҳар қадар нигоҳ карда бошам ҳам, он рўз ягон нафари онҳоро дуруст нашинохтам. Зеро ман дар самти ҷануби кишвар пой ба арсаи ҳастӣ ниҳодааму ба деҳаи Рарз бошад, дар солҳои бачагию наврасӣ ҳамроҳи падару модар фақат ҳангоми таътили мактабӣ меомадам. Сонитар, пас аз калонсол шудан бо ҳамдиёрони худ — рарзиён бо сабабҳои гуногун вохўрда, бо онҳо хубтар шиносо шудам. Ва дар бораи пирамардони барнодили рарзӣ ҳам бисёр ҳикоятҳои аҷоибу ғароиберо шунидам. Нағз дар ёд дорам, ки падарам номи Эшонхонро, ки дар минтақаи болооби Зарафшон яке аз шахсони хеле соҳибэҳтиром ва бомаърифат буда, дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта фавтидааст, бо ҳурмати хоса ба забон мегирифт. Ў амакбачаи шоири машҳури тоҷик Нақибхони Туғрал буда, ҳамон навъе ки маълум аст, ин шоири рангинхаёл ва равшанзамир бар асари тўҳмати душманон соли 1919 парронда шудааст. Зимнан қисмати Эшонхон ҳам чунин шуданаш мумкин буд, зеро солҳои 30-юм муллоён ва умуман одамони оддӣ ҳам, ки ба хати арабӣ хондаю навишта метавонистанд ва ё дар хонаашон китобҳои куҳанасос доштанд, таҳти таъқиби ҳамаҷониба гирифтор мешуданд. Масалан, яке аз аввалин муаллимони Рарз, дўстдори шўридадили шеъру адаб Миробид Абдураҳмони Ниёзӣ ба ҳамин минвол ҷони худро талаф дода буд. Эшонхон ҳам ба муддати як сол ҳабс шуд. Фақат як воқеаи тасодуфӣ ўро аз талафоти ногузир наҷот дод, ки ин ҳам ба шарофати хислатҳои фарзонаи дилкушодӣ, меҳмоннавозӣ ва дурандешии худи Эшонхон муяссар шуда буд. Чанд сол қабл аз ҳабс гардидани Эшонхон ба деҳаи Рарз якчанд нафар ҷавонмардони рус омаданд, ки худро мутахассисони соҳаи ҷангал муаррифӣ намуда буданд. Эшонхон меҳмонхонаи калону барҳаво дошта, мусофирони ҷангалшиносро ба он ҷо даъват намуд ва тибқи таомули меҳмоннавозӣ иззату икроми зиёде кард. Эшонхон дар замони худ муҳассили мадрасаҳои Самарқанду Бухоро шуда, ба ҳадди аъло одамшинос буд ва тағйироту дигаргуниҳои оламро хуб эҳсос менамуд. Тадриҷан ў пай бурд, ки меҳмонон бо номи ҷангалшиносӣ дар асл арзу тўли маҳал, хусусияти он, вазъи роҳу кўпрукҳоро омўхта истодаанд. Албатта, ин бесабаб набуд. Бар алайҳи дигар минтақаҳои кишвар дар болооби Зарафшон, дар Мастчоҳ ҳокимияти навро қабул кардан намехостанду дар ин атроф босмачиён гаштугузор менамуданд, бинобар ин артиши сурх барои мустаҳкамкунии мавқеи худ имконият меҷуст, ки ба ин қисмати камбағали аҳолӣ ҳусни таваҷҷуҳ дошт. Хуллас, Эшонхони қоматбаланди накўкор ба ҷавонмардони рус маъқул шуд ва онҳо дар рўзи хайрбод тасдиқномаеро бо муҳру имзо ба вай дода, таъкид намуданд, ки вақти зарурат ба намояндагони ҳукумати шўроӣ нишон диҳад. Эшонхон ин ҳуҷҷатро дар байни авроқи Қуръони меросии хонадон гузошта, фақат ҳангоми бандии ҳабсхонаи Хуҷанд будан ба ёд овард. Пас аз он ки хешовандон он санадро пайдо карда, ба масъулини таҳқиқот супурданд, Эшонхон озод шуд. Чи тавре ки аён гашт, дар он ҳуҷҷат сабт шудааст, ки Эшонхон шахси озодфикр буда, ҳукумати шўроиро дастгирӣ менамояд, биноан ба боварию эътимоди мутлақ сазовор аст. Эшонхон умри дуру дарозе дида, бисёр корҳои шоистаеро анҷом дод ва пас аз худ хотираи неке боқӣ гузошт. Дар умри худ ў хутбаи никоҳи садҳо нафар ҷавононро хондааст, аз он ҷумла, соли 1952 волидайни маро низ ҳазрати Эшон никоҳ кардааст. Яке аз писарони Эшонхон –Исломхон олими намоён шуда, ба унвони доктори илмҳои кишоварзӣ ва профессорӣ расидааст. Боре Эшонхон ба Душанбе ба хонаи писараш омада, бо вазири ҳамонвақтаи маорифи халқи Тоҷикистон Рустамбек Юсуфбеков шинос мешавад. Вазир ба пояи баланди олимии Эшонхон, дониши амиқи ў дар соҳаи фиқҳ, фаҳмиши Қуръон, сарфу наҳви арабӣ, инчунин шеърдонию шеършиносиаш мафтун шуда, пешниҳод менамояд, ки дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ кор кунад. Вале Эшонхон ин пешниҳодро эҳтиромона рад мекунад. Ў аз шўру мағали шаҳр канора гирифта, дар деҳаи Рарз оромона зистанро афзалтар мешумурд. Сурати якҷояи пирони барнодили Рарздеҳ, ки эҳтимол бо ташаббуси Камол Айнӣ гирифта шудааст, маро ба олами ёддоштҳо ҳидоят намуда, дар хотираам чеҳраҳо, ҷиҳатҳои фарқкунандаи симоҳои одамонеро эҳё кард, ки ононро дар Рарз ва на танҳо дар ин ҷо ҳамагон бо некӣ ёдоварӣ менамоянд. Пеши чашмонам амаки Муҳаммадназари қоматбаланд бо пайкари серрагу пай ва риши паҳни хурморанги худ гўё зинда гардид. Дар овони ҷавонӣ ў ба мисли бисёр дигар куҳистониён дар Самарқанд мардикорӣ карда, дар ҳамон ҷо дорулфунунҳои хешро сипарӣ намудааст. Бо сиёсат шавқманд гардида, ҳар гуна рўзномаҳо, аз ҷумла рўзномаҳои русӣ мехонд. Тадриҷан ному шарафи ў ҳамчун муборизи устувори адолати иҷтимоӣ машҳур гардида, баъзе саркардагон, хусусан роҳбарони колхоз ва ҷамоат аз амаки Муҳаммадназар метарсиданду аз забони ҳақгўйи ў роҳи гурез меҷустанд. Ин пирамарди якрави хурмоириш бисёр чизҳоро медонист ва дар ҳофизаи қавии худ мустаҳкам нигоҳ медошт. Боре дар рўзномаи маҳаллӣ очерки ман дарҷ гардид, ки корнамоии қумондони дастаи аскарони сурх Яков Спурел (Якоб Спурелуис)-ро ҳикоят мекард, ки миллати вай латиш буда, бисёр солҳо пеш аз ин дар ҳамин мулку макон аз дасти босмачиён ба ҳалокат расидааст. Баъди чопи рўзнома дере нагузашта амаки Муҳаммадназар бо як кас таъйин намудааст, ки ман ҳатман ба назди ў биёям. Маълум мешавад, ки ў шоҳиди он воқеаҳои гузашта буда, дар навиштаҳои ман баъзе иштибоҳҳоро мушоҳида намудааст ва акнун сайъ доштааст, то дар мавзўи ҷанги шаҳрвандӣ дар болооби Зарафшон ба ман лексия бихонад. Ман даъвати чунин шахси муҳтарамро рад карда наметавонистам ва суҳбати ў ҳам шавқангез буд, бинобар ин пас аз ду рўз ба наздаш, ба Рарз омадам. Амаки Муҳаммадназар рўи кати пастакаке нишаста буд ва дар нўки биниаш айнаки мудавваре ниҳода, рўзномаеро бо андаке фосила нигоҳ дошта, ғарқи мутолиа буд. Симои ў ҳамин тавр дар ёди ман нақш бастааст. Ҳанўз дар айёми бачагӣ ман ба хабаргирии бобою бибиам омада, борҳо ба як марди хушмуомилае таваҷҷуҳ кардаам, ки бурути сафеди баҳодуронаашро дар ду бари рўяш тоб дода, аммо дар пайраҳаҳои пасту баланди Рарз болои маркаб ларз-ларзон менишаст. Фақат сонитар ман фаҳмидам, ки ба Насруллохоҷа Баҳодуров- ин одам чунин ному насаб дошт, чи сарнавишти талхе насиб гашта будааст. Ў иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳон буда, ба сутунмўҳраи гарданаш захми вазнине мебардорад, ки дар фарҷоми он пойҳояш фалаҷ мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳама амаки Насруллохоҷа шикастарўҳ нашуда, баъди бозгашт ба Рарз соҳиби оила мешавад ва ба сифати китобдори ҷамоат кор мекунад. Ҳар субҳ аҳли хонааш ўро ба маркаб савор мекарданд, то ба работи марказӣ биравад ва дар он ҷо бо ёрии посбон ба коргоҳаш мерафт. Ба ҳамин васила кораш беш аз сӣ сол то дами вопасини ин одами қавирўҳ ва сарбаланд давом кард. Муҳиддин Қориев ҳам ба ёди ман меояд, ки мисли Нуриддин бародари калонии бобоям Сайфиддин буд. Дар ҷавонӣ ў хеле далеру шуҷоъ буда, бо ҳамнавъони худ гоҳ-гоҳе айёшӣ ҳам мекардааст. Боре дар Самарқанд пас аз чунин айёшӣ хешбобои ман дар хархашаи кўчагӣ ширкат варзида, корди ҳарифи худро бебокона гирифтанӣ шудааст, ки дар ин афту дарафт теғ шоҳраги панҷаи дасташро бурида, якумрӣ маъюб кардааст. Дар баробари ин хислатҳои ростқавлӣ ва масъулиятнокии бобои Муҳиддин ба ҳама маълум буданд. Дар ин хусус воқеае шаҳодат медиҳад, ки онро ман аз мўйсафедони рарзӣ борҳо шунидаам. Муҳиддин як вақтҳо сарпосбони анбори баззози калони самарқандӣ Абрам Калонтаров будааст, ки вай дар байни мардум бештар бо номи Абрами Қалам шуҳрат дошта, дар Русия соҳиби унвони тоҷири унвони аввал будааст. Муҳиддин марди ботану тўш ва таҳамтан буда, бо туфангчаи ҳамоили камараш намуди пурвоҳимае доштааст. Рўзе ҳангоми набудани хўҷаин ба назди Муҳиддин зани хўҷаин омада, талаб мекунад, ки кадом як молро бидиҳад ва ғайричашмдошти вай Муҳиддин молро намедиҳад. Тоҷирзани ранҷида таҳдид менамояд, ки аз болои посбони гарданшах шикоят хоҳад кард ва дар ҳақиқат пас аз бозгашти шавҳар аз сафари дур арзу шикоят мебарад. Аммо тоҷир фақат механдаду мегўяд: «Офарин, Паққос! Инро ман ба вай шадидан амр кардаам, ки бе иҷозатам ба ҳеҷ кас, ҳатто ба хоҳиши генерал-губернатор ҳам аз анборҳо ягон хел бор надиҳад». «Паққос» лақаби Муҳиддин буд, зеро вақти гап задан вай ин вожаро зуд-зуд истифода мекард. Масалан, агар аз ў ягон чизро хоҳиш намоянд, вай дарҳол ҷавоб медодааст: «Ҳеҷ гап не, паққос иҷро мекунем». Ё худ ягон кас ўро ба ҷон расонад, бо ангушти дасти сиҳаташ таҳдид менамудааст: «Ҳоло ист, саратро мегирам, паққос мегирам». Ба ҳамин ваҷҳ ҳатто баъди ба пиронсолӣ расидани Муҳиддин низ ўро Бобои Паққос гўён ном мебурданд. Қисмат борҳо Паққосро ба исканҷаи санҷиш гирифтааст. Солҳои мудҳиши ҷанг хати сиёҳи писари калонии вай -Мирмуҳаммадамин омад, ки дар муҳорибаҳои зидди ғосибони гитлерӣ дар сарзамини Украина ҳалок гардидааст. Вале мўйсафед ҳаргиз чашмдор набуд, ки дар ғуруби ҳаёташ боз як зарбаи хеле пурдаҳшати дигари қисматро мебардорад. Писари хурдии баркамоли ў- Мирзокалон, ки механики, ба ибораи мардум, тиллодасти хоҷагӣ буд ва умеду муттакояш ҳисоб меёфт, гирифтори марги муфоҷот гашт. Баъди ин воқеа Бобои Паққос руҳафтода шуду бо андешаҳои пурандўҳ ин ҷаҳони фониро тарк намуд. Зимнан, аз хонадони мо дар ҷанги дуюми ҷаҳон натанҳо Мирмуҳаммадамин, балки амакбачаҳои ў Нозим ва Нарзӣ Одиловҳо, Қамар Нуриддинов ва падари ман Сайдалӣ Сайфиддинов низ иштирок карда буданд. Нозим ва Қамар аз майдони ҷанг барнагаштанд, Нарзӣ Одил бошад, рўзноманигори машҳур шуда, дар вақташ бо навбат муҳаррири рўзномаҳои навоҳии Варзоб ва Ленин гардидааст. Вақте ки дар бораи мўйсафедони рарзӣ андеша менамоӣ, як чизро дарк месозӣ: афзалияти аз ҳама калони одамӣ, ки бо гузашти солҳо муяссар мешавад, ин дарёфти таҷрибаи зиндагӣ ва хирадмандӣ аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ ва хирадмандӣ моро сабақ меомўзанд, ки ба одамон аз рўи суханашон не, балки мувофиқи амали онҳо баҳодиҳию фақат қишру пардаи болои ашёро надида, мағзу моҳияти ҳақиқиро мушоҳида намоӣ, ҳамчунин водор мекунад, ки бо воқеияти рухдода маҳдуд нашуда, мавҷудияти фардо ва ояндаро низ мадрак бисозӣ. Эҳтимол бо ҳамин сабаб бошад, ки пирамардони Рарз бо вуҷуди бори солҳои паймуда хеле зиндадиланд ва шавқманди ба якдигар ҳазлу шўхӣ кардан мебошанд. Ман ҳамеша мафтуни забони фасеҳу рангини онҳо, маҷозу истиораҳои ғайричашмдошти суханрониашон ҳастам, ки моломоли ҳаҷву истеҳзои намакин аст. Вале баъзан шўхиҳои онон аз ҳама гуна ҳадду ҳудуд мегузаранд, зеро мўйсафедони теззабон басо ҳозирҷавобанд. Ва Худо нигоҳ дорад, ки вақти азкиягўӣ гўё ба падари худ ҳам суханашонро мегўянд. Бо вуҷуди ин пирамардони мо чунон пуртоқатанд, ки ба ҳазлу шўхиҳои таъсирбахштарини ҳамсолони худ тоб меоранд ва дар зимни ин лаҳзаи мувофиқ ҷуста, бо ҳариф бошарафона ҳисобро баробар мекунанд. Мо чун ин мавзўъро ба забон гирифтем, ҳикояти ду ҷўраи ҷонӣ -дўстдорони ҳазлу мазоҳ, шахсони равоншод Ҳамроҳ Фозил ва Шокир Қосимро нагуфта наметавонем, зеро ҳазлу шўхиҳои онон дар Рарз вирди забон гардидаанд. Бояд зикр намоям, ки Шокир Қосим дар вақташ ба сифати прокурор кор карда, хуб дуторнавозӣ менамуду суруд ҳам мехонд. Ў ба нафақа баромада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Боре фасли тобистон ба Рарз омада, аз бемории дўсташ Ҳамроҳ огоҳ мегардаду қарор медиҳад, ки ба аёдати вай биёяд. Ҳамроҳ Фозил аз омадани рафиқи қадимии қадрдонаш бениҳоят хурсанд мешавад ва онҳо соатҳои тўлониро бо суҳбати самимӣ мегузаронанд. Ҳамроҳ–амак меҳмони арҷмандро бо палав, чойи хушбў ва меваҳои лазиз зиёфат мекунад. Ба Шокир Қосим хусусан меваи сершираи тути балхӣ, ки дар ҳавлии Ҳамроҳ–амак рўида буд, хеле маъқул мешавад. Ҳама чиз олиҷаноб буд, вале фардо баробари кафидани чашми рўз Шокир Қосим боз ба хонаи Ҳамроҳ омад. Вай ҳайрон шуда бошад ҳам, сир бой надоду мувофиқи таомул меҳмонро гарму ҷўшон пешвоз гирифт. Сонитар дар омади гап зикр кард, ки аллакай шифо ёфтааст ва ба аёдат омада, саргардон нашавад. –Рости гап, ман барои тутхўрӣ омадам, — гуфт Шокир Қосим ва чунон вонамуд кард, ки ишораро намефаҳмад. –Тути ту чунон ширин, ки дар даҳон ҳалво барин об мешавад. Вай ин суханонро гуфта ба дастархон наздиктар шуд ва бо хушҳолӣ тути ба тозагӣ чидаро хўрдан гирифту косаро зуд холӣ кард. Аммо субҳи рўзи сеюм чун дарвоза кўфта шуду Ҳамроҳ Фозил дар остона боз Шокир Қосимро бидид, ў бо овози баланд набераашро ҷеғ зада, фармуд, ки табарро биёрад. –Ба фикрам, тутро аз бехаш набурем, — шарҳ дод Ҳамроҳ, -аз Шокир халос шуда наметавонем. Шокир Қосим инро шунида, хушҳолона хандид ва ба истиқболи дўст як қадам монда, ўро ба оғўш кашид. Пас аз чанде Ҳамроҳ Фозил ба Душанбе омад ва дар хонаи писараш, ки дар пойтахт мезист, манзил гирифта, ба дидори дўсташ пазмон гашт ва аз пайи ҷустуҷўи рафиқи роздони худ -Шокир Қосим шуд. Дўсташ ўро бо оғўши кушода пешвоз гирифт. Вале аз чӣ бошад, ки як рўз гузашт, рўзи дуюм сипарӣ шуд, рўзи сеюм низ ба поён расид, вале Ҳамроҳ Фозил тарк намудани ин хонаи меҳмоннавозро ба гўшаи хаёл ҳам намеовард. Бар замми ин шабонгаҳон хурроки баланди ў тамоми утоқҳоро фаро гирифта буд. Соҳиби хона чӣ карданашро намедонисту гоҳ-гоҳе ба занаш нигариста китф дар ҳам мекашид. Сипас чизе ба хаёлаш омаду хост, ки адаби Ҳамроҳро бидиҳад. Шомгоҳон Шокир Қосим ба наберааш фармуд, ки ноаён ба ҷои хоби Ҳамроҳ раваду бо миқроз як тарафи буруташро бибуррад. Нақшаи Шокир Қосим одӣ буд: охир меҳмон ҳадди худро донаду оромии хонаашро ин қадар вайрон накунад-дия. Вале агар хафа шавад, ин воқеаи номатлубро ба бетартибии набераи нодон ҳавола намудан мумкин аст. Вале фанду фиреб додани Ҳамроҳ-амак магар осон буд?! Саҳарӣ мўйсафед дар оина чеҳраи худро дида аввал аз ин воқеаи ғайричашмдошт карахт шуд. Аммо сонӣ ба фикраш расид, ки ин найранги навбатии Шокир аст, маънидорона «ҳм» гуфта монд. –Ман акнун чӣ тавр ба кўча бароям? -гуфт ў дастони худро ба ду тараф ёзида. -Охир ҳама ба ҳоли ман механданд. Дигар илоҷ нест, лозим мешавад, ки то баланд шуда ба тарафи бурути дароз баробар гардидани бурути калта интизор будан даркор аст. Бегоҳии ҳамон рўз Шокир Қосим ба наберааш амр кард, ки тарафи дигари бурути Ҳамроҳро низ бибурад. Саҳаргоҳ Ҳамроҳ Фозил боз ба оина нигоҳ карда, хеле зиқ шуд. –Охир худаш чӣ гап?! — боғазаб савол кард ў. -Маро дар ин ҳол кампири худам ҳам намешиносад. Баъд меҳмони нохонда дақиқае хомўшона хаёл карду Шокир Қосимро ба танг оварда, илова намуд: –Шокир, маро кушӣ ҳам, аз ин ҷо намеравам. То ба шакли аввала расидани бурутам чойю нони маро муҳайё мекунӣ. Шокир Қосим фаҳмид, ки найранги ў ба муқобили худаш омадааст, сипас ба тарафи дўсти тадбирдонаш бо ангушт таҳдид карда, якбора қоҳ-қоҳ зада хандид. Пирамардони беқарор ва ҳаётдўсти Рарз чунин хислат доштанд. Онҳо зоҳиран ҳамин тавр менамуданд, вале ботинан айёми сангдил дар дили онҳо осори худро гузошта буд. Ин лаҳзаҳоро ҳам ҳеҷ фаромўш намекунам. Рўзе бобо Сайфиддин, ки синну солаш аз ҳаштод гузашта буд, оҳиста-оҳиста қадам монда, аз ҳота берун баромад, сипас мо аз ў пурсидем: «Бобо ба куҷо меравед?» Ў оҳи сард кашиду гуфт: «Ман ба куҷо ҳам мерафтам? Як роҳ дорам – ба Шифит». Шифит куҳнақабристонест, ки дар поёни деҳаамон воқеъ гардидааст. Ва ҳангоме ки ба истилоҳ, паймонаи умри бобоям, сонитар ҷоми умри падарам ҳам пур шуд, мо онҳоро ба ҳамон ҷо, ба роҳи вопасин гусел намудем. Дар Шифит бисёр дигар мўйсафедони фаромўшнашаванда низ ба хоби абад рафтаанд, ки мо ин сатрҳоро ба хотираи поки онҳо мебахшем. Илоҳо, охирати онон пурнур бод! Аз русӣ тарҷумаи Бахтиёр Муртазоев
    1 комментарий
    10 классов
    Зӣ ҷӯй, ки хурдӣ оби пок, Набояд фиканд сангу хок.
    1 комментарий
    43 класса
    26.06.2019. Имрӯз дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақоми Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дар маркази ноҳия майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва майдонча барои бозии кудакон сохта ба истифода дода шуд.
    0 комментариев
    7 классов
    Салом ба мардуми шарифи Рарз аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ба гурӯҳи мо бипайвандед ва дустонатонро ба ин гурӯҳи Ҷамоати Рарз ва минтақаҳои тобеи он добавить кунед қаблан сипосгузорем https://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupSelectFriendToAdd&st.groupId=54891842437312&st.frwd=on&st.page=1&_prevCmd=altGroupMain&tkn=7493
    3 комментария
    12 классов

Instagram.com/rarzofficial

  • Класс

Instagram.com/ayni.tj

Instagram.com/ayni.tj - 901605846464
Instagram.com/ayni.tj - 901605846464
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё