(Қиссаи як сурати дастаҷамъӣ)
Ба тўли солиёни фаъолияти рўзноманигорӣ ба ман муяссар шудааст, ки бо бисёр нависандагон, олимон, арбобони фарҳанг мулоқот намоям. Яке ба идораи рўзномаю маҷаллаҳо дастхати мақолаи худро биёрад, бо дигаре ман мусоҳиба таҳия мекардам. Бо ҳамин роҳ боре ба шарқшиноси маъруф Камол Айнӣ шиносо шудам.
Ба мо, рўзноманигорон фазилату фарҳанги баланд ва рафтору одоби ашрофии ў хеле писанд меомаданд. Ў ҳофизаи қавию нодир ва нутқи фасеҳу равшан дошта, дар бораи воқеоти солҳои гузашта соатҳои тўлонӣ ва бо ҷўшу хурўш ҳикояти шавқангез карда, аз умри падари бузургвори худ–устод Айнӣ, инчунин дигар шахсиятҳои таърихӣ, ки солҳои гуногун ба роҳи қисмат бо онҳо мулоқот доштааст, далелҳои аҷоиби номаълум ва лавҳаҳои марғубе баён менамуд.
Як рўз зимни суҳбат вай воқиф гашт, ки ман аслан аз деҳаи куҳистони болооби Зарафшон -Рарз ҳастам ва аз ин ба ҳайрат омад. Маълум шуд, ки ў борҳо ба он деҳа рафта, меҳмони дўстони худ будааст.
Дар вақташ Сангин ном як марди рарзӣ дар Самарқанд, дар ҳавлии устод Садриддин Айнӣ хизмат намуда, корҳои хоҷагии нависандаро саранҷом медодааст. Камол Айнӣ аз овони кўдакӣ бо ин шахс шиносо гашта, то охири умри Сангин амак ба ин одами накўкор иззату эҳтиром доштааст ва ба хонаи ў, ба Рарз меомадааст.
Пас аз чанд муддат ҳини мулоқоти навбатии мо Камол Айнӣ аз портфели калони худ суратеро эҳтиёткорона бароварда, ба ҷониби ман дароз кард. Дар ин сурат ў дар ҳалқаи мўйсафедон акс ёфта буд.
–Ҳамқишлоқиҳои худро мешиносӣ?-пурсид Камол Айнӣ. –Инҳо пирамардони барнодили рарзӣ ҳастанд. Аммо эҳтимол дорад, ки ҳоло ягон нафари онҳо дар қайди ҳаёт набошанд. Аз ин сурати тақрибан сӣ сол пеш ҳаваскорона гирифташуда гурўҳи мўйсафедоне ба ман менигаристанд, ки дар умри дуру дарози худ бисёр воқеаҳоро аз сар гузарондаанду чеҳраҳои тоҷиконаи онҳо, ба назарам, гўё аз санги хоро тарошида шуда буданд. Ин кўҳистониёни ба назар оддӣ дар шароити сахти обу ҳавои диёр обутоб ёфта, аз симояшон фурўғи хираду ҳикмат, оромӣ ва эътимодмандӣ метофт.
Вале ба он сурат ман ҳар қадар нигоҳ карда бошам ҳам, он рўз ягон нафари онҳоро дуруст нашинохтам. Зеро ман дар самти ҷануби кишвар пой ба арсаи ҳастӣ ниҳодааму ба деҳаи Рарз бошад, дар солҳои бачагию наврасӣ ҳамроҳи падару модар фақат ҳангоми таътили мактабӣ меомадам. Сонитар, пас аз калонсол шудан бо ҳамдиёрони худ — рарзиён бо сабабҳои гуногун вохўрда, бо онҳо хубтар шиносо шудам. Ва дар бораи пирамардони барнодили рарзӣ ҳам бисёр ҳикоятҳои аҷоибу ғароиберо шунидам.
Нағз дар ёд дорам, ки падарам номи Эшонхонро, ки дар минтақаи болооби Зарафшон яке аз шахсони хеле соҳибэҳтиром ва бомаърифат буда, дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта фавтидааст, бо ҳурмати хоса ба забон мегирифт. Ў амакбачаи шоири машҳури тоҷик Нақибхони Туғрал буда, ҳамон навъе ки маълум аст, ин шоири рангинхаёл ва равшанзамир бар асари тўҳмати душманон соли 1919 парронда шудааст. Зимнан қисмати Эшонхон ҳам чунин шуданаш мумкин буд, зеро солҳои 30-юм муллоён ва умуман одамони оддӣ ҳам, ки ба хати арабӣ хондаю навишта метавонистанд ва ё дар хонаашон китобҳои куҳанасос доштанд, таҳти таъқиби ҳамаҷониба гирифтор мешуданд. Масалан, яке аз аввалин муаллимони Рарз, дўстдори шўридадили шеъру адаб Миробид Абдураҳмони Ниёзӣ ба ҳамин минвол ҷони худро талаф дода буд. Эшонхон ҳам ба муддати як сол ҳабс шуд. Фақат як воқеаи тасодуфӣ ўро аз талафоти ногузир наҷот дод, ки ин ҳам ба шарофати хислатҳои фарзонаи дилкушодӣ, меҳмоннавозӣ ва дурандешии худи Эшонхон муяссар шуда буд.
Чанд сол қабл аз ҳабс гардидани Эшонхон ба деҳаи Рарз якчанд нафар ҷавонмардони рус омаданд, ки худро мутахассисони соҳаи ҷангал муаррифӣ намуда буданд. Эшонхон меҳмонхонаи калону барҳаво дошта, мусофирони ҷангалшиносро ба он ҷо даъват намуд ва тибқи таомули меҳмоннавозӣ иззату икроми зиёде кард. Эшонхон дар замони худ муҳассили мадрасаҳои Самарқанду Бухоро шуда, ба ҳадди аъло одамшинос буд ва тағйироту дигаргуниҳои оламро хуб эҳсос менамуд. Тадриҷан ў пай бурд, ки меҳмонон бо номи ҷангалшиносӣ дар асл арзу тўли маҳал, хусусияти он, вазъи роҳу кўпрукҳоро омўхта истодаанд. Албатта, ин бесабаб набуд. Бар алайҳи дигар минтақаҳои кишвар дар болооби Зарафшон, дар Мастчоҳ ҳокимияти навро қабул кардан намехостанду дар ин атроф босмачиён гаштугузор менамуданд, бинобар ин артиши сурх барои мустаҳкамкунии мавқеи худ имконият меҷуст, ки ба ин қисмати камбағали аҳолӣ ҳусни таваҷҷуҳ дошт.
Хуллас, Эшонхони қоматбаланди накўкор ба ҷавонмардони рус маъқул шуд ва онҳо дар рўзи хайрбод тасдиқномаеро бо муҳру имзо ба вай дода, таъкид намуданд, ки вақти зарурат ба намояндагони ҳукумати шўроӣ нишон диҳад. Эшонхон ин ҳуҷҷатро дар байни авроқи Қуръони меросии хонадон гузошта, фақат ҳангоми бандии ҳабсхонаи Хуҷанд будан ба ёд овард. Пас аз он ки хешовандон он санадро пайдо карда, ба масъулини таҳқиқот супурданд, Эшонхон озод шуд. Чи тавре ки аён гашт, дар он ҳуҷҷат сабт шудааст, ки Эшонхон шахси озодфикр буда, ҳукумати шўроиро дастгирӣ менамояд, биноан ба боварию эътимоди мутлақ сазовор аст.
Эшонхон умри дуру дарозе дида, бисёр корҳои шоистаеро анҷом дод ва пас аз худ хотираи неке боқӣ гузошт. Дар умри худ ў хутбаи никоҳи садҳо нафар ҷавононро хондааст, аз он ҷумла, соли 1952 волидайни маро низ ҳазрати Эшон никоҳ кардааст.
Яке аз писарони Эшонхон –Исломхон олими намоён шуда, ба унвони доктори илмҳои кишоварзӣ ва профессорӣ расидааст. Боре Эшонхон ба Душанбе ба хонаи писараш омада, бо вазири ҳамонвақтаи маорифи халқи Тоҷикистон Рустамбек Юсуфбеков шинос мешавад. Вазир ба пояи баланди олимии Эшонхон, дониши амиқи ў дар соҳаи фиқҳ, фаҳмиши Қуръон, сарфу наҳви арабӣ, инчунин шеърдонию шеършиносиаш мафтун шуда, пешниҳод менамояд, ки дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ кор кунад. Вале Эшонхон ин пешниҳодро эҳтиромона рад мекунад. Ў аз шўру мағали шаҳр канора гирифта, дар деҳаи Рарз оромона зистанро афзалтар мешумурд.
Сурати якҷояи пирони барнодили Рарздеҳ, ки эҳтимол бо ташаббуси Камол Айнӣ гирифта шудааст, маро ба олами ёддоштҳо ҳидоят намуда, дар хотираам чеҳраҳо, ҷиҳатҳои фарқкунандаи симоҳои одамонеро эҳё кард, ки ононро дар Рарз ва на танҳо дар ин ҷо ҳамагон бо некӣ ёдоварӣ менамоянд.
Пеши чашмонам амаки Муҳаммадназари қоматбаланд бо пайкари серрагу пай ва риши паҳни хурморанги худ гўё зинда гардид. Дар овони ҷавонӣ ў ба мисли бисёр дигар куҳистониён дар Самарқанд мардикорӣ карда, дар ҳамон ҷо дорулфунунҳои хешро сипарӣ намудааст. Бо сиёсат шавқманд гардида, ҳар гуна рўзномаҳо, аз ҷумла рўзномаҳои русӣ мехонд. Тадриҷан ному шарафи ў ҳамчун муборизи устувори адолати иҷтимоӣ машҳур гардида, баъзе саркардагон, хусусан роҳбарони колхоз ва ҷамоат аз амаки Муҳаммадназар метарсиданду аз забони ҳақгўйи ў роҳи гурез меҷустанд. Ин пирамарди якрави хурмоириш бисёр чизҳоро медонист ва дар ҳофизаи қавии худ мустаҳкам нигоҳ медошт.
Боре дар рўзномаи маҳаллӣ очерки ман дарҷ гардид, ки корнамоии қумондони дастаи аскарони сурх Яков Спурел (Якоб Спурелуис)-ро ҳикоят мекард, ки миллати вай латиш буда, бисёр солҳо пеш аз ин дар ҳамин мулку макон аз дасти босмачиён ба ҳалокат расидааст. Баъди чопи рўзнома дере нагузашта амаки Муҳаммадназар бо як кас таъйин намудааст, ки ман ҳатман ба назди ў биёям. Маълум мешавад, ки ў шоҳиди он воқеаҳои гузашта буда, дар навиштаҳои ман баъзе иштибоҳҳоро мушоҳида намудааст ва акнун сайъ доштааст, то дар мавзўи ҷанги шаҳрвандӣ дар болооби Зарафшон ба ман лексия бихонад. Ман даъвати чунин шахси муҳтарамро рад карда наметавонистам ва суҳбати ў ҳам шавқангез буд, бинобар ин пас аз ду рўз ба наздаш, ба Рарз омадам. Амаки Муҳаммадназар рўи кати пастакаке нишаста буд ва дар нўки биниаш айнаки мудавваре ниҳода, рўзномаеро бо андаке фосила нигоҳ дошта, ғарқи мутолиа буд. Симои ў ҳамин тавр дар ёди ман нақш бастааст.
Ҳанўз дар айёми бачагӣ ман ба хабаргирии бобою бибиам омада, борҳо ба як марди хушмуомилае таваҷҷуҳ кардаам, ки бурути сафеди баҳодуронаашро дар ду бари рўяш тоб дода, аммо дар пайраҳаҳои пасту баланди Рарз болои маркаб ларз-ларзон менишаст. Фақат сонитар ман фаҳмидам, ки ба Насруллохоҷа Баҳодуров- ин одам чунин ному насаб дошт, чи сарнавишти талхе насиб гашта будааст. Ў иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳон буда, ба сутунмўҳраи гарданаш захми вазнине мебардорад, ки дар фарҷоми он пойҳояш фалаҷ мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳама амаки Насруллохоҷа шикастарўҳ нашуда, баъди бозгашт ба Рарз соҳиби оила мешавад ва ба сифати китобдори ҷамоат кор мекунад. Ҳар субҳ аҳли хонааш ўро ба маркаб савор мекарданд, то ба работи марказӣ биравад ва дар он ҷо бо ёрии посбон ба коргоҳаш мерафт. Ба ҳамин васила кораш беш аз сӣ сол то дами вопасини ин одами қавирўҳ ва сарбаланд давом кард.
Муҳиддин Қориев ҳам ба ёди ман меояд, ки мисли Нуриддин бародари калонии бобоям Сайфиддин буд. Дар ҷавонӣ ў хеле далеру шуҷоъ буда, бо ҳамнавъони худ гоҳ-гоҳе айёшӣ ҳам мекардааст. Боре дар Самарқанд пас аз чунин айёшӣ хешбобои ман дар хархашаи кўчагӣ ширкат варзида, корди ҳарифи худро бебокона гирифтанӣ шудааст, ки дар ин афту дарафт теғ шоҳраги панҷаи дасташро бурида, якумрӣ маъюб кардааст. Дар баробари ин хислатҳои ростқавлӣ ва масъулиятнокии бобои Муҳиддин ба ҳама маълум буданд.
Дар ин хусус воқеае шаҳодат медиҳад, ки онро ман аз мўйсафедони рарзӣ борҳо шунидаам. Муҳиддин як вақтҳо сарпосбони анбори баззози калони самарқандӣ Абрам Калонтаров будааст, ки вай дар байни мардум бештар бо номи Абрами Қалам шуҳрат дошта, дар Русия соҳиби унвони тоҷири унвони аввал будааст. Муҳиддин марди ботану тўш ва таҳамтан буда, бо туфангчаи ҳамоили камараш намуди пурвоҳимае доштааст. Рўзе ҳангоми набудани хўҷаин ба назди Муҳиддин зани хўҷаин омада, талаб мекунад, ки кадом як молро бидиҳад ва ғайричашмдошти вай Муҳиддин молро намедиҳад. Тоҷирзани ранҷида таҳдид менамояд, ки аз болои посбони гарданшах шикоят хоҳад кард ва дар ҳақиқат пас аз бозгашти шавҳар аз сафари дур арзу шикоят мебарад. Аммо тоҷир фақат механдаду мегўяд: «Офарин, Паққос! Инро ман ба вай шадидан амр кардаам, ки бе иҷозатам ба ҳеҷ кас, ҳатто ба хоҳиши генерал-губернатор ҳам аз анборҳо ягон хел бор надиҳад».
«Паққос» лақаби Муҳиддин буд, зеро вақти гап задан вай ин вожаро зуд-зуд истифода мекард. Масалан, агар аз ў ягон чизро хоҳиш намоянд, вай дарҳол ҷавоб медодааст: «Ҳеҷ гап не, паққос иҷро мекунем». Ё худ ягон кас ўро ба ҷон расонад, бо ангушти дасти сиҳаташ таҳдид менамудааст: «Ҳоло ист, саратро мегирам, паққос мегирам».
Ба ҳамин ваҷҳ ҳатто баъди ба пиронсолӣ расидани Муҳиддин низ ўро Бобои Паққос гўён ном мебурданд.
Қисмат борҳо Паққосро ба исканҷаи санҷиш гирифтааст. Солҳои мудҳиши ҷанг хати сиёҳи писари калонии вай -Мирмуҳаммадамин омад, ки дар муҳорибаҳои зидди ғосибони гитлерӣ дар сарзамини Украина ҳалок гардидааст. Вале мўйсафед ҳаргиз чашмдор набуд, ки дар ғуруби ҳаёташ боз як зарбаи хеле пурдаҳшати дигари қисматро мебардорад. Писари хурдии баркамоли ў- Мирзокалон, ки механики, ба ибораи мардум, тиллодасти хоҷагӣ буд ва умеду муттакояш ҳисоб меёфт, гирифтори марги муфоҷот гашт. Баъди ин воқеа Бобои Паққос руҳафтода шуду бо андешаҳои пурандўҳ ин ҷаҳони фониро тарк намуд.
Зимнан, аз хонадони мо дар ҷанги дуюми ҷаҳон натанҳо Мирмуҳаммадамин, балки амакбачаҳои ў Нозим ва Нарзӣ Одиловҳо, Қамар Нуриддинов ва падари ман Сайдалӣ Сайфиддинов низ иштирок карда буданд. Нозим ва Қамар аз майдони ҷанг барнагаштанд, Нарзӣ Одил бошад, рўзноманигори машҳур шуда, дар вақташ бо навбат муҳаррири рўзномаҳои навоҳии Варзоб ва Ленин гардидааст.
Вақте ки дар бораи мўйсафедони рарзӣ андеша менамоӣ, як чизро дарк месозӣ: афзалияти аз ҳама калони одамӣ, ки бо гузашти солҳо муяссар мешавад, ин дарёфти таҷрибаи зиндагӣ ва хирадмандӣ аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ ва хирадмандӣ моро сабақ меомўзанд, ки ба одамон аз рўи суханашон не, балки мувофиқи амали онҳо баҳодиҳию фақат қишру пардаи болои ашёро надида, мағзу моҳияти ҳақиқиро мушоҳида намоӣ, ҳамчунин водор мекунад, ки бо воқеияти рухдода маҳдуд нашуда, мавҷудияти фардо ва ояндаро низ мадрак бисозӣ.
Эҳтимол бо ҳамин сабаб бошад, ки пирамардони Рарз бо вуҷуди бори солҳои паймуда хеле зиндадиланд ва шавқманди ба якдигар ҳазлу шўхӣ кардан мебошанд. Ман ҳамеша мафтуни забони фасеҳу рангини онҳо, маҷозу истиораҳои ғайричашмдошти суханрониашон ҳастам, ки моломоли ҳаҷву истеҳзои намакин аст. Вале баъзан шўхиҳои онон аз ҳама гуна ҳадду ҳудуд мегузаранд, зеро мўйсафедони теззабон басо ҳозирҷавобанд. Ва Худо нигоҳ дорад, ки вақти азкиягўӣ гўё ба падари худ ҳам суханашонро мегўянд. Бо вуҷуди ин пирамардони мо чунон пуртоқатанд, ки ба ҳазлу шўхиҳои таъсирбахштарини ҳамсолони худ тоб меоранд ва дар зимни ин лаҳзаи мувофиқ ҷуста, бо ҳариф бошарафона ҳисобро баробар мекунанд.
Мо чун ин мавзўъро ба забон гирифтем, ҳикояти ду ҷўраи ҷонӣ -дўстдорони ҳазлу мазоҳ, шахсони равоншод Ҳамроҳ Фозил ва Шокир Қосимро нагуфта наметавонем, зеро ҳазлу шўхиҳои онон дар Рарз вирди забон гардидаанд.
Бояд зикр намоям, ки Шокир Қосим дар вақташ ба сифати прокурор кор карда, хуб дуторнавозӣ менамуду суруд ҳам мехонд. Ў ба нафақа баромада, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Боре фасли тобистон ба Рарз омада, аз бемории дўсташ Ҳамроҳ огоҳ мегардаду қарор медиҳад, ки ба аёдати вай биёяд. Ҳамроҳ Фозил аз омадани рафиқи қадимии қадрдонаш бениҳоят хурсанд мешавад ва онҳо соатҳои тўлониро бо суҳбати самимӣ мегузаронанд. Ҳамроҳ–амак меҳмони арҷмандро бо палав, чойи хушбў ва меваҳои лазиз зиёфат мекунад. Ба Шокир Қосим хусусан меваи сершираи тути балхӣ, ки дар ҳавлии Ҳамроҳ–амак рўида буд, хеле маъқул мешавад.
Ҳама чиз олиҷаноб буд, вале фардо баробари кафидани чашми рўз Шокир Қосим боз ба хонаи Ҳамроҳ омад. Вай ҳайрон шуда бошад ҳам, сир бой надоду мувофиқи таомул меҳмонро гарму ҷўшон пешвоз гирифт. Сонитар дар омади гап зикр кард, ки аллакай шифо ёфтааст ва ба аёдат омада, саргардон нашавад.
–Рости гап, ман барои тутхўрӣ омадам, — гуфт Шокир Қосим ва чунон вонамуд кард, ки ишораро намефаҳмад. –Тути ту чунон ширин, ки дар даҳон ҳалво барин об мешавад.
Вай ин суханонро гуфта ба дастархон наздиктар шуд ва бо хушҳолӣ тути ба тозагӣ чидаро хўрдан гирифту косаро зуд холӣ кард.
Аммо субҳи рўзи сеюм чун дарвоза кўфта шуду Ҳамроҳ Фозил дар остона боз Шокир Қосимро бидид, ў бо овози баланд набераашро ҷеғ зада, фармуд, ки табарро биёрад.
–Ба фикрам, тутро аз бехаш набурем, — шарҳ дод Ҳамроҳ, -аз Шокир халос шуда наметавонем.
Шокир Қосим инро шунида, хушҳолона хандид ва ба истиқболи дўст як қадам монда, ўро ба оғўш кашид.
Пас аз чанде Ҳамроҳ Фозил ба Душанбе омад ва дар хонаи писараш, ки дар пойтахт мезист, манзил гирифта, ба дидори дўсташ пазмон гашт ва аз пайи ҷустуҷўи рафиқи роздони худ -Шокир Қосим шуд. Дўсташ ўро бо оғўши кушода пешвоз гирифт. Вале аз чӣ бошад, ки як рўз гузашт, рўзи дуюм сипарӣ шуд, рўзи сеюм низ ба поён расид, вале Ҳамроҳ Фозил тарк намудани ин хонаи меҳмоннавозро ба гўшаи хаёл ҳам намеовард. Бар замми ин шабонгаҳон хурроки баланди ў тамоми утоқҳоро фаро гирифта буд. Соҳиби хона чӣ карданашро намедонисту гоҳ-гоҳе ба занаш нигариста китф дар ҳам мекашид. Сипас чизе ба хаёлаш омаду хост, ки адаби Ҳамроҳро бидиҳад.
Шомгоҳон Шокир Қосим ба наберааш фармуд, ки ноаён ба ҷои хоби Ҳамроҳ раваду бо миқроз як тарафи буруташро бибуррад. Нақшаи Шокир Қосим одӣ буд: охир меҳмон ҳадди худро донаду оромии хонаашро ин қадар вайрон накунад-дия. Вале агар хафа шавад, ин воқеаи номатлубро ба бетартибии набераи нодон ҳавола намудан мумкин аст.
Вале фанду фиреб додани Ҳамроҳ-амак магар осон буд?! Саҳарӣ мўйсафед дар оина чеҳраи худро дида аввал аз ин воқеаи ғайричашмдошт карахт шуд. Аммо сонӣ ба фикраш расид, ки ин найранги навбатии Шокир аст, маънидорона «ҳм» гуфта монд.
–Ман акнун чӣ тавр ба кўча бароям? -гуфт ў дастони худро ба ду тараф ёзида. -Охир ҳама ба ҳоли ман механданд. Дигар илоҷ нест, лозим мешавад, ки то баланд шуда ба тарафи бурути дароз баробар гардидани бурути калта интизор будан даркор аст.
Бегоҳии ҳамон рўз Шокир Қосим ба наберааш амр кард, ки тарафи дигари бурути Ҳамроҳро низ бибурад. Саҳаргоҳ Ҳамроҳ Фозил боз ба оина нигоҳ карда, хеле зиқ шуд.
–Охир худаш чӣ гап?! — боғазаб савол кард ў. -Маро дар ин ҳол кампири худам ҳам намешиносад.
Баъд меҳмони нохонда дақиқае хомўшона хаёл карду Шокир Қосимро ба танг оварда, илова намуд:
–Шокир, маро кушӣ ҳам, аз ин ҷо намеравам. То ба шакли аввала расидани бурутам чойю нони маро муҳайё мекунӣ.
Шокир Қосим фаҳмид, ки найранги ў ба муқобили худаш омадааст, сипас ба тарафи дўсти тадбирдонаш бо ангушт таҳдид карда, якбора қоҳ-қоҳ зада хандид.
Пирамардони беқарор ва ҳаётдўсти Рарз чунин хислат доштанд. Онҳо зоҳиран ҳамин тавр менамуданд, вале ботинан айёми сангдил дар дили онҳо осори худро гузошта буд.
Ин лаҳзаҳоро ҳам ҳеҷ фаромўш намекунам. Рўзе бобо Сайфиддин, ки синну солаш аз ҳаштод гузашта буд, оҳиста-оҳиста қадам монда, аз ҳота берун баромад, сипас мо аз ў пурсидем: «Бобо ба куҷо меравед?» Ў оҳи сард кашиду гуфт: «Ман ба куҷо ҳам мерафтам? Як роҳ дорам – ба Шифит».
Шифит куҳнақабристонест, ки дар поёни деҳаамон воқеъ гардидааст. Ва ҳангоме ки ба истилоҳ, паймонаи умри бобоям, сонитар ҷоми умри падарам ҳам пур шуд, мо онҳоро ба ҳамон ҷо, ба роҳи вопасин гусел намудем. Дар Шифит бисёр дигар мўйсафедони фаромўшнашаванда низ ба хоби абад рафтаанд, ки мо ин сатрҳоро ба хотираи поки онҳо мебахшем.
Илоҳо, охирати онон пурнур бод!
Аз русӣ тарҷумаи Бахтиёр Муртазоев
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1