Чуноне аз ояти карима фаҳмида мешавад, ба падару модар на танҳо шафқату меҳрубонӣ, балки
барои шукру сипоси хубиҳои онҳо рӯ ба Худои тавоно оварда, аз Ӯ бихоҳӣ, то ононро мавриди
раҳматаш қарор диҳад, зеро вақте ки онҳо ба ту раҳму шафқат менамуданд, бисёр заифу нотавон
будӣ, ки ҳатто магасеро аз худ наметавонистӣ дур созӣ. Дар ин бобат шайх Саъдӣ мефармояд:
Эй тифл, ки дафъи магас аз худ натавонӣ,
Ҳарчанд ки болиғ шудӣ, охир на ҳамонӣ?
Шукронаи зӯровариву рӯзи ҷавонӣ,
Ин аст, ки қадри падари пир бидонӣ.
Некурафторӣ ба падару модар сабаби ноил шудани фарзанд ба биҳишти ҷовидон аст, аммо оқи
волидайн дар оташи дӯзах хоҳад сӯхт.Дар бораи эҳтироми падару модар ҳар қадар сухан гӯем кам
аст, зеро ин мавзӯъро Худованди пок дар чандин ҷой, бо таваҷҷӯҳи хосе зикр намудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев